Падидаи фарҳангии анъана дар тадқиқоти фалсафӣ-иҷтимоӣ

Қисми  2 :  
    Файласуфони Юнони Қадим ба таҷрибаи замони худ муроҷиат намуда, аз мафҳуми этнос истифода бурда, анъанаро ҳамчун падидаи ахлоқӣ тавсиф кардаанд. Анъанаи ахлоқиро Ҳеродот хамчун танзимгари асосии суботи иҷтимоӣ медонист. Суқрот онро асоси қонунгузории давлат арзёбӣ намудааст. Вале, файласуфони қадим ба анъанаи динӣ  камтар таваҷҷуҳ доштаанд, шояд ба сабаби он, ки таъсири анъанаи динӣ дар ҷамъият назар ба таъсири  анъанаи ахлоқӣ камтар ахамият доштааст. Аз ҷиҳати онтологӣ файласуфони қадим ҳар як анъанаро ҳамчун падидаи  маънавӣ, вале  ҳосили хиради ҷаҳонӣ тавсиф кардаанд ва мабдаи илоҳӣ доштани онро  тасдиқ ё инкор накардаанд.Пайванди анъана ба ризоияти илоҳӣ, бо иродаи Худо, ғояи марказии афкори фалсафии аврупоии асримиёнагӣ мебошад, ки дар зери таъсири дини насронӣ инкишоф ёфтааст. Анъана ҳамчун атои якбора ва барои ҳама  аз мабдаи илоҳӣ додашуда, аз ҷиҳати моҳият тағйирнопазир ва аз ҷиҳати аҳамияти худ мутлақ ҳисобида мешуд. Ба андешаи Фомаи Аквинӣ, анъана маҳз бинобар муқаддас будани худ тартиби ҳаёти инсонро муайян карда, онро ба худ тобеъ мекунад. Дар тафаккури масеҳӣ-схоластикии асримиёнагӣ анъана танҳо ҳамчун механизми нигоҳдории арзишҳои насронӣ маънидод карда мешуд ва анъанаҳои дунявӣ дар сурате эътироф мешуданд, ки агар онҳо ба таҳкими нуфузи калисо мусоидат кунанд. Дар Аврупо, таваҷҷӯҳ ба масъалаи анъана ва  урфу одатҳо дар давраҳои Эҳё ва Маорифпарварӣ, ки онҳоро танқиди калисо ва муносибатҳои куҳнашуда бо ҳам мепайваст, бештар  гардид. Барои  давраи Эҳё, дар натиҳаи озод шудани  шуури ҷамъиятӣ аз таъсири дин  моҳияти анъана аз нав таҷдиди назар гардид. Барои давраи мазкур аз як тараф инкори анъана бо сабаби бетаъсир ва монеъшаванда ба рушд шуморида шуданаш, аз тарафи дигар, даъват ба эҳёи анъанаҳои инсондӯстонаи замони қадим хос буд. Дар давраи Эҳё тамоюлҳои  арзишӣ нисбат ба гузашта, ба инсон ва умуман ҷаҳон тағйир ёфтанд.  Онҳо анъанаро ҳамчун таҷрибаи гузашта меҳисобиданд, ки такрористеҳсоли он ба талошҳои инсон вобаста аст. Барои таҳқиқоти мо ғояи ба миён гузоштаи гуманистҳо муҳим аст, чунки анъана як ҷузъи майдони фарҳангӣ, унсури фаъолияти инсон аст. Файласуфони давраи Эҳё (Ф. Петрарка, Л. Бруни, Леонардо да Винчи) фаҳмиши нави анъанаро ҳамчун воситаи ошкор намудани қобилият ва қувваҳои эҷодии инсон ташаккул доданд. 
     Дар Замони Нав ба масъалаи анъана романтикҳо, муаррихон, адабиётшиносоне, ки ба таҳқиқи шаклҳои шифоҳӣ ва тафаккури устуравӣ (мифологӣ) машғул буданд, каму беш таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. М. Монтен, Ф. Бэкон, Т. Гоббс, Ҳ. Локк ва як қатор файласуфони дигари давраи мазкур дар доираи омӯзиши ҷомеа ва фарҳанг, қонуниятҳои фаъолият ва инкишофи онҳо, вазифаҳои иҳтимоӣ ва фарҳангии илм ва санъат, ахлоқу ҳуқуқ, таносуби дин ва илм, дин ва ахлоқ, нақши забон, ба масъалаи анъанаву маросим дахл кардаанд . Тавассути танқиди догматизми фалсафаи асримиёнагӣ тафсири нави рационалистии анъана пайдо шуд, ки хусусияти иҷтимоӣ, қонуният ва зарурати дар амалияи иҷтимоӣ истифода бурдани анъанаро дарк мекунад. Дар давраи мазкур ду самти тафаккури Аврупои Ғарбӣ бо баҳодиҳии гуногун ба нақши анъана дар ҳомеа шакли ниҳоӣ пайдо карданд: анъанагароӣ ва зиддианъанагароӣ. Анъанагароён (Э. Берк, А. Риварол, Ҳ. де Майстр) аҳамияти мусбати анъанаро дар фаъолияти институтҳои иҷтимоӣ эътироф карданд, зеро ба андешаи онҳо ҳама субъектҳои иҷтимоӣ маҳсули илми таърих мебошанд. Зиддианъанагароён (Ф. Бэкон, Р. Декарт, Д. Локк, Т. Пейн) ҳама гуна анъанаро, сарфи назар аз мазмун ва моҳияташ, қатъиян рад карда, танҳо ҳодисаҳои навоваронаро мусбат мешумориданд. Бархӯрди ин самтҳо заминаи фалсафии дарки мухолифати анъана ва навоварӣ гардид, ки баъдан яке аз мавзӯъҳои марказии назарияи навсозӣ (модернизм) ва консепсияҳои анъанагароӣ (традитсионализм) гардид.Барои кори таҳқиқотии мо ғояи пешниҳоднамудаи мутафаккирони Замони Нав  (Ч. Монтескье ва Ч. Волней) аҳамиятти принсипиалӣ дорад, ки тибқи  он моҳияти анъана тавассути табиати шароити иҷтимоие, ки онро ташаккул медиҳад, муайян карда мешавад.Дар асрҳои XVI-XVII дар рафти таҳлили проблемаи умумии анъана масъалаи анъанаи динӣ - аз нуқтаи назари муносибати дину илм, дину фарханг, дину ахлоқ низ баррасӣ гардид. Дар давраи Маорифпарварӣ (Волтер, Руссо, Тюрго, Кондорсе) ба анъана аз призмаи рушди таърихию фарҳангӣ назар карда мешуд. Анъана тавассути призмаи моделҳои фалсафии консептуалии рушди таърихӣ тафсир мешуд. Ҳамин тавр, Я.Вико, И.Гердер гузаштаро аз нав дида баромада, анъанаро хамчун механизми давомнокии таҷрибаи таърихии барои инсон зарур муайян кардаанд. Ф.Вольтер, Ҳ.Ҳ.Руссо, А.Р.Тюрго, Ҳ.А.Кондорсе анъанаро бо назарияҳои пешрафти таърихӣ ва фарҳангӣ мувофиқ донистанд. Ин барои дарки анъана хамчун падидаи таърихии дорои динамикаи дохилии тараққиёт (Г. Гегель) асос гардид. Аммо дар муддати тӯлонӣ, чуноне ки консепсияҳои дар боло мухтасар шарҳдодашуда, инро тасдиқ мекунанд, анъана ба далели тафсири идеалистии худи таърих ҳамчун падидаи иҷтимоии дорои мабдаи  идеалӣ баррасӣ мешуд.
 
(Идома дорад...)
 
Мушовири директори Марказ                                                                              А.Мирзозода
Яндекс.Метрика