Мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ дар осори адибони тоҷику форс

Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони ”Мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ дар осори адибони тоҷику форс” баргузор гардид. Оид ба масъалаи мазкур  шоир,  коршинос Д Назиров баромад  намуд. Мавсуф аз диди давраҳои  гуногуни таърихӣ дар давлатҳои гуногун ва дар ҳама гуна шароити иҷтимоӣ, пайдо шудани онро таҳлил намуд.

 Аз диди коршинос табиати ифротгароӣ ё бар он асос меёбад, ки  системаи мавҷудаи муносибатхои давлатию ҳукуқиро дар ҷамъият хароб созад  ё барои бетағйир нигоҳ доштани  ин система  равона карда мешавад.  Коршинос бар он ақида аст,  ки  вақте дар асри 1- ум давлати бузурги Рум,  дар Яҳудо ба вуҷуд омад, бо радикализм ру ба ру шуд.  Махсусан дар он  сектаи сикарӣ фаъолона фаолият мекард.  (sika - дар забони  ибрӣ ханҷар ё шамшери кӯтоҳ),  ва фаъолияташ барои несту нобуд кардани намояндагон  табақаи болои ё лидерҳои  яҳудӣ, ки бо румиён ҳамкорӣ мекарданд равона шуда буд. Ҳамин тавр давлат  муддати муайяне дар назди амалҳои зишти ин гурӯҳи экстримистӣ нотавон монд. Дар рафти суханронӣ  коршинос таъкид намуд, ки аввалин ташкилоти террористӣ ҳануз дар Рими Қадим фаъол буданд.  

Дар рафти семинар инчунин кормандони  шуъбаи пажуҳиши исломӣ муосир низ нисбати мавзӯи зикргардида назарҳои илмии худро иброз намуданд. Дар ҳар сурат аз таҳлилҳо бармеояд, ки аввалин ташкилоти террористи  хусусияти динидошта дар мантиқаҳои ѓарбӣ  пайдо шуда баъдан ба шарқи исломӣ интиқол ёфтанд.

 

  Шӯъбаи пажуҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика