Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик ба шинохту эътибори арзишҳои милливу динӣ рӯй оварда, ба бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд иқдом намуд. Кишвари азизи мо баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии хеш таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз хатари нобудӣ ва миллати азизи моро аз парокандагию сарсонӣ наҷот дод. Муғризону ҳасудони дохилию хориҷӣ ба дурнамои кишвар бо нобоварӣ менигаристанд, вале иродаи хирадмандона, дили соф ва нияти неки бунёдгузор, эҳёгару муаррифигари тамаддуни миллӣ, муҳофизи давлати муосири тоҷикон бо тадриҷ мушкилоти миллату давлат ва имтиҳонҳои таърихиву сунъиро паси сар намуда, устуворона қадамҳои хешро баҳри ояндаи дурахшони миллату давлат ба пеш гузошта, туфайли заҳматҳои пайвастаи хеш диёри тоҷиконро аз ҷанги таҳмилӣ ба кишвари ободу пешрафтаи замонавӣ табдил доданд.
Натиҷа ҳамин гашт, ки миллати шарафманди мо дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида, нақшаҳои ободкоронаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ намуд ва бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.04.2016 ба қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйироту илова ворид гардида, дар асоси он рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ё Пешвои миллат таҷлил карда мешавад. Таҷлили иди Рӯзи Президент, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” (18.12.2015) аз хирадмандии зиёиёни пешқадами кишварамон ва хусусан вакилони МН МО ҶТ ва аъзоёни ММ МО ҶТ дарак медиҳад. Баҳри қадрдонию ҷоннисориҳо, заҳматҳо ва гиромидошти Пешвои муаззами миллат бояд ба таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон корнамоиҳо ва ҷасорату мардонагиҳои таърихиии ин шахсияти наҷибро бирасонем, то бо ин васила ҳисси миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ, садоқатмандӣ ва эҳтиром гузоштан нисбат ба шахсиятҳои хизматнишондодаи миллатамон боло гирад.
Аз ибтидо то ба имрӯз дар бораи хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар фоҷеабортарин давраи таърихи муосири миллати тоҷик бо ҷасорату матонат ва хиради сиёсии хеш тавонист сокинони кишварро аз коми оташи ҷанг раҳонда, диёри биҳиштосои моро аз вартаи нобудӣ берун кашад, ёдовар шудан хело бамаврид аст. Оид ба кору пайкори Пешвои муаззами миллат китобу мақолаҳои воқеъбинонаи зиёде навишта шудааст. Ин осор, ба ҷуз аҳамияти бузурги сиёсӣ, дар баёни хақиқати таърихӣ аз лиҳози тарбияи насли наврас, насли ояндасоз дар рӯҳияи меҳнатдӯстию миллатпарварӣ ва ватанпарастӣ арзишҳои зиёди инсониро низ доро мебошад. Корнамоиву қаҳрамониҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ дар бедор кардани ҳиссиёти ифтихормандӣ аз халқи хеш баҳри тарбияи чавонон ба сифати намунаи ибрат хидмат намуда, муҳаррики муттаҳидкунандае барои ҳамдиёрони дохилию бурунмарзии мо мегардад. Агар мунсифона ба хизматҳои Сарвари давлат дар назди халқу Ватан баҳо диҳем, ҳар фарди соҳибмаърифати ватандӯстро воҷиб аст, то ба насли ҷавон ватандӯстӣ, бедор кардани ҳисси ифтихор аз ниёгони шарафманд ва шахсиятҳои ҷоннисори миллатро, ки барои саодатмандии миллати хеш фидокорӣ ва қаҳрамонӣ зоҳир намудаанд, ба сифати намунаи ибрат тарғибу ташвиқ намояд.
Ноил гардидан ба озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас маҳсуб меёбад. Миллатҳои зиёде ҳастанд, ки дар орзуи давлати мустақили хеш мебошанд, вале, шукри Худованд, баъди аз байн рафтани Давлати Сомониён миллати тоҷик бо ормони соҳиб гардидан ба давлати мустақили миллӣ зиндагиро пеш мебурд ва баъди ҷоннисориҳои ҳазорҳо фарзандони ҷасуру содиқаш дубора соҳибистиқлолу соҳибдавлат гардид. Дар охирҳои асри ХХ, пас аз пеш гирифтани сиёсати бозсозӣ ва заиф гаштани неруи сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Иттиҳоди Шӯравӣ паси ҳам истиқлолияти худро эълон мекарданд. Ҷумҳуриҳои назди Балтика: Эстония соли 1988, Литва соли 1989, Латвия соли 1989. Гурҷистон соли 1990. Федератсияи Россия соли 1990 эълони истиқлолият намуданд.
Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ пас аз эълони истиқлолияти Федератсияи Россия истиқлолияти худро эълон доштанд: Ӯзбекистон, Туркменистон, Тоҷикистон, Қазоқистон яке паси дигар соли 1990 истиқлолияташонро эълон намуданд. 24.08.1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон “Эломия дар бораи истиқлолияти давлатии ҶШС Тоҷикистон” қабул гардид. Ҳанӯз солҳои 1989, пас аз эълони бозсозӣ дар Иттифоқи Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳаракатҳои озодихоҳӣ фаъол шуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи комсомоли ҷумҳурӣ барномаҳои ТВ “Рӯ ба рӯ”, “Ростохез” ташкил шуданд. Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе Ҷамъиятҳои маҳалҳои ҷумҳурӣ созмон дода шуданд: “Лаъли Бадахшон”, “Ҳамдилон”, “Меҳри Хатлон”, “Ҳисори шодмон”, “Истаравшан”, “Зарафшон”, “Ватан”, “Хуҷандиён”, “Самарқанд”, “Носири Хусрав”..., ки онҳо танҳо манфиатҳои маҳалҳоро ҳимоя мекарданд. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон кашмакашҳою ба маҳалҳо тақсим кардани сокинони кишвар ва нобасомониҳо оғоз гардида буд. Барои ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ҷомеаи Тоҷикистон ба шахси ҷасуру тавоно ва наҷотбахши миллат ниёз дошт.
Дар чунин як давраи нобасомониҳо, аввалҳои соли 1991 директори нашриёти “Прогресс”-и Москва аз банда хоҳиш кард, то “Китоби сабз”-и Муаммар Қаззофиро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуда, сипас онро дар Тоҷикистон чоп намоям. Баъди тарҷумаи китоб, якҷоя бо устод Сайфулло Сафаров, ки дар шуъбаи фалсафа (ҳозира Институти фалсафа ва ҳуқуқ)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекардем, сарсухане барои китоб навишта, орзу намудем, ки ба мисли Муаммар Қаззофӣ аз байни тоҷикон нафаре пайдо гардида, миллати тоҷикро муттаҳид ва давлатро аз фаношавӣ нигаҳ дорад. Аввалҳои соли 1992 бо кӯмаки устод Сайфулло Сафаров китобро ба нашр расонидем. Дуои мо мустаҷоб гардиду Худованд ба ҳоли миллати тоҷик тараҳҳум намуда, аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо Пешвои миллатро ба ӯ ато намуд.
Вақт собит намуд, ки дар интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мардумии иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ хато накарда, зимоми давлатро ба Эмомалӣ Раҳмон бовар карданд. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ ва умуман давлате бо номи Тоҷикистон як амри воқеӣ буд. Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон дар он аст, ки ин шахсияти нодиру сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ, бо ифтихор ва итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар муқобили фитнаҳои душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби ҳаводиси хунин кашида буданд, истодагарӣ намуда, ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод. Сарвари давлат барои дарёфти роҳи сулҳ ҷони худро ба хатарҳо гузошт. Сафари ӯ ба мамлакати ҷангзадаи Афғонистон ба хотири истиқрори сулҳи тоҷикон иқдоми таърихӣ буд. Қабули Конститутсия дар раъйдиҳии умумихалқӣ ва зафарманд гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки ин ду маъракаи муҳими сиёсӣ дар як вақт-рӯзи 6 ноябри соли 1994 баргузор гардид, рӯйдоди таърихии пешгӯишавандае буд.
Имрӯзҳо мансаби президентӣ қисми ҷудонашавандаи низоми сиёсии давлатҳои зиёди қитъаҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як давлати президентӣ, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, мустақилона муайян менамояд, ки мувофиқи конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ ниҳоди президент кадом нақшро дар ҳаёти сиёсии давлат мебозад. Бояд тазаккур дод, ки аз ҳама бештар шакли идоракунии президентӣ дар Африқо паҳн шуда буд. Ин тарҳ дар охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми асри ХХ ибтидо гирифта буд. Айни ҳол қариб дар тамоми давлатҳои африқоӣ Президент сардори давлат мебошад. Бояд зикр кард, ки мансаби президентӣ на танҳо дар давлатҳои капиталистӣ ва тараққиёфта, балки ба кишварҳои собиқ лагери сотсиалистӣ, ба монанди Ҷумҳурии Федеративӣ-Сотсиалистии Югославия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Руминия, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея таъсири худро гузошт.
Афкори баланди ватанпарастонаю миллатдӯстона, азми шуҷоатмандонаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи сарҷамъу муттаҳид намудани миллати тоҷик, тамоми саъю кӯшишҳои хешро баҳри обод гардонидани диёри мо ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии тамоми мардуми кишвар, таъмини амну субот сабаби боло рафтани шукуҳу шаҳомати давлати мо дар арсаи олам гардид. Халқи шарифи Тоҷикистон бо қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, сулҳофару ободсозандаи ҷамеаи адолатпарвари худ, дорандаи унвони Пешвои миллат, дорандаи Ҷоизаи байналмилалии Сулҳ, 4 маротиба сазовори рӯйхати панҷсаднафараи мусулмонони ташаббускори олами ислом, ташаббускори пешниҳодҳои созандаи сатҳи байналмилалӣ барномаҳои “Амалиёти об барои ҳаёт” (2005-2015 Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”) дар СММ ва ғайра ифтихор дорад.
Салимов Наҷмиддин – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир