“Шамъи каҷ охир бисӯзад пардаи фонусро” Сабабҳои бекоршавии ақди никоҳ дар байни ҷавонон. Дар ҳошияи қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Оила гуруҳи хурди ҷамъиятии одамон аст, ки дар асоси иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқии байни зану мард бо мақсади тавлид ва тарбияи фарзанд ташкил ёфта, бо никоҳ ба расмият дароварда мешавад ва аъзои онро ҳамхуниву хешутаборӣ, пешбурди хоҷагидории умумӣ, буҷети ягона, муҳити умумииҷтимоӣ, масъулияти байниҳамдигарии ахлоқию ҳуқуқии баробар пайванд менамояд, ки ин пайванди ногусастаниро ҷуз марг дигар чизе ҷудо карда наметавонад.
 
Яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи имрўза ин ноустувории оилаҳои ҷавон ва кандашавии ақди никоҳ дар байни онҳо мебошад. Воқеан ҳам масъалаи мазкур натанҳо як кишвари мо, балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Олимон, мутахассисон ва масъулини мақомоти давлатӣ дар ин самт аз замони пайдоиши оилаи инсонӣ дар рўйи замин то кунун кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳарчи зудтар роҳи барҳамхурии оилаҳои ҷавон гирифта шавад. Лекин то кунун рӯз аз рӯз ин раванд зиёд шуда истодаасту на кам. Мутафаккири юнони қадим Арасту дар ин самт чунин иброз намуда буд, ки «Оила пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармост». Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлатӣ ҳуқуқбунёд аз зумраи он давлатҳоест, ки баҳри устувории ҳамешагии оилаҳо ғамхорӣ менамояд. Эълон гардидани соли 2015 “Соли оила”Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар инҳам як ибтикору ғамхорӣ аз ҷониби сарвари давлат маҳсуб мешавад. Оид ба ин масъала дар Конститутсияи кишвар омадааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.» (моддаи 33) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.  
 
Инҷо мехоҳам якчанд омилҳоеро, ки сабаби пошхӯрии оилаҳо мешаванд зикр намоям:
Сабаб ва шароитҳое, ки оиларо ба барҳамхӯрӣ оварда мерасонад, аз ҷониби мутахассисон таҳқиқ гардида, то ҷое муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, яке аз сабабҳое, ки бештар ба вайроншавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад, ин омода набудани тарафҳои барпокунандаи оила мебошад. Вобаста ба ин якчанд омилҳое ошкор гардидаанд, ки омода набудани тарафҳоро дар бастани ақди никоҳ нишон медиҳанд. Аввалан, ин паст будани тарбияи оиладории никоҳшавандагон мебошад. Тарбияи инсон, чӣ дар ҷодаи оиладорӣ ва чӣ дар дигар соҳаҳои ҳаёт аввалан аз оила оғоз меёбад. Яъне масъули аслии омодагии фарзанд дар бастани ақди никоҳ ин пеш аз ҳама падару модар мебошанд. Падару модар худ мактаби ҳақиқии оиладорӣ буда, ҳар як амал ва ҳар як сухани онҳо барои фарзандон дарс аст. Барои ҳаёти осоиштаву гуворои фарзандон волидайн бояд аз ибтидо ғамхорӣ намуда, кӯшиш намоянд, ки пеш аз оиладор намудани фарзандонашон ҳама нозукию вазнинии оиладориро омӯзонида, баъдан ба ҳаёти мустақилона қадам мондани онҳоро арзанда ҳисобанд. Маҳз бо мақсади онки тарбияи фарзандон яке аз уҳдадориҳои волидон ба шумор меравад, имрўз дар давлати ҳуқуқбунёди мо қонуне бо номи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» амал мекунад.
 
Дигар сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон ин пинҳон мондани бемории тарафи никоҳшаванда то баъди никоҳ мебошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан бемории то бастани ақди никоҳ; пинҳонмондаи тарафи никоҳшаванда сабаби барҳамхӯрии оилаи ҷавон мегардад. Хуб мешуд, ки пеш аз бастани акди никоҳ тарафҳои никоҳшаванда аз вазъи руҳию ҷисмонии якдигар пурра бохабар шуда, баъдан барои бастани акди никоҳ розигӣ медоданд. Масалан, бемориҳои сироятии табобатнашаванда, импотенсия, бемориҳои асаб ва ғайра.
 
Дахолати шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ низ яке аз сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин ҳолат дар аксари оилаҳо хеле зиёд ба чашм мерасад. Аксари оилаҳо ба таъсири манфии хусуру хушдоман, бародарону хоҳарони ҳамсар ва дигар хешу ақрабо тоб наоварда барҳам мехўранд. Ин ҳолат низ танзими оилавии худро талаб мекунад. Ҳар як фарде, ки оила барпо менамояд ; дар ҷомеа ў аллакай аъзои мустақил ҳисобида шуда, бояд муносибатҳои оилавиашро мустақилона идора намуда, андешакорона рафтор намояд. Мутаассифона ин омил дар ҷомеаи мо рӯз бу рӯз реша давонда истодааст, ки дар натиҷа пошхурии оилаҳо зиёд ба назар мерасад.
 
