ҶАНБАИ ИҶТИМОИИ ҲАДЯИ ФИТР

Фазои озоди кору зиндагӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои динию мазҳабии кишвари азизи мо тағйироти ҷолибу масарратбахш ворид намудааст. Бояд эътироф кард, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳиронаро тақозо менамояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло ҳам дорад. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон аҳамият диҳанд, аз тақлиди кӯркӯрона, худнамоӣ, булҳавасӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ ҷӯянд.

Додани садақаи фитр, баровардани нисоби закот ва умуман ҳама гуна садақот дар моҳи шарифи Рамазон яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дӯстию муҳаббат дар байни мусулмонон мебошад. Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷӯӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақа дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии барда¬ҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60).

Маънои фитр (Ифтор).  Вожаи «фитр» аз решаи «фатара» ва «фатр» (فَطْرَ و فَطْرَ ) гирифта шуда, дар луғат ба маънои шикоф, таркиш ва кафидагӣ ва ҳамчунин ба маънои масдар: шикофтан, таркиш ба амал овардан ва ғайра мебошад. Ин калима дар ояти 3-юми сураи Мулк «Пас дида (-и худ)-ро бозгардон, оё дар он ҳеҷ шикофе мебинӣ?», ояти 1-уми сураи Инфитор «Вақте осмон шикофта шавад» ва чандин оятҳои дигар ба ин маъно омадааст. Он дар истилоҳи шаръ ба маънои хотима додан ба рӯза ва хӯрдан аст. Иди Фитр ба ин маъност, ки рӯзаи моҳи Рамазон ба поён расида, мавсими даҳон кушодан ва баҳрамандӣ аз неъматҳо фаро расидааст.

Закоти фитр бар ҳар мусулмоне воҷиб аст ба далели ҳадиси ибни Умар (р) ки гуфт: “Паёмбар (с) закоти фитрро, ки як соъ хурмо ё ҷав аст бар ҳар мусулмони барда, озод, мард, зан, хурд ва бузург воҷиб кард ва дастур дод, ки пеш аз хуруҷи мардум ба тарафи намози Ид пардохт шавад” (Бухорӣ, Муслим) .

Инчунин  Абдуллоҳ ибни Умар (р) мефармоянд: “Паёмбар (с) ба додани закоти фитр аз хурд ва бузург, озод ва барда ва касоне, ки нафақаи онҳо бар уҳдаи шумост амр фармудааст”.

Бояд зикр намуд, ки мавридҳои масрафи садақаи фитр бо масрафи закоти амвол баробар аст, аммо беҳтар он аст, ки садақаи фитр ба фуқаро ва нотавонон дода шавад, зеро Паёбар (с) мефармояд: “закоти фитр ризқ ва хӯроке барои масокин ва мустамандон аст” (Сунани Абудовуд, ҳадиси 1827 ва Ибни Моҷа, ҳадиси 1609) .

Соҳиби “Дурру-л-мухтор” мегӯяд: Мавридҳои масрафи закоти фитр бо мавридҳои масрафи закоти амвол дар тамоми мавридҳо яксон аст. Фатовои Шомӣ дар “Ҳошияи хеш” овардааст: мурод аз мавридҳои  масрафи закот ҳамон касонеанд, ки дар ояти садақот: “Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён.....” зикр шудааст.

Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки Пешвои миллат ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон шахсан ба ятимону барҷомондагон кумак расонида, суннати пойдори мазҳаби ҳанафии ниёгони пурифтихорамонро идома мебахшанд. Дар пайравӣ аз ташаббусҳо ва иқдомҳои одилонаи Пешвои миллат аксари соҳибкорону тавонмандон низ ҳамасола ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ холисона дасти хайру ёрмандӣ дароз мекунанд ва бад-ин васила арзишҳои волои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, раҳму шафқат, ѓамхорӣ нисбат ба ҳамдигар ва дигар анъанаҳои писандидаи ин маросимҳо риоя карда мешаванд.

Эзоҳ:

- Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 25000 сомонӣ муқаррар шуд, ки аз он 625 сомонӣ закот пардохт карда мешавад.

- Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробари 6 сомонӣ муқаррар гашт.

- Фидяи савм (рӯза) дар моҳи Рамазони соли 2021  барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 360 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 12 сомонӣ) муайян шуд.

 

Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ 

Яндекс.Метрика