Дар шароити авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутунд гардидани бархӯрди арзишҳо, махсусан арзишҳои дунявию динии бунёдгаро мақом ва нақши фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ниҳоят бузург арзёбӣ мегардад. Ногузирии ҳамзистии фарҳангҳои гуногун ва зарурати пешбурди ҳаёт инсонро водор сохтааст, ки роҳи созишу муросо ва сабру таҳаммулро коркард намояд ва ба зиндагӣ бо нигоҳи нав – некбинонаю хайрхоҳона назар кунад.
Истилоҳи «таҳаммулпазирӣ» аз ду вожа: калимаи арабии «таҳаммул» ва калимаи тоҷикии «пазируфтан» сохта шудааст. Вожаи арабии «таҳаммул» маъноҳои «бардоштан, ба гардан гирифтан, босабр будан»-ро ифода менамояд. Калимаи «пазируфтан» муродифи «қабул кардан» аст. Ҳамин тариқ, мафҳуми «таҳаммулпазирӣ» ҳолати босабру таҳаммул будани шахс, гурӯҳ, ниҳод, ташкилот ва ё ҷомеаро нисбат ба арзишҳо, фарҳангҳо, ҷаҳонбиниҳо, анъанаҳо, тарзи зиндагӣ ва урфу одати дигар шахс, гурӯҳ, ниҳод, ташкилот ва ё ҷомеаро дар назар дорад. Аз як нигоҳ таҳаммулпазирӣ ба бетафовутӣ наздик менамояд, аммо нашояд онҳоро ҳамвазни ҳамдигар маънидод намуд. Зеро бетафовутӣ маънои муносибати ѓайрифаъоли шахс ва ё ташкилотро нисбат ба арзишҳои бегона ифода менамояд. Яъне, дар бетафовутӣ хомӯш будани амали маърифатии шахс, мушаххасан изҳор накардани ягон навъи эҳсосе дар нисбати фарҳангу ҷаҳонбинии ѓайр ифода меёбад.
Таҳаммулпазирӣ бошад, маънои қабул намудани ҷаҳонбинии ѓайрро низ дар назар надорад. Дар зери мафҳуми мазкур инчунин гузашт кардан ё чашмпӯшӣ кардан низ фаҳмида намешавад. Яъне, аз он набояд чунин маъноро бардошт намуд, ки шахс ё ниҳод нисбат ба беадолатии иҷтимоӣ босабр бошад, аз эътиқоди худ даст кашад, ба эътиқоди дигарон гузашт намояд, ё эътиқоди худро ба дигарон ҳамл намояд.
Дар таҳаммулпазирӣ шахс ё ташкилот нисбат ба фарҳанг ё ҷаҳонбинии ѓайр муносибати маърифатии фаъол зоҳир месозад. Яъне, ҳамчун тарзи муносибат вай фарҳанг аст. Ҳамчун фарҳанг вай маҳсули тафаккури созанда, эҷодкорона ва инсондӯстонаи шахс ё ниҳод дар муқобили амали ѓайр аст. Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ба дигар арзишҳои фарҳангӣ эҳтиром қоил буда, ҳаққи зисти онҳоро мадди назар наменамояд. Чуноне ки ҳастии ба камолрасида аз нигоҳи ҳастишиносӣ дар моҳияти худ ноқисро истисно менамояд, аммо аз нигоҳи маърифатӣ ҳастии худро тавассути маърифати ҳастии ноқис ба қалам медиҳад, фарҳанги таҳаммулпазирӣ низ ҳамчун ҳолати камоли маънавӣ ҳар гуна таҳдиду хатарро аз ҷониби ѓайр мадди назар менамояд. Яъне, шахс, ниҳод ё фарҳанги таҳаммулпазири ҷомеа ба хубӣ дарк мекунад, ки фарҳанг ё ҷаҳонбинии ѓайр ба ӯ қобили қабул нест, бо вуҷуди ин дар нисбати онҳо бошуурона рафтор намуда, онҳоро аз ҳаққи зистан ва фаъолият намудан бенасиб намегардонад. Пас, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ҳамчун сатҳи баланди камоли маънавӣ ё ҷаҳонбинии пешқадами шахс ё ниҳод ба зоҳир мерасад. Чун худ дар камол аст, аз ҳеҷ чиз ҳазар надорад. Агар фарҳанг ё ҷаҳонбинӣ ноқис бошад, вай аз таҳдидҳои танг намудан, фишор овардан, радди маърака шудан, надоштани имконияти рақобатпазирӣ дар ҳазар хоҳад буд. Аз ин нигоҳ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ танҳо ба низомҳои комил, ҷаҳонбиниҳои худкофӣ, принсипҳои илман ва мантиқан коркардшуда ва асоснок, ақлҳои рушдкарда, ниҳоду ташкилотҳои арзишҳояшон мукаммал хос мебошад.
