Бебаҳотарин сарвати Тоҷикистон ин неруҳои зеҳнию ақлӣ, яъне аҳли зиё, аҳли маърифату эҷодаш аст, ки чун ворисони арзандаи аҷдодонамон дар рушди тамаддуни башарӣ саҳм мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, маблағгузории ин соҳаро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд мекунад.
Ҳанӯз, 28-уми августи соли 1995 дар машварати ҷумҳуриявии фаъолони маорифи мамлакат, ки дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Бо соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон ва ба миён омадани ниёзи ҷиддӣ барои дарёфти роҳу мароми мустақили ҷумҳуриамон ба сӯи ояндаи мутамаддин вақташ расидааст, ки мо низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифамонро дар заминаи ҳамон сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва равонии халқамон ва педагогикаи миллӣ бо назардошти имконоту тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем. Албатта, фаҳмост, ки барои расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, бояд заминаҳои моддию техникии таълимӣ, аз қабили компютерҳо, асбобҳои ҳозиразамони аёнӣ, воситаҳои техникӣ ва таҷрибавӣ дошта бошем. Вале ман бовар дорам, ки баробари рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ин масъалаҳо тадриҷан ҳалли худро меёбанд».
Вобаста ба ин дастур ва раҳнамоӣ, инчунин, дастгирию ғамхорӣ ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф, ба пешравию беҳбудӣ ноил гардид. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон тамоми шароитҳо давра ба давра муҳайё гардиданд.
Дар ҳақиқат илм собит кардааст, ки омӯзиши фанҳои дақиқ ба рӯҳияи хонандагон таъсиргузор буда, зеҳни шахсро такмил дода, барои рафъи изтироб, баланд бардоштани қобилияти дақиқкорӣ ва пешгирии парешонфикрию афсурдаҳолӣ мусоидат менамояд. Пайваста машғул шудан ба илмҳои дақиқу риёзӣ худбоварии шахсро зиёд менамояд, зеро ҳалли масоили мураккаби риёзӣ қатъият ва талоши зиёдро хостгор мебошад.
Омӯзиши илми риёзӣ ва фанҳои дақиқ ба насли наврас маҳорати аз рӯи мантиқ ва қонунҳои физикӣ амал карданро меомӯзонад ва барои ташаккули ҷаҳонбинии озоду мустақили онҳо мусоидат намуда, ҳисси масъулиятшиносии шахсро боло мебарад.
Ин аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 - ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Сарвари давлат дар Паёми худ (28-уми декабри соли 2024) ёдовар шуданд, ки имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав бо шумораи умумии беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон фаъолият менамоянд. Шумораи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Инчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд.
Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, чун ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад.
Бинобар ин, устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф уҳдадоранд, ки бо донишҳои муосири илмиву техникӣ дастуру роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар заминаи илмӣ якҷоя бо падару модарон ва аҳли ҷомеа дар амал татбиқ намоянд.
Вализода Одинашоҳ - сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои педагогӣ.