Наврӯз бимонед, ки айём шумоед!

Наврӯз тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоию табииро дар худ таҷассум намудааст. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки ниёгони мо чунин замони солро рӯзи нав эълон намудаанд, ки дар байни тамоми соли навҳои миллатҳову халқиятҳои гуногун беҳтарин интихоб аст. Ва ин аз завқ ва дониши волои эшон гувоҳӣ медиҳад. Ин ҷашн дили инсониятро боз ба зиндагӣ гарм намуда, дар замири ӯ ҳисси умедро мекорад. Ноумедиҳоро аз байн мебарад.

Наврӯз намоди некист ва он некие, ки намиранда аст. Бо омадани деви зимистон, ки намоди бадист,  гармӣ, ки намоди некист, дар зери замин пинҳон шуда, табиатро зинда нигоҳ медорад ва мо хуб медонем, ки обҳои зеризаминӣ дар зимистон гарманд. Ин некӣ ба хотири пирӯзӣ табиатро дар зери замин ҳам зинда нигоҳ медорад ва дар Наврӯз пирӯз мегардад. 

Бузургии Наврӯз дар ин аст, ки куҳантарин ҷашн ба ҳисоб меравад, ҳатто он таърихи пеш аз зардуштия дорад.  Ҳар ойину фарҳанге, ки баъд аз он омадаанд, ба онҳо таъсир гузоштааст. 

Наврӯз ҳатто ба ислом низ таъсир гузошт, Ислом ҳар ҷоеро, ки фатҳ кард, Наврӯзро бо худ бурд. Паҳн шудани Наврӯз дар Андалус тавассути Зарёбии Эронӣ, ки худ хунёгар буд, мисоли ин гуфтаҳост. Баъзе анъанаҳои наврӯзӣ мо дар ҷашнҳои мусалмонии ҳавзаи Наврӯз хоссатан Тоҷикистон дида мешавад, ки қобили баҳс нест. Мисол, худи идгардаки тифлон ҳамон намоди гулгардонист, додани ҳадяҳо дар рӯзи ид, пок намудани хонаҳо пеш аз ид ва ҳатто дуову фотиҳа дар рӯзи ид, ки ин анъанаҳои мусалмонӣ дар дигар минтақаҳои мусалмоннишине, ки дар ҳавзаи Наврӯз нестанд, дида намешавад.  

Гузаштагони мо ба он хотир ин моҳро фарвардин ном ниҳодаанд, ки тибқи ривоятҳо гӯё дар ин моҳ арвоҳи гузаштагон ба хонаводаи наздиконашон меоянд ва аз зиндаҳо ниёйиш металабанд. Дар баъзе сарчашмаҳо фурӯҳар, ба маънои арвоҳи гузашта омадааст. Аз он ҷо, ки дар ин моҳ арвоҳи гузаштагон меоянд, онро фарвардин, яъне моҳи фурӯҳарҳо  номиданд.

Тамоми донишмандон дар бораи Наврӯз суханҳое гуфтаанд, аз ҷумла Мавлонои бузург ҳамчун рамзи табрикоти наврӯзӣ чунин гуфтааст:

Наврӯз бимонед, ки айём шумоед,

Оғоз шумоеду саранҷом шумоед.

  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Рамазониён Аҳтам 

Яндекс.Метрика