Таҳдиди ифротгароии хушунатомез ба ҳувийяти фарҳангӣ ва миллӣ 2 қисм (ДАВОМ ДОРАД)

 
Чуноне ки гуфтем, дини ислом ба ҳайси идеологияи миллии араб зуҳур ёфта, вазифаи таърихи худ, яъне дар зери парчами идеяи тавҳид пиёда сохтани орзую ормони арабро барои таъсиси давлати ягонаи миллӣ ва хилофат анҷом дод. Барои он ки қабоили гуногунмазҳаб ва аз нигоҳи сиёсӣ парокандаи арабро дар давлати ягона муттаҳид созад, ислом аз ибтидо ба муқобили тарзи хаёти қабилавӣ (асабия) баромада, ваҳдати диниро аз ҳама гуна умумияти иҷтимоӣ-таърихӣ, бавижа авлодӣ-қабилавӣ, боло гузошт.
Идеяи тавҳид (яктопарастӣ) ва таъсиси давлати миллӣ минбаъд барои истилои кишварҳои дигар ва бунёди хилофат низ роҳ кушод. Сипас, барои он ки қавму халқиятҳои дигарро дар асоси идеяи мазкур ва боло гузоштани ваҳдати динӣ (уммат) аз ҳама гуна умумиятҳои иҷтимоӣ-таърихӣ аз нигоҳи шаръӣ асоснок созад, таълимот дар бораи асабияро дар нисбати ҳамаи қавму халқиятҳо татбиқ намуд. Дар ин замина дар ислом консепсияи махсус доир ба миллат ва муносибатҳои миллӣ ташаккул ёфт, ки космополитизми сиёсӣ ҷанбаи муҳими ин консепсия мебошад. Мувофиқи ин консепсия дар ислом на миллат, балки уммат арзиши сиёсӣ касб намуд. Дар робита бо ҳамин масъала уммат бо истилоҳи «ҳаниф», ки маънои яктопараст (мусулмон)-ро дорад, ҳамаъно мебошад. Яъне ҳамаи онҳое, ки ба мисли Иброҳим «ҳаниф» ҳастанд ва аз ӯ пайравӣ мекунанд, дар миллати Иброҳим буда, уммати ягонаро ташкил медиҳанд. Дар ин хусус оятҳои зиёди Қуръон шаҳодат медиҳанд, аз ҷумла: «Ва гуфтанд: «яҳуди ё торсо шавед, то роҳ ёбед», Бигӯ: «Балки ба миллати Иброҳим (пайравӣ мекунем), ки ҳаниф буд ва аз аҳли ширк набуд»»(Бақара,135); «Бигӯ: Худо рост гуфт, пас миллати Иброҳимро, ки ҳанифаш буд ва аз мушрикон набуд, пайравӣ кунед» (Оли Имрон, 95). Ё худ «Иброҳим на яҳудӣ на тарсо буд, балки ҳанифи мусалмон буд. Ва аз ширккунандагон набуд»(Оли Имрон, 67). Ҳамин тавр дар Қуръон 15 маротиба мафҳуми миллат ба маънои уммат (умумияти динӣ), кешу мазҳаб омадааст ва ҳамаи мусулмонон як миллат (уммат)-ро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, тавҳидгароии исломӣ дар образи худои арабӣ Аллоҳ аз ибтидо хусусияти сиёсӣ дошт, ки дар як вақт хусусияти космополитизми сиёсиро касб намуда, орзую ормони арабро доир ба таъсиси давлати миллӣ ва хилофат ифода мекард. Барои он ки ин андеша ҷанбаи амалӣ  касб намояд, ба принсипи бидуни мансубияти қавмию миллӣ ҳамчун умумияти иҷтимоӣ-таърихӣ ва нажод ҳамчун умумияти биологӣ-иҷтимоӣ ва эълон доштани баробарии ҳамаи одамон дар назди Худованд асос ёфт. Дар партави ин таълимоти ислом, ки сирф хусусияти сиёсӣ-идеологӣ дошт, ҳатто динҳои яктопарастии зардуштия, яҳудия ва насрония низ инкор гардиданд. Масалан, дар Қуръон дар мавриди дини насронӣ чунин омадааст: «Ҳамоно касоне кофир шудаанд, ки гуфтаанд: Худо саввуми се (кас) аст. Ва ҳеҷ худое нест, магар худои ягона» (Моида, 73). Вале тааҷҷубовар он аст, ки то ҳол муҳаққиқони таърихи ислому исломшиносон ва сиёсатшиносон ҳангоми баҳо додан ба андешаи космополитикии ислом, ки ҳадафаш аз нигоҳи ақидавӣ асоснок кардани таъсиси хилофати араб буд, ҷанбаи сиёсии исломро сарфи назар карда,  кӯшиш ба