НИГОҲЕ БА ТАҲАВВУЛ ВА ТАШАККУЛИ НИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (ТАҶРИБАИ ВАТАНӢ) (Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 – ноябр)

Рушди равандҳои сиёсӣ дар охири асри 20 аз болоравии кӯшишҳои истиқлолхоҳии миллатҳои гуногун дарак медиҳад. Ба ин аз бисёр ҷиҳат мавҷудияи мураккабиҳо дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа баъди пошхӯрии Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ як қатор давлатҳои хурду бузурги мустақили миллӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин масир муайян намуданӣ нақши равандҳои демократӣ низ ба маврид аст. Фишори мавҷудаи дохилӣ, маҳдуд намуданӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар якҷоягӣ бо омилҳои беруна боиси сар задани бӯҳрон дар собиқ лагери сотсалистӣ гардид.

Тавре маълум аст, солҳои 90-уми садаи гузашта дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун давраи мураккаби бунёди давлати миллӣ ва мустақил арзёбӣ мегардад. Ин мушкилиҳо на ба масъалаи ба даст овардани истиқлолият ва ташкили ниҳоди президентӣ, балки бо пойдор гаштани он тамоси қавӣ доштанд.

Соҳибистиқлолии фазои сиёсӣ - иҷтимоӣ ва шакли идораву намуди сарвариро дар кишвар мутлақо тағйир дод. Худи ҳамин соҳибистиқлолӣ ба он оварда расонид, ки дар кишвар ва фазои ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ мафҳумҳо ва ниҳодҳои нав монанди ниҳоди президентӣ зуҳур кунанд.
Мафҳуми конститутсионии ниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ мебошад, ки ӯ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дониста мешавад. Тавре аз мафҳум ва моҳияти худи калимаи лотинии «presidents (praesiden- tis) бармеояд - яъне сардори давлат дар бисёре аз мамлакатҳои шакли идоракунии ҷумҳуридошта, мебошад. Биноан, мафҳуми «президент», ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои конститутсионӣ-ҳуқуқии ӯ сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия истифода шудааст, ки ба шакли пайдоиши классикии ин ниҳод дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мувофиқ меояд.

Бояд қайд кард, ки ниҳоди президентӣ 32 сол боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар марҳилаи ташаккул ва авҷи мукаммалшавӣ аст. Таҷрибаи 32- солаи таъсиси ин ниҳод, албатта чандон тӯлонӣ нест, вале, новобаста аз ин баъзе таҷрибаи ташаккули ин ниҳоди давлатдорӣ мавзӯи доираҳои таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар адабиёти сиёсӣ ва ҳуқуқии ватанӣ ақидаҳои ҷолиби диққат оид ба пайдоиши ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Масалан, тайи солҳои ҳокимияти Шӯравӣ мансаби президент инкор мегардид. Дар адабиёти ҳуқуқии Шӯравӣ он чун зуҳуроти сирф буржуазӣ, ифодакунандаи манфиатҳои синфи ҳукмрон ва умуман барои сохти сотсиалистӣ бегона маънидод мешуд.
Муҳаққиқон бо бардошт аз таҳлили таҷрибаи пайдоиш ва зарурати таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон чанд омилҳоро асос мешуморанд. Масалан, ташкили қолаби нави идора бо роҳбарии Президент дар Тоҷикистон бо чанд омили айнӣ ва зеҳнӣ муайян мегашт. Пеш аз ҳама, зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули оҷилии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низомӣ давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Дар адабиётҳо таъкид шудааст, ки назари сатҳӣ ба таърихи навини давлатдорӣ ва ҳатто ба тамаддунҳои собиқ шаҳодати он аст, ки нақш ва нуфузи мансаби президентӣ дар ҳастии халқу миллатҳои замони муосир аҳамияти бориз доштааст. Вале дар замони муосир, ки таҷрибаи ҳастӣ ва рушди давлатҳо зиёда ба ҷанбаи соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳокимияти мардумӣ такя мекунад, нақши Президент ба маротиб афзудааст.

Ҳамин тариқ, дар низоми идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз намудҳои сардорӣ ба давлат маъмул буда, таърихи зиёда аз дусадсола дорад ва маҳз ҳамин таҷрибаи бою ғанӣ ба он сабаб шуд, ки дар аксари кишварҳо ин ниҳод таъсиси расмӣ ёбад.
Президент дар давлатҳои шакли идораи ҷумҳурии президентӣ сарвари давлат буда, аз тарафи халқ дар интихоботи умумӣ интихоб карда мешвад, масалан: дар ИМА, Фаронса, Русия, Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғ.

Аслан дар давлатҳои шакли идораи ҷумҳурии парлумонӣ мансаби Президент бештар хислати рамзӣ дошта, дар парлумон интихоб мегардад, масалан: дар Австрия, Олмон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо.
Имрӯз ниҳоди президентӣ унсури ҷудонашавандаи таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ оид ба давлатдорӣ аст. Ниҳоди президентӣ яке аз унсурҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад. Зарурияти мавҷудияти ниҳоди мазкур аз зарурияти татбиқи функсияи сарвари давлат бар меояд, ки паҳн гардидани ниҳоди президентӣ дар ҷаҳон шаҳодати он аст.

Аввали солҳои 90-ум ҷумҳуриҳои иттифоқӣ пайи ҳам Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии худро қабул карданд. Дар Тоҷикистон низ Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, бо Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 “Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон”, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 қабул гардид. Тибқи ин санадҳо эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президент дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ заминаи сиёсиву ҳуқуқӣ гузошт.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон “Дар хусуси таъсиси вазифаи президенти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ ”аз 29 ноябри соли 1990 ниҳоди президентӣ таъсис ёфт. Баъдан дар натиҷаи гирифторӣ ба бӯҳрони нави мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва пас аз даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи соли 1978 аз 27 ноябри соли 1992 дар Тоҷикистон, ҳокимияти президентӣ дар кишвар дубора бекор карда шуд ва ба ҷойи он Шӯрои Вазирон созмон ёфт. Дар адабиёти тафсирӣ-ҳуқуқӣ дуруст қайд мегардад, ки барҳамдиҳии ин ниҳод ва ба ҷойи он ташкил намудани идоракунии дастаҷамъии ҷумҳурӣ ба хотири ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.
Таҳлили адабиётҳои илмӣ-оммавӣ ва майдони матбуот нишон медиҳад, ки аксар олимон ва донишмандон айни ҳол ин ду санаро, яъне 16- уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро ба ҳам омехта менамоянд, ки дар қолабҳои илмӣ ва эҷодӣ чандон қобили қабул нест. Масалан, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ниҳоди президентӣ муваққатан аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуд. Мухолифони ниҳоди президентӣ дар он ақида буданд, ки дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони Шӯравӣ, ки идораи коллективона рӯйи кор буд, такя мекард.

Баъдан пас аз қабули Конститутсияи соли 1994 ниҳоди мазкур аз нав барқарор карда шуд ва ба тариқи раъйпурсӣ дар ин ниҳод аввалин Президенти замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд.

Дар ибтидо таъсиси мансаби президент дар ИҶШС солҳои 1990 ва нофаҳмиҳои минбаъдае, ки дар ҳудуди он ба вуқуъ пайваст, таъсири худро ба пайдоиши ниҳоди мазкур ба Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ва тақдирҳалкунанда гузошт.

Мавриди зикр аст, ки ташаккули падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии «президент» яку якбора дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора ва якзайл ба вуқуъ напайваста, асосҳои ғоявии худро аз таҷрибаи инкишофи ҷаҳонии ин падида гирифтааст. Ба тамоюли бавуҷудоии падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум зимина гузошт. Бо Қарори Шӯрои Олии ИҶШС «Дар бораи таъсис додани мансаби Президенти ИҶШС ва дохил намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Конститутсияи (Қонуни асосии) ИҶШС» (27.02.1990) зарурияти таъсис додани мансаби Президенти ИҶШС эътироф карда шуд.

Анҷумани депутатҳои халқии ИҶШС (14.03.1990) масъалҳои вобаста ба Қонун «Дар бораи мансаби Президенти ИҶШС»-ро баррасӣ намуда, ба Шӯрои Олии ИҶШС ва комиссияи конститутсионӣ супориш дод, ки қонун дар бораи таъсис додани ин мансаб ва ба Конститутсияи ИҶШС дохил кардани тағйироту иловаҳоро таҳия ва қабул кунанд. Шӯрои Олии ИҶШС мансаби зикршударо бо қабули қонуни ИҶШС (14.03.1990) таъсис дода, ба Конститутсия боби махсус; «Боби 151 Президенти ИҶШС» илова гардид. Мувофқи м. 127 таҳрири нави Конститутсия Президенти ИҶШС сардори давлати Шӯравӣ эътироф карда шуд ва дар қатори салоҳиятҳои ӯ муқаррар кард, ки вай бояд «ҳамкории мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идораи ИҶШС-ро таъмин намояд» банди 4, м. 127. Дар ин ҷо боз ҳамон андешаи Б.П.Елисеевро ба ёд меорад, ки ниҳоди президентиро ҳамчун ниҳоди ҳуқуқии интегратсионӣ муайян менамояд, ки мақсадаш аз ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ иборат аст.
Маҳз дар ҳамин заминаи ҳуқуқӣ аввали солҳои 90-ум дар Тоҷикистон Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9.09.1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон», изҳороти Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.09.1991 қабул гардиданд.

Тибқи ин санадҳо эълон гардид, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад, ки чунин муқаррарот ба таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон заминаи сиёсию ҳуқуқӣ гузошт.
Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Қонун «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти РСС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ»-ро 29.11.1990 қабул кард ва мувофиқи он вазифаи Президенти РСС Тоҷикистонро таъсис дода, ӯро сарвари ҷумҳурӣ эълон намуд (м.1). Қонуни мазкур шартҳо,тартиби пешбарӣ, интихоб, бозхонд, лаҳзаи ба вазифа шурӯъ намудани Президент, таъмини вусъати минбаъдаи дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва амнияти шаҳрвандонро ба дӯши ӯ вогузор намуд.
Баъдтар Шӯрои Олии ҷумҳурӣ боз Қонун «Дар бораи такмили сохти ҳокимияти иҷроия ва амрдиҳанда дар РСС Тоҷикистон ва дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) РСС Тоҷикистон»-ро аз 1.12.1990 қабул кард. Тибқи он муқаррар гардид, ки «Ҳокимияти президентӣ ва иҷроияю амрдиҳии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон якҷоя карда шавад» (м.1.). Ба мақоми Президент ва Кабинети Вазирони РСС Тоҷикистон боби 13-и Конститутсия бахшида шуда, Президентро Раиси Кабинети Вазирони РСС Тоҷикистон ҳисобида, мазмунан онҳоро як шохаи ҳокимият эътироф кард (қисми 2 м. 1 ва м. 117). Ба ҳайати Девони Вазирон, ки пештар Кабинети Вазирон ном бурда мешуд, баъдтар Девони Вазирон ном гирифт,ки Ноиби Президент, муовинон Раиси Девони Вазирон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ шомил буданд. Мансаби ноиби президент ҳам маҳз ҳамон сол бори нахуст таъсис дода шуд, ки ӯро Президент таъин карда, Шӯрои Олии ҷумҳурӣ тасдиқ менамуд. Баъдтар мансаби Ноиби Президент барҳам дода шуда, ба ҷойи вай мансаби Сарвазир таъсис дода шуд, ки Сарвазир бо пешниҳоди Президент аз ҷониби Шӯрои Олӣ тасдиқ ва озод мегардид.

Дар натиҷаи дигаргуниҳои сиёсиву ҳуқуқӣ якчанд салоҳиятҳои собиқ Президиуми Шӯрои Олӣ ба Президент дода шуд, ки онҳо дар низоми таҷзияи ҳокимият ба шакли идоракунии президентӣ хос аст. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул намудан, эълон намудани вазъияти фавқуллодаи Тоҷикистон, авф кардан, таъин намудани сафирон, бозхонди онҳо ва ғ. Аз ҳама муҳимтараш он буд, ки Президент на фақат сардори ҷумҳурӣ, балки кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва таъминкунандаи ҳамкории мақомоти олии ҳокимият ва идораи ҶШС Тоҷикистон дониста шуд ва дар фаҳмишҳои ҳуқуқӣ мафҳуми сарвари ҷумҳурӣ пайдо шуд.

Бо мақсади пешгирии паст задани шаъну шарафи Президент ва баланд бардоштани эътибори он чун сарвари ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи ҳимояи шаъну шарафи ӯ» аз 29.06.1991 қабул карда шуд ва барои таҳқири Президент ҷазои ҷиноятӣ ҳам муқаррар карда шуд.

Рафти қонуниятҳои инкишофи вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар охири соли 1993 ва аввали солҳои 1994 нишон дод, ки он рӯз ба рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, зарурияти аз нав дар таҷрибаи давлатдорӣ татбиқ намудани падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии «президент»-ро рӯйи кор овард. 20-06.1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ҳанӯз ҳамон сол ин муҳокимаи лоиҳаи нави Конститутсияи ҷумҳурӣ мерафт, ки дар он шакли идоракунии президентӣ маъқул дониста шуда буд. Қонуни зикргардида муқаррар кард, ки мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар як вақт бо референдум оид ба қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. Дар асоси он Комиссияи марказии интихобот ташкил дода шуд. Худи ҳамон сол 21.07.1994 Қонун «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он шартҳо, тарзи ташкил, гузаронидани интихобот, ҷамъбасти он ва дигар масъалаҳои ба он алоқамандро танзим менамуд. Қонун ҳамзамон 25.09.1994-ро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои қабул намудани Конститутсия ва интихоботи Президент муқаррар намуд. Вале бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 рӯзи баргузорӣ ба 6 ноябри ҳамин сол 1994 гузаронида шуд, Раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯз баргузор гардид ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Дар Конститутсияи соли 1994 ба ин падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ боби махсус: боби чаҳорум, ки «Президент» (м.м. 64-72) ном дорад, бахшида шудааст. Аз ин ба баъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳисоб карда шуда, вай ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ҳомии Конститутсия будани Президенти кишварро бо вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии ӯ алоқаманд намудааст, ки моҳияти онро бо чунин омилҳо ошкор кардан мумкин аст:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол бо тартиби муқарраршуда интихоб менамоянд.
Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, вазъи конститутсионии ҳуқуқии ӯро Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Тоҷикистон танзим менамоянд. Тибқи қисми аввали моддаи 64 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ду сифати айнии вазъи ҳуқуқиаш ҳамчун сарвари давлат ва ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мавқеи хоса дорад.
Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтанро дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент - Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои идораи давлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, мебошад.
Вазъи ҳуқуқии Президентро салоҳиятҳои ӯ, ки дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, қонунгузорӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкили мақомоти