Таҳаммулпазирӣ ҳамчун яке аз унсурҳои асосии принсипи дунявият баромад намуда, моҳияти онро ба таври хос ҷилвагар месозад. Дунявият ба маънои васеъ ва фаҳмиши имрӯза дар баробари эътирофи аҳамияти муайнкунандаи арзишҳои дунявӣ ҳаққи мавҷудияти арзишҳои диниро низ эътироф намуда, барои амалкарди онҳо фазои муносибро боз медорад. Яъне, эътирофи ҳаққи ҳамзистии фарҳангҳои мухталиф, махсусан динҳо ва гузашта аз ин, барои рушди онҳо мусоидат намудан худ арзиш қоил будан ба мақому манзалаи индунёии онҳост. Агарчанде динияти динҳо тавассути унсурҳои мобаъдуттабиӣ ба зоҳир расида, қудсият пайдо мекунад, лекин дар низоми таълимоти худ эътироф намудани қудсияти адёни ѓайр ва барои мавҷудияту фаъолияти онҳо шароит эҳдо намудан аз зуҳури дунявият дар ин дин дарак медиҳад.
Зимни кашф ва таҳқиқи мундариҷаи дунявият ҳамчун мафҳум ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ба осонӣ дар карда мешавад, ки зиндагӣ дар фазои орому осоишта ва сулҳу салоҳ яке аз арзишҳои олии инсонӣ маҳсуб ёфта, шарти асосии пешрафти ҷомеа ба шумор мераванд. Барои ноил гардидан ба чунин арзиш ва сифати зиндагӣ амалкарди таҳаммулпазирӣ ҳамчун унсури асосии принсипи дунявият зарурати аввалиндараҷаи худро ба маъраз мегузорад. Зеро зиндагии орому осоишта тақозо менамояд, ки ҳар як субъекти ҳаёти ҷамъиятӣ, новобаста аз мансубияти этникӣ ё динӣ-мазҳабии худ ба арзишҳои эътиқодии субъекти дигар эҳтиром қоил гардад ва аз ҳар гунна муносибати ихтилофангез нисбат ба онҳо иҷтиноб варзад. Риоя нагардидани талаботи мазкур дар зинаи аввал ба беэҳтиромӣ, дар зинаи дуюм ба таҳқир (дар шакли арзишҳои эътиқодии худро ҳақ ва авло шуморидан) ва дар зинаи сеюм ба инкори арзишҳои эътиқодии ҷониби дигар оварда мерасонад. Оқибатуламр хоҳем дид, ки маҳз ба сабаби риоя нагардидани талаботи таҳаммулпазирӣ яке аз арзишҳои олии низоми дунявӣ – зиндагӣ дар фазои сулҳу дӯстӣ осебпазир мегардад. Осебпазир гардидани фазои сулҳу дӯстӣ, ки ба сабаби риоя нагардидани талаботи таҳаммулпазирӣ падид омад, метавонад ба маҳрум шудан аз аз арзиши олитарини инсоният – ҳаёт сабаб гардад. Дурустии ҳақиқати мазкурро мо дар вазъи сиёсӣ-иҷтимоии иддае аз кишварҳои мусулмоннишин, ки дар он ҷо гурӯҳҳои ифротии бунёдгарои динӣ мавқеи муайянкунанда ва тақдирсоз доранд, равшан мушоҳида менамоем.
Аз ин нуқтаи назар, эътирофи таҳаммулгароӣ ҳамчун унсури асосии принсипи дунявият ва эҳтирому арҷ гузоштан ба он ҳамчун кафили воқеии таъмини сулҳу салоҳ ва дӯстию рафоқат талаби замон буда, ифодаи камоли маънавии субъекти ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳанги башардӯстонаи ӯ ба ҳисоб меравад.
Абдухалилзода К.А.