харҷ  додаанд ва медиҳанд, ки бо усули таҳрифсозии исломи ибтидоӣ ё бунёдӣ исломро аз араб ҷудо созанд. Умдатарин ҷанбаи космополитизми сиёсии исломро, ки ба инкори умумиятҳои таърихӣ-иҷтимоӣ (авлоду халқу миллат) ва умумиятҳои биологӣ-иҷтимоӣ (нажод) ва афзалият додан танҳо ба умумияти эътиқодӣ (уммат), бидуни баробариҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангӣ асос ёфтааст, дар ояти зерини Қуръон баръало мушоҳида мекунем: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед; Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст» (Ҳуҷурот,13). Парҳезгорӣ дар Қуръон маънои парҳез кардан аз ширк ва шинохти Худои ягонаро дорад. Чуноне ки мебинем, дар ин оят умумияти эътиқодӣ (уммат) аз ҳама гуна қавмияту миллат дар назди Худованд гиромитар аст. Вале қариб ҳамаи муҳаққиқони «исломшинос», ба вижа муҳаққиқони тоҷик, ҳангоми тафсири ояти мазкур қисмати «Ҳароина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумоанд»-ро ё дониста ва ё надониста сарфи назар кардаанд. Баъзе муҳаққиқон бо ҳамин усули таҳрифкорӣ хусусияти сиёсӣ доштани андешаи космополитикии исломро нодида гирифта, ҳатто кӯшидаанд, ки ин таълимоти исломро ҳамчун заминаи муҳими манънавии пайдоиш ва ташаккули миллати тоҷик ба қалам диҳанд.[1]
Хулоса, дар асоси таълимоти ислом доир ба миллат ва идеяи космополитизми сиёсии он, ки ҳама гуна умумиятҳои иҷтимоӣ-таърихӣ (қабила, халқият, миллат) ва биологӣ-иҷтимоӣ (нажод)-ро рад мегардад, муносибати ислому араб ба ҳувийяти миллию фарҳангии халқҳои ғайриараб (аҷам) муайян гардидааст, вале бо афзалият додан ба ислом ҳамчун дини ростин ва комил, ба пайғамбари он ҳамчун хотиматулнабӣ, ба Қуръон ҳамчун муқаддастарин китоби осмонӣ ва ба забони арабӣ ҳамчун забони Қуръон, ки афзалияти арабро аз дигарон таъмин месозанд. Имрӯз таҳдиди ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротии бунёдгаро дар ҷаҳони ислом нисбат ба ҳувийяти фарҳангию миллии халқҳои мусулмону ғайримусулмон аз ҳамин консепсияи ислом доир ба миллат ва космополитизми сиёсии он, ки манофеи арабро дар худ хеле дақиқ инъикос намудааст, сарчашма мегирад.
Аслан таҷрибаи таҳти парчами идеяи муайян таъсис ёфтани давлатҳои миллӣ ва ё империяҳои бузург анъанаи куҳан аст. Масалан, яҳудиён давлати миллии худро дар зери шиори идеяи парастиши худои ягона Яҳво ва «халқи интихобкарда»-и Яҳво будани яҳудиён (ибриён) бунёд кардаанд. Ҳахоманишиёни эронӣ дар раванди таъсис додани империяи худ аз худо Аҳуромаздо мадад пурсида, ғолибияти худро аз нусрати ӯ медонистанд. Александри македонӣ ғолибияти худро аз қудрати худо Зевс медонист ва парастиши ӯро тарғиб карда, ҳатто худро писари Зевс эълон карда буд. Ӯ бо мақсади мардумони империяи худро ба як халқи воҳид табдил додан, занҳои эрониро ба мардони юнонию мақдунӣ издивоҷ кардааст.
Идеяи баробарии одамон аз рӯи мансубияти динӣ дар назди Аллоҳ ба араб имкон дод, ки исломро ҳамчун дини ҳақ, дини ростин эълон карда, дар зимн ба он афзалият қоил шавад ва ҳамаи дину фарҳангҳои ғайриисломиро «бидъат»-у  «куфр», яъне ноҳақ эълон намояд. Ин идея ҳамчун василаи идеологӣ барои аз ҷониби араб истило намудани халқҳои аҷам ва таъсиси Хилофат заминаи ақидавӣ муҳайё сохт. Ҳамин тавр, тобеъияти эътиқодии одамон  дар назди Аллоҳ тобеъияти сиёсии халқҳои истилошударо дар назди араб таъмин сохт. Бинобарон моҳияти идеяи космополитизмро дар ислом инкори ҳувийяти фарҳангию миллӣ ташкил медиҳад. Бинобар он дар партави таълимоти космополитикии ислом таҳдидиу инкор гардидани ҳувийяти фарҳангиву миллии халқҳо, ки дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои бунёдгароии ифротии исломӣ имрӯз аз нав эҳё мегардад, аз Қуръону Суннат сарчашма мегирад. Дар Қуръон омадааст: «Ӯ он (Худо) аст, ки пайғамбари худро ба ҳидоят ва дини рост фиристод, то онро бар ҳамаи динҳо ғолиб кунад, агарчи мушрикон нохӯш шаванд» (Тавба, 33). Хусусияти сиёсӣ доштани космополитизми исломӣ ва дар хизмати араб қарор гирифтани он аз ин оят ошкоро ба мушоҳида мерасад, ки истилои кишварҳои гуногунро, ки соҳиби дину фарҳангҳои мухталифанд, аз ҷониби араб қонунӣ месозад.
Аз сарчашмаҳои исломӣ бармеояд, ки араб доир ба дину фарҳанги тоисломии мардумони эронӣ, бахусус тоҷикон, маълумоти саҳеҳ надошт ва доир ба зардуштия тасаввуроти нодурустро тарғиб мекард. Ҳол он ки Зардушт аввалин шуда, тасаввуротҳои мушрикона ва дугароии ниёгони тоҷикро ислоҳ намуда, танҳо парастиши худои ягона Аҳуромаздоро тарғиб карда, инсонро ӯҳдадор кардааст, ки қувваи шайтонӣ (аҳримани)-ро, ки рамзи бунёди зулмот, торикӣ аст, нобуд созад. Вале дар Қуръон зардуштия бо маҷусия айният дода шуда, ҳамчун дини дугароӣ, яъне эътиқод доштан ба ду Худо, тавсиф ёфтааст. Масалан, «Ситоиш худойро аст, ки осмонҳову заминро офарид ва торикию равшаниро пайдо кард ва боз кофирон ба Парвардигори хеш баробар мекунанд»(Анъом, 1). Дар тафсирҳо омадааст, ки нуру зулмот тасаввуроти маҷусиён аст, ки гӯё нурро Худо ва торикиро шайтон офаридааст.[2] Пайғамбари ислом низ дар яке аз ҳадисҳои худ тамоми мероси гузаштаи халқҳоро, ки ифтихори онҳо буд, инкор кардааст: «Беҳтарин мардум касес, ки ба Худованд нофармонӣ намекунад ва худро аз гуноҳҳо дур медорад. Ҳеҷ яке сурх бар сиёҳ бартарӣ надоранд, магар ба тақво. Мусулмон бародари мусулмон аст. Хуни ҳар як бо дигар баробар аст. Ман тамоми ифтихороти мавҳуми даврони гузаштаро беасос эълон менамоям».[3] Чуноне ки мебинем, паёмбар ифтихороти гузаштаи мардумонро «мавҳум» (тасаввур, хаёлӣ), яъне ғайривоқеӣ дониста, инкор кардааст.
Ҳамин тариқ, ин ақидаҳои исломӣ дар раванди аз ҷониби араб забт кардани кишварҳои гуногун барои халифаҳо ва лашкариёни араб ба ҳайси дастуроти идеологӣ хизмат карда, муносибати ислому арабро нисбати халқҳои истилошуда ва фарҳангу дини онҳо муайян кардаанд. Донишманди араб Ибни Ҳалдун сифатҳои ҷанговарию бераҳмӣ ва ҷоҳилии арабро тавсиф дода, дар асараш «Муқаддима» чунин нақл кардааст: Вақте ки халифа Умар ибни Хаттоб лашкари арабро барои забти Ироқ (ноҳияи ғарби давлати Сосониён) даъват менамояд, қасам ёд карда, чунин гуфтааст: «Ҳиҷоз ба ҳамон андоза хонаи шумо аст, ки он чарогоҳи шумост. Онҳое, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд, ба ягон чизи дигар нерӯ надоранд, ба ҷуз ҳамин чарогоҳ. Ба кадом ҷои наве,ки мераванд, муҳоҷират мекунанд, ин иродаи Аллоҳ аст. «Дар замин сайр кунед», (Қуръон; 6:11). Аллоҳ онро дар Китоби худ, ки ба шумо мерос гузоштааст, ба шумо таъин намудааст».[4] Ё худ ҳангоме, ки Сайид ибни Ваққос ба Эрон лашкар мекашад, халифа Умар ба ӯ дастур додааст, ки китобҳои эрониро «дар об афканад, чи агар он чӣ дар онҳост раҳнамоӣ аст, Худо моро ба раҳнамои аз он беҳтар ҳидоят кардааст ва агар гумроҳӣ аст, ҳудо моро аз шарри он  маҳфуз дошта. Бинобар ин он китобҳо дар об ё дар оташ афкананд ва улуми эрониён, ки дар он кутуб мудаввил буд, аз миён рафт ва ба дасти мо нарасид».[5]
Бинобарон, вақте ки лашкари араб кишварҳои эронзамин ва дигар минтақаҳои оламро истило кард, дар баробари қатлу куштор, тороҷу таҷовуз ва ҷамъ овардани ғанимату таъин намудани андозҳои вазнин, ба мисли «ҷизя», ки дар Қуръону Суннат пешбинӣ шудааст, ҳамчунин ба сӯхтани китобу китобхонаҳо, нобуд сохтани ёдгориҳои таърихӣ, мероси ғании санъату меъморию мусиқӣ, рассомию муҷассамасозӣ, ки барои араби ҷоҳили бадавӣ бегона буд, даст заданд. Ҳатто ҳимоятгари шадиди ислом, донишманди исломии Эрон Муртазо Матаҳҳарӣ  дар китобаш «Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Ирон» бо вуҷуди назариёти донишмандони шинохтаи Эрони муосир Ризозодаи Шафақ, Иброҳим Пурдовуд, доктор Муин ва дигарон, ҳатто далелҳои Абӯрайҳони Берунӣ ва олими араб Ибни Халдунро зери шубҳа гузоштанаш дар ниҳоят эътироф менамояд, ки аз замони халифаи дуюм, яъне Умар ҷилави китоботу таълифи китоб мутобиқи шиори «Моро Қуръон бас аст» ба шиддат гирифта шуд ва ҳар касе даст ба чунин кор мезад, ҷурм дониста мешуд. Мутаҳҳарӣ таъкид месозад, ки ин «мамнуъият то қарни дувум идома ёфт ва дар қарни дувум ба ҳукми ҷабри замон шикаста шуд».[6](яъне то замони инқилоби Абӯмуслими Хуросонӣ). Муаллиф дар идома мегӯяд: «бадеҳист, ки ба худашон лоақал то сад сол иҷозати таълифу тасниф надиҳанд, муҳол аст, ки ба таълифоту таснифоти ақвоми мағлуба иҷозаи идомаи вуҷуд дар ин муддат дода бошанд». …зеро Қуръон носихи ҳамаи кутуб ва ислом носихи ҳамаи адён аст. Пешвоёни шаръи мубин ҳам мутолиаи ҳар китоб ва ҳатто китоби диниро, ғайр аз Қуръон, мамнуъ дошта буданд. Гӯянд рӯзе пайғомбар (с) дар дасти Умар варақае аз Таврот мушоҳида кард ва чунон ғазабнок шуд, ки осори ғазаб дар чеҳраи ӯ ошкор гардид ва онгоҳ гуфт: «Оё шариате дурахшону покиза барои Шумо наёвардам? Ба Худо савганд, агар Мӯсо худ зинда мебуд, роҳе ҷуз пайравӣ аз ман надошт».[7] Хулосаи андешаи паёмбар бар араб ин буд, ки бо омадани Қуръон мусулмонон ба китоби осмонии дигаре ниёз надоранд ва Муҳаммад хотиматуланбиё аст. Ин хулосаҳои қотеъонаи муҳофизаткори ислом М.Мутаҳҳарӣ дар кулл ба таври равшан муносибати ислому арабро ба фарҳангу дини мардумони мусалмоншуда нишон медиҳад.

[1] Боқизода А. Имоми Аъзам (р.а.);Бузургмарди таърихи башарият.Душанбе «Эр-граф», 2009,с.188-192.

[2] Тафсири Ҳусайнӣ. С.207

[3] Эмомалӣ Раҳмон. Дин ва љомеа, Душанбе, «Шарқи озод», 2013, с.357-358

[4] Бациева С.М. Бедуини и горожане в Мукаддиме Ибн Халдуна. //Очерки истории арабской культуры   V-XVвв. М. 1982. С.334

[5] М.Мутањаррӣ. Хадамоти мутақобилаи Ислом ва Ирон. Душанбе , 1999, с. 236

[6] Муртазо Мутаҳҳарӣ. Хадамоти матақобилаи Ислом ва Ирон. С. 237

[7] Ҳамон ҷо. Сањ. 245

Яндекс.Метрика