
М.Кабирӣ дар баромади ахири хеш бидуни андеша ва шарму ҳаё аз Худованду бандааш мегӯяд, ки ташкилоти террористӣ-экстремистии Ихвонулмуслимин ва ҷараёни «Салафия» ба давлат ҳеҷ зарар намерасонанд. Албатта, ӯро фаҳмидан мумкин аст. Чун ӯ аз ҷумлаи шогирдони ду ташкилоти мазкур маҳсуб меёбад, онҳоро безарар маҳсуб медонад. Барои он ки робитаи М.Кабирӣ, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ ҳисобида мешавад, бо ташкилотҳои фавқуззикр собит гардад, ба ёд меорем суханони Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро, раиси вақти ТЭТ ҲНИ-ро, ки гуфта буд: Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуре, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазоиф дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шуда буд. Дар ин маврид, донишҷӯёне, ки муҳассилини мамолики хориҷӣ буданд, ба мо кӯмаки хубе карданд. Кутубу рисолоти пешгомону пешвоёни дину ҳаракатҳои исломии олам Шайх Ҳасани Бано, Саид Қутб ва Муҳаммад Қутб, Саид Ҳавво, Абдулои Мавлудӣ боис гардиданд, ки мо худ роҳ ёбем, тарзу усули муборизаро биомӯзем».
Ин ҷо савол пайдо мешавад, ки он роҳу усули мубориза кадом аст? Барои посух гуфтан ба саволи мазкур ба таърихи фаъолияти Ихвонулмуслимин рӯ меорем. Бо гуноҳи ташкилоти мазкур солҳои 1946-48 дар Миср силсилаи амалҳои террористию зӯроварӣ рух дода, барои амнияти кишвар мушкилоти зиёд эҷод сохтаанд. Аз ҷумла, соли 1948 аз тарафи аъзоёни ташкилот сарвазири Миср Нукраши-пошо ва сардори политсайи шаҳри Қоҳира Салим Закӣ кушта шудаанд. Баъд аз инқилоби 1952 Ихвонулмуслимин бар зидди ҳукумати Ҷамол Абдулносир ҳаракатҳои террористиро авҷ мегиронад. Ва соли 1954 бар ҷони президент Ҷамол Абдулносир сӯиқасд ташкил менамоянд. Соли 1881 ихвониҳо президент Анвар Содотро ба қатл мерасонанд. Соли 2011 ихвониҳо якҷоя бо салафиҳо бар зидди президенти Миср Ҳусни Муборак мубориза бурда, ӯро бо зӯрӣ аз тахт меронанд. Вақте ба сари қудрат намояндаи ихвониҳо Мурсӣ меояд, тамоми ваъдаҳои демократии худро фаромӯш сохта, ҳукумати диктаториро ҷорӣ менамояд. Дере нагузашта халқ ба зулми ихвониҳо тоб наоварда, бар зидди ҳукумати Мурсӣ шӯриш мебардорад, ва онро аз вазифа сарнагун менамояд.
Чӣ хеле ки зикр гардид, дар тамоми амалҳои террористии ихвониҳо салафиҳо онҳоро ҳамроҳӣ намудаанд. Оқибати мудҳиши фаъолияти салафиҳо ташкили ДИИШ аст, ки давлатҳои ороми Ироқу Сурияро ба харобазор мубаддал сохта, ҳазорҳо одамони бегуноҳро қурбон намуданд. Заҳри марговари ихвониҳо ва салафиҳо ба мардуми Тоҷикистон низ расидааст. Салафиҳо дар оғози фаъолияташон дар ҷумҳурӣ аз таҳаммулпазирии мардуми шарифи ҳанафимазҳаб сӯиистифода намуда, дар манотиқи мухталифи кишвар бо мардуми маҳаллӣ задухӯрд ташкил карда буданд.
Вақте дар хусуси зарари ташкилотҳои террористӣ-экстремистии Ихвонулмуслимин ва ҷараёни «Салафия» (пештар ваҳҳобия) сухан меронем, ба ёд овардани худи ташкили ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 кифоя аст. Кабирӣ бо устодони хеш роҳу усули муборизаи ихвониҳоро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, роҳи террорро роҳандозӣ намуд ва як зумра олимону донишмандон ва ходимони шинохтаи давлатиро бо роҳи террор аз ҳаёт маҳрум намуд. Ҷанги таҳмилие, ки бо гуноҳи ваҳҳобиҳо(салафиҳои имрӯза) ва наҳзатиҳо (шогирдони ихвониҳо) сар зад, ғайр аз он ки даҳҳо ҳазор нафарро қурбон намуд, боз пешрафти кишварро ба садсолаҳо қафо партофт. Новобаста аз гузашту бахшишҳои ҳукумат наҳзатиҳо чун устодони ихвонии худ моҳи сентябри соли 2015 бар зидди давлат табаддулот ташкил намуданд. Агарчанде табаддулот ба нокомӣ дучор гардид, чандин нафари бегуноҳ бо айби террористони наҳзатӣ қурбон гардид.
Дар асоси факту рақамҳои овардашуда, ки қатрае аз баҳр маҳсуб меёбанд, чӣ тавр метавон изҳор дошт, ки ихвониҳо ва салафиҳо барои давлат безарар мебошанд? М. Кабирӣ, ки мехоҳад давлати исломӣ бунёд намояд, магар намедонад, ки тибқи таълимоти ислом дурӯғ гуфтан гуноҳи кабира аст? Магар ӯ аз муҳтавои оятҳои 10 аз сураи «Бақара» ва ояти 61 аз сураи «Оли Имрон» бехабар аст? Не, ӯ бехабар нест. Ҳадафи ба даст овардани ҳокимият фармудаҳои Қуръонро дар пасманзараи зершуури ӯ қарор додаанд. Ӯ бо устодон ва ҳамкасбони худ аз ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-ум ва соли 2015 кӯшиш карданд, ки ҳокимиятро ба зӯрӣ ба даст биёранд, аммо кӯшишҳои онҳо барабас рафтанд. Ӯ ба кишварҳои ғарбӣ рӯ оварда, хост тавассути онҳо ҳадафи нопоки худро ҷомаи амал пӯшонад, хушбахтона боз ноком гардид. Ин навбат ӯ мехоҳад бо истифода аз салафиҳо ва Ихвонулмуслимин ба ҳадафи нопоки худ бирасад. Яъне, барои М.Кабирӣ оромию амнияти далату миллат ва тақдири ояндаи онҳо ҳеҷ арзише надоранд. Ӯ нағз медонад, ки ду ҷараёни номбурда ба ҳеҷ миллату давлат то ҳол хушбахтӣ наовардаанд. Аммо ҳадафи нопоки ба ҳокимият соҳиб шуданро аз оромию амнияти миллату давлат авло дониста, мехоҳад онҳоро ҳамчун василаи ба сари қудрат омадан истифода барад. Маҳз ба ҳамин сабаб ин ду ҷараёни дар тамоми ҷаҳон бо аъмоли террористӣ машҳурро М.Кабирӣ барои давлат безарар маҳсуб медонад.
Абдухалилзода Кароматулло