
Дар таърихи фарҳанги башарӣ ҳар миллат бо фарҳанги динии хоси худ ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Агарчанде ҳар дин чун унсури фарҳанг барои ҳифзи арзишҳои бунёдии худ то андозае хусусиятҳои иртиҷоӣ, худситоӣ, худафзалшуморӣ дошта, маҳз дар натиҷаи муқовимат ва муқобилати фаъол ба фарҳанги динии мавҷуда, нузулкардаистода, ба буҳронгирифторшуда, ва аз ин нуқтаи назар, марҳилаҳои охирини ҳаёти худро сипарикардаистода арзи ҳастӣ менамояд, бо вуҷуди ин қариб дар ҳамаи онҳо дар ин ё он сатҳ ҷанбаҳои таҳаммулпазирона низ ба мушоҳида мерасанд, ки онҳо бевосита инъикоси шароитҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию фарҳангии муҳите мебошанд, ки дар он дини мазкур интишор ёфтааст.
Агар ба таърихи фарҳанги ниёгони хеш назар андозем, мебинем, ки аҷдодони мо нисбат ба ҳар як халқи дигар бештар таҳаммулпазириро пеша карда будаанд. Бешак таъсири ҳамин фарҳангу оини башардӯстонаи Зардушт будааст, ки инъикоси онро мо дар муносибати Куруши Кабир нисбат ба дигар халқҳо ва оини онҳо мушоҳида менамоем. Воқеан ҳам агар ба таърихи фарҳанги диндории мардуми ориёинажод дар даврони ҳукмронии Куруши Кабир назар андозем, мебинем, ки фарҳанги мазкур аз ҷумлаи таҳаммулпазиртарин ва дунявитарин фарҳанг ба назар мерасад. Дар Эъломияи Куруш, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур асту дар яке аз мақолаҳои пурмуҳтавои сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ дар аҳди Ҳахоманишиён» оварда шудааст, амалан татбиқ шудани таҳаммулпазирӣ ҳамчун принсипи муҳими дунявият дар ҷомеа аллакая дар асри VI пеш аз милод бисёр равшану возеҳ ба чашм мерасад. Куруш дар Эъломияи хеш гуфтааст: «Вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд.Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард.Пошоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул ба пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад…ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоеро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».. Бояд эътироф намуд, ки дар ин гуфтаҳои Куруш шакли олӣ ва барҷастаи зуҳури дунявият ҳам ба маънои маҳдудаш, яъне эътироф ва таъмини баробарҳуқуқии эътиқодии одам ва ҳам ба маънои васеяш, яъне ҳамчун роҳандозӣ намудани фаъолияти созандагӣ ва таъмини ободӣ ва сулҳу оромиш дар ҷомеа ба мушоҳида мерасад. Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эъломияи мазкурро мавриди баррасии амиқи илмӣ қарор дода, ба чунин хулосаи воқеан ҳам дақиқу одилона расидаанд: «Ин эъломияи башардӯстона, ки метавон нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва гузашта аз ин эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони гуногунмиллату мухталифоин шумурд, аз тамаддуни ориёӣ сарманшаъ гирифтааст. Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути рӯшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард ». Дар воқеъ ҳамин муносибати на танҳо дунявигароёна ва таҳаммулпазирона, балки ҳатто комилан башардӯстонаи Куруш (барои барқарорсозии Байтулмуқаддас амр медиҳад) дар нисбати дини яҳудия, сабаб гардидааст, ки вай дар Таврот дар китоби Ишаёи набӣ бо номи массеҳ (наҷотбахш) зикр гардад.
Дар таърихи фарҳанги башарӣ нақши буддоия низ дар рушди афкори таҳаммулгароёна хеле зиёд мебошад. Буддо худ гуфтааст, ки нисбат ба дигар динҳо таҳаммулпазир бояд буд. Муҳаққиқон М.С. Уланов, В.Н. Бадмаев чунин меҳисобанд, ки ҳатто дар ибтидои мавҷудияти худ буддоия бо таҳаммулпазирии худ фарқ менамуд. Моҳиятан Буддо дар таърихи ҷаҳонӣ аввалин шуда принсипи таҳаммулпазирии диниро эълон доштааст, ки тибқи он ҳеҷ кас ҳақ надорад ғояҳои диниро, новобаста ба он ки онҳо чӣ гуна бошараф ва аъло ҳастанд, таҳмил намояд. Тибқи таълимоти Буддо ҳар инсон худ бояд то сатҳи ковишҳои маънавӣ бирасад ва барои дониши муқаддас назди устод ояд. Шахси маънои ҳаётро ҷӯянда ҳақ дорад, ки худ ин ё он таълимотро қабул кунад ё маънавиёти воқеиро мустақилона ҷӯяд. Имрӯз буддоия ба пайравони дигар фарҳанг иҷозат медиҳад, ки аз анъанаҳои фарҳангии худ робитаро наканда, таълимоти буддоро омӯзад ва амалӣ намояд. Далай-лама ба кишварҳои Ғарбро ташриф оварда, пайваста такрор менамояд, ки барои амалӣ намудани буддоия аз таълимоти масеҳия ё яҳудия робитаро кандан шарт нест. Ӯ ба аврупоиён ва америкоиён тавсия медиҳад, ки аз буддоия он ҷойҳоеро бипазиранд, ки бо масеҳия ва яҳудия ихтилоф надоранд. Дар натиҷа дар Ғарб масеҳиёну яҳудиёни зиёде пайдо шудаанд, ки бо амалияи буддоӣ машғул ҳастанд. Ҳамин тавр, устоди машҳури буддоия дар ШМА Сильвия Бурстайн ҳамзамон худро яҳудизани содиқ мешуморад. Бетти Леви, католикзан аз Вайтхаус Стейши мегӯяд: «Рӯзҳои якшанбе одатан пагоҳӣ ман ба калисо меравам, аммо баъди нисфирӯзӣ ба маркази буддоия». Леви чунин меҳисобад, ки ба шарофати омӯзиши буддоия вай масеҳизани хуб шудааст». Ҳамин тавр, буддоия имконияти зиёди таҳаммулпазирӣ дорад, ки ин яке аз сабабҳои интишори васеи он дар Ғарб шудааст.
Новобаста аз ин, дар буддоия оид ба масъалаи таҳаммулпазирӣ мавҷудияти ихтилоф низ қайд мегардад. Пол Фуллер дар бораи имконияти бетаҳаммулӣ дар байни буддоиҳои Шри-Ланка ва Мьянма, пеш аз ҳама ба муқобили мусулмонон масъалагузорӣ намудааст.
Агар ба масъалаи таҳаммулпазирӣ дар масеҳия таваҷҷуҳ кардани шавем, апологетҳои дини мазкур аз китобҳои Марқӯс ва Луқо андешаи «зеро ҳар ки зидди шумо нест, вай тарафдори шумост» (Луқо,9:50; Марқӯс,9:40), аз китоби Юҳанно қиссаи мусоҳибаи Исоро бо зани сомирӣ (4:1-42) ва ҳолати мулоқоти Исоро бо зани зинокарда (8:1-11) ҳамчун нишонаи таҳаммулпазирӣ қайд менамоянд. Онҳо ба саволи «Оё Исо нисбат ба дигар динҳо таҳаммулпазир буд?» ҷавоби рад медиҳанд. Мавқеи онҳо зимни баҳогузорӣ ба дигар динҳо ҳамон мавқеест, ки ба пайравони тамоми динҳо хос аст. Апологети фавқуззикр менависад: «Моро зарур аст, ки мусулмонҳо, ҳиндуҳо, буддоиҳо ва атеистҳоро дӯст дорем, эҳтиром намоем ва ҳатто қадронӣ намоем, лекин ҳамзамон , то он қадаре, ки аз мо вобаста аст, ба онҳо таъсир расонда, даъват намоем, ки ба дини дурӯғини худ аз нав назар андозанд ва масеҳӣ шаванд» . Ин ҷо бори дигар низ таъкид менамоем, ки ҳамаи динҳо аз ҷанбаҳои бетаҳаммулӣ низ холӣ нестанд. Ба таври мисол, ин ҷо аз китоби Матто, боби 10 бандҳои 34-36-ро метавон зикр кард: «Гумон накунед, ки омадаам то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер; зеро, ки омадаам, то одамро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз модаршӯяш ҷудо кунам».
Андешаҳои таҳаммулпазирӣ дар Таврот низ, ки китоби муқаддаси яҳудия маҳсуб меёбад, ба чашм мерасанд. Китобҳои Хуруҷ, Ададҳо(Левит), Такрори шариат шомили муносибати таҳаммулпазирона нисбат ба бегонагон мебошанд. Аз ҷумла, дар китоби Хуруҷ 22:21 гуфта мешавад: «Ва ғарибро фиреб надеҳ, ва ӯро ба танг наовар, зеро ки дар замини Миср ғариб будед.». Матнҳои мазкур ба хотири даъват ба дилсӯзию таҳаммул дар мавъизаҳо дар нисбати онҳое, ки дар муқоиса бо мо қудрати нисбатан камтар доранд, зуд-зуд истифода мегарданд. Масали Аҳди Ҷадид дар бораи алафи бегона, ки дар он гуфта мешавад, ки гандумро аз алафи бегона то ҷамъи ҳосил фарқ кардан душвор аст, ҳамчунин барои ҷонибдорӣ аз таҳаммули динӣ истифода мегардад.
Таҳаммулпазирӣ ба ҷуз эҳтиром ба арзишҳои динии дигар халқҳо боз мантиқан муносибати хушбинона, некбинона, ифодаи эҳсоси ҳамдардию ҳамдилӣ ва некхоҳиро низ ифода менамояд. Зеро, чӣ арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангии дигар халқҳо ва чӣ некхоҳ будан ба онҳо мантиқан сифати ботинии субъекти муносибатро ифода намуда, моҳиятан як ҳадафро дунболагирӣ менамоянд. Дар ҳадафи пайгиришаванда имконияти ҳамзистии мусолиматомез, агарчанде барҷаста набошад ҳам, нуҳуфта аст.
Абдухалилзода К.А.