Дигар омили бекор шудани акди никоҳ байни ҷавонон дар он аст, ки шахсони оила барпокунанда қабл аз бунёди оила якдигарро намебинанд ва хислатҳои ҳамдигарро дуруст аз худ карда наметавонанд, ки дар натиҷа бинобар бо ҳам мувофиқ наомадани хислатҳояшон имконияти давом додани оиладориро пайдо карда наметавонанд.
 
Бо пайдошавии Интернет шиносшавӣ хеле кори осон гашт. Одамон гоҳо ба суҳбатҳои ширини интернетӣ чунон дода мешаванд, ки дигар одами дар паҳлӯяшон мезистаро чашмашон намебинад. «Хайр ин чӣ бадӣ дорад? Бо интернет хиёнат карда намешавад-ку?!» мегӯянд аксарият, вале таъсири муҳаббатҳои вертуалӣ камтар аз хиёнат нест. Ишқбозиҳои интернетӣ таъсири худро ҳатман ба ҳаёти шахсӣ мерасонанд ва далели равшани ин гуфтаҳо бо ҳамин сабаб пош хӯрдану ҷудо шудани ҳазорон оилаҳои ҷавон мебошад. Қиморбозӣ, майхорагӣ ё нашъамандӣ оилаи ободро вайрон месозад. Нимашаб масту аласт ба хона омадан умуман ба ақли солим рост намеояд.
 
Ба ҷуз аз он, таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксаран ҳолатҳо сабабгори асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон ин паст будани шароити иктисодии тарафҳо ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷӣ мебошад. Зеро ҷавонон пас аз барпо намудани оила барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои дигар рафта, дар онҷо оилаи дигар барпо менамоянд, ки ин амалҳо боиси вайрон гардидани оилаи онҳо мегарданд. Ҳатто баъзе аз онҳо тавассути телефонӣ ба тариқи динӣ аз ҳам ҷудо шуда, дар натиҷа боиси сарсониву саргардонии, пеш аз ҳама занҳо ва аз тарбияву таъмин дур мондани кўдакони аз зиндагии якҷояи онҳо ба дунё омада мегарданд.
 
Кулли муваффақияту дастовардҳо, мардонагиву қаҳрамониҳо, шарафмандию сарафрозии фарзандони халқи тоҷик маҳз натиҷа ва заҳмати падару модар аст. Доир ба нақши падару модар дар тарбияи фарзанд ва ё баръакс, вазифаи фарзанд дар бобати эҳтиром гузоштан ба падару модар ва таъмину нигоҳубин кардани онҳо асарҳои пурарзиши ахлоқие, аз қабили китобҳои муқаддаси «Авесто», «Забур», «Таврот», «Инҷил», ва «Қуръон», «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тусӣ, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғаззолӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Давонӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо таълиф шудаанд, ки дар онҳо таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърих гирдоварию ҷамъбаст гардида, рисолати падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд бо далелҳои зиёд исбот кардаанд. Боиси таассуф аст, ки надонистани таъриху тамаддуни гузашта, надоштани дониши кофии диниву дунявӣ ва аркони саҳеҳи дини ислом баъзе ҷавонони беиттилоъ аз Қуръону суннатро бегонапарасту тақлидкор намудааст. Бисёр шигифтангез аст, ки ин тоифа одамон, масъулияти инсонгарӣ ва худопарастии худро дар қатлу куштор, тундгӯию тундхӯӣ ва куфру бидъат эълон доштани дигар мусалмонон медонанд. Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки пеш аз ҳама, худашон аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён огаҳӣ дошта бошанд ва фарзандонро барои рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор ва ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ҳидоят намоянд. Доир ба ин мавзуъ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид намудаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ, расму оини ниёгон огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонанд».
 
Ба дурустӣ, ки бунёди оилаи солим кори саҳл нест ва аз инсон масъулияти гаронеро тақозо мекунад. Дини мо ҳам дар ин асно ҳуқуқҳои хосеро бар зану шавҳар муқаррар кардааст, ки танҳо дар заминаи иҷрои ҳар кадоме аз ҳуқуқҳо оилаи хубу солимро бунёд кардан мумкин аст.
Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) дар бораи оила ва муносибат бо аъзоёни он бисёр ҳадисҳо гуфтааст, ки дар баробари зиндагии хонаводагӣ таълимоти пурмаъно ва аҳамиятнок доранд. Чанд ҳадис дар бораи оила: 
1.Дар бораи муносибат бо ҳамсар: Паёмбар (с) фармудаанд: "Беҳтарини шумо касест, ки бо аҳли хонадонаш хушрафтор хушмуомила бошад. Ва ман барои аҳли хонадонам беҳтарин ҳастам." (Тирмизӣ, Сунан, 3895). 
2.Дар бораи муҳаббат ва раҳм дар оила: Паёмбар (с) гуфтаанд: "Ҳар гоҳ Аллоҳ некӣ барои аҳли хонаводаро бихоҳад, дар байни онҳо муҳаббат ва раҳмат мегузорад." (Муслим, 1465).
3.Дар бораи тарбияи фарзандон: "Фарзандони худро гиромӣ доред ва онҳоро хуб тарбия кунед." (Ибни Моҷа, Сунан, 3671).
4.Дар бораи раҳмдилӣ ба аҳли хона: "Ҳар кӣ раҳмдил набошад, ба ӯ раҳм карда намешавад." Яъне Худованд (ҷ) ба ӯ раҳм нахоҳад кард. (Бухорӣ, Саҳеҳ, 6013).
5.Дар бораи сарпарастии оила: "Ҳар яки шумо масъули оилаи хеш ҳастед ва аз ҳар яки шумо барои ончи зери масъулиятатон аст, пурсида мешавад. Мард масъули оилаи худ аст, ва аз оилаи худ пурсида мешавад. Зан масъули хонаи шавҳар ва фарзандони худ аст ва аз онҳо пурсида мешавад." (Бухорӣ, Саҳеҳ, 893; Муслим, 1829)  
 
Ҳадаф аз овардани ин ҳадисҳо дар он аст, ки бо истифода аз тамоми роҳу усулҳо, бо мақсади фаҳмондадиҳи дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, ки минбаъд барои пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон равона мегарданд, ба манфиати кор бошад. Зеро вайроншавии оила ба генофонди миллати мо таъсири манфӣ расонида, пешгирӣ накардани он метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.
 
Қуръони Карим ба оила ва муносибатҳои хонаводагӣ аҳамияти хос медиҳад. Дар оятҳои гуногун эҳтироми волидон, тарбияи фарзандон, муносибат бо ҳамсар, ва аҳамияти оила мавриди таъкид қарор гирифтаанд, ки мо чанде аз ин оятҳоро барои мисол меорем.
 
1.Дар бораи муносибат бо волидон: Аллоҳ дар Қуръони Карим мефармояд: "Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш [дигаре]-ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ"(Сураи Исро, ояти 23).  
 
2.Дар бораи ҳамсар ва муҳаббат: Аллоҳ мегӯяд: "Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстию меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ, дар ин кор барои гурӯҳе, ки андеша мекунанд, нишонаҳое ҳаст"(Сураи Рум, ояти 21). 
 
Аз оятҳои зикргардида бармеояд, ки Қуръон барои сохтани оилаи солим, мустаҳкам ва ором роҳнамои бузург аст.
 
Яке аз сабабҳои асосии заиф шудани робитаҳои оилавӣ зиндагии муосири фанноварист. Дастрасии беохир ба Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, фароғати зиёд ва имкониятҳои худшиносӣ дар муносибатҳои оилавӣ таъсири манфии доимӣ мегузоранд. Аъзоёни оила вақти бештарро дар назди экранҳо бо тамошои филмҳои мусалсали туркиву ҳиндӣ гузаронида, ба муоширати маҷозӣ нисбат ба муоширати воқеӣ бартарӣ медиҳанд. Ин дар байни наздикон монеаҳо ва бегонагӣ ба вуҷуд оварда, набуди муошират ва ҳамдигарфаҳмӣ боиси бад шудани мушкилот ва вайрон шудани муносибатҳои оилавӣ мегардад.
 
Сабаби дигари суст шудани равобити хонаводагӣ шароити муосири кор аст. Афзоиши сарбории кор, майлу хохиши болоравии мансаб ва некуахволии моддӣ ба он оварда мерасонад, ки оила худро дар паси худ мебинад. Аъзоёни оила барои муошират ва таваҷҷуҳ ба ҳамдигар вақти кофӣ надоранд. Ин боиси эҳсоси танҳоӣ, нофаҳмӣ ва ноумедӣ мегардад. Ҳар як узви оила ба зиндагии худ шурӯъ мекунад ва фаромӯш мекунад, ки танҳо тавассути робитаҳои оилавӣ хушбахтӣ ва ҳамоҳангии ҳақиқӣ ба даст оварда мешавад.
 
Хулоса, тақвияти пайвандҳои оилавӣ паҳлуҳои зиёди мусбат дорад, он ба дастгирӣ ва рӯҳбаландии бештар, афзоиши хушбахтӣ ва некӯаҳволӣ, некӯаҳволии эмотсионалӣ барои кӯдакон, беҳтар шудани муошират, барои дигарон ибрат нишон медиҳад, барои рушди шахсӣ имконият фароҳам меорад, стрессро коҳиш медиҳад. Солимии ҷисмонӣ ва солимии равониро беҳтар мекунад.
 
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шокиров Умедҷон.
Яндекс.Метрика