
Ҳадаф аз фиқҳи тақдирӣ фатвои масъалаҳоест, ки ҳанӯз ба вуқуъ напайвастааст ва онҳоро ба таври фаразӣ мисол меоранд. Ин навъи фиқҳро фақиҳони аҳли қиёс ва раъй бештар мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор додаанд. Зеро ҳар гоҳ онҳо сабаби аҳкоми собитшударо аз Қуръон ва Суннат муайян менамуданд, ба ин навъи фиқҳ рӯ ба рӯ мешуданд. Пас, фақиҳон масъалаҳоеро, ки ба вуқуъ напайвастааст, мисол меоварданд ва фатво медоданд. Зеро он қиёсу раъйе, ки ба хотири равшану исбот намудани далилҳояшон меоварданд дар дигар масъалаҳои фаразӣ низ кор мефармуданд. Абӯҳанифа ин навъи фиқҳро бисёр мавриди истифода қарор додаст, зеро ӯ аз қиёс бештар кор гирифта, иллатҳои онро аз миёни матни ояту ҳадис берун овардааст. То он ҷое, ки баъзеҳо даъво намудаанд, ки ӯ 60 - ҳазор ва ба баъзе ривоятҳои дигар 300 - ҳазор масъаларо ҳал намудааст. Албатта, рақами аввал муболаға буда, рақами дуюм қобили қабул нест.
Дар китоби «Таърихи Бағдод» омада, ки чун Қаттода ба Кӯфа омад. Имом Абӯҳанифа (р) ба наздаш рафта аз ӯ пурсид: Эй Абӯлхаттоб, агар шавҳари зане солиёни дароз ғайб занад ва он зан гумон кунад, ки шавҳараш фавтидааст ва шавҳари дигар кунад, сипас шавҳари аввалаш боз гардад, дар маҳри ӯ чӣ мегӯед?» Пеш аз ин суол ба ёрони худ гуфта буд: «Агар ҳадисе дар ин масъала гӯяд, дурӯғ гуфтааст, ва агар аз фикри худ гӯяд, хато кардааст». Қаттода аз Абӯҳанифа (р) пурсид: «Оё ин воқеа рух додаст? Абӯҳанифа гуфт: «На». Қаттода гуфт: «Пас чаро аз он масъалае, ки ба вуқӯъ напайвастааст, мепурсӣ?» Абӯҳанифа (р) гуфт: «Мо пеш аз вуқӯи ҳодиса омодагӣ мегирем. Чун он ҳодиса рух дод, чи гуна дохил шудану берун шудан аз онро медонем».
Ин равиши Абӯҳанифа дар фиқҳи тақдирию фаразӣ натиҷаи фаҳмиши амиқи ӯ аз матни Қуръону Суннат аст, ки ба ҷорӣ сохтани умумияти матн амал карда, дар ҳар масъалае, ки иллати он ёфт мешуд, ҳукмро таъмим мекард. Аз ин хотир, фиқҳи тақдирӣ бо раъй ва қиёс ҳамзамон аст.
Ҳаҷавӣ даъво менамояд, ки аввалин шахсе, ки фиқҳи тақдириро асос гузоштааст, Имом Абӯҳанифа (р) аст. Ӯмегӯяд: «Фиқҳ дар замони Паёмбар (с) баёни он ҳукме буд, ки феълан ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо баъди вафоти Паёмбар (с) саҳобагон ва табақаҳои болоӣ ва поёнии тобиъин он аҳкомро, ки феълан дар замонашон воқеъ шуда буд, баён мекарданд ва аҳкоми пеш аз замони худро аз бар мекарданд. Пас фиқҳ нумӯ ёфт ва масоили гуногуни он зиёд шуд. Аммо Абӯҳанифа (р) ягона шахсе буд, ки масъалаҳои тақдириро матраҳ намуда, вуқӯи онро пешбинӣ мекард. Аҳкоми масоилро ё ба василаи қиёс бо масъалаҳои воқеъшуда таъйин мекард, ё онро дар умумият дарҷ менамуд, ки сабаби нумӯ ва азамати фиқҳ гардид.
Идома дорад...
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Исоев Насимҷон