«Таърихи Систон» сарчашмаи беназири таърихӣ

Дар асрҳои миёна, ки давраи рушду нуму ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани забону адаби тоҷикон аст, таърихнигории мо низ боландагӣ ёфт ва мо имрӯз бо ифтихор мегӯем, ки ниёгони мо таърихномаҳое навиштанд, ки бо осори дар ин замина нигоштани муаррихони юнонӣ, чинӣ, румӣ, арманӣ ва арабӣ баробарӣ карда, дар мавридҳое аз он ҳам бартару волотар аст.  Муаррихони тоҷик таърихномаҳое ба забонҳои арабиву порсӣ нигошта, дар бахшҳои таърихи умумӣ ва таърихи дудмонӣ асарҳои бузурге нигоштаанд, ки намунаи онро мо дар осори Табарӣ, Балъамӣ, Байҳақӣ, Гардезӣ, Рашидуддин, Ҷувайнӣ ва Мирхонд дида метавонем.

Яке аз шуъбаҳои таърихнигории аҷдоди мо таърихнигории маҳаллӣ будааст, ки чанд омил дар пайдоиш ва равнақи он таъсиргузор будааст. Дар асрҳои IX-XII шаҳру вилоятҳои азиме, ки ниёгони мо зистаанд, мо аз қабили Самарқанд, Бухоро, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот, Хоразм, Рай соҳиби таърихномаҳе ҷудогона гардиданд. Бештари ин осор аз байн рафта, танҳо баъзе аз он то ба рӯзгори мо расидааст. Яке аз чунин таърихномаҳои маҳаллӣ асари  «Таърихи Систон» мебошад, ки муаллифи он номаълум буда, ин аср то ҷое донишномаи таърих, сарзамин ва мардуми Систон мебошад. Китоб бо забони порсӣ нигошта шуда, дар хусуси таърихи бостон ва асримиёнагии қисмате аз Тоҷикзамин манбаи бебаҳои таърихӣ мебошад. 

«Таърихи Систон» хусусан дар бораи замони истилои сарзаминҳои тоҷикнишин аз ҷониби лашкари араб маълумоти нодир дорад. Муаллиф равандаи забт шудани сарзаминашро баён дошта, чанд бор тасарруф ва ғорат гаштани ин диёри куҳанро бодард баён медорад. Ҷафо ва ситами волиёни араб дар «Таърихи Систон» муфассал дарҷ ёфтааст. Дар муқобили режими нобакору истилогар ба по хестани мардуми Систон ва қиёмҳои озодихоҳани тоҷикони ин марзу бумро низ дарҷ кардааст. Агар таърихҳои дигар Ҳамзаи Озаракро як ёгиву саркаш номанд, муаллифи «Таърихи Систон» ӯро як марди сарбаланду айёр ва зулмситезу мардумписанд меномад. Ӯ буд, ки гумоштаҳои фосиди Аббосиёнро аз сарзамини ниёгонаш берун кард ва ба мардум эълон дошт, ки як дирам хироҷ ба Аббосиён надод ва худи ӯ ҳам аз мардум чизе наситонд.

«Таърихи Систон» инчунин роҷеъ ба раванди мусулмоншавии мардуми Систон низ маълумоти нодир дорад. Китоб раванди ба мазҳабҳо ҷудо гаштани дини ислом ва таъсири он ба фазои Систонро низ шарҳ дода, бештар дар хусуси ҷунбиши хориҷиён ва нақши онҳо дар ҳаводиси Систонро баён доштааст. Асари мазкур сарчашмаи нодир доир ба марҳилаҳои такомул ва шукуфоии забони порсии дарӣ дар Систон аст. Аз баракати ин китоб чандин байту ашъори ноб ба ёдгор мондааст, ки муҳимтарини он қасидаи «Модари май»-и устод Рӯдакӣ мебошад. Китоби мазкур бо забонҳои англисӣ ва русӣ тарҷума шуда, соли 2012 дар Тоҷикистон низ аз тарафи Китобхонаи милии Тоҷикистон баргардон ва нашр гардид.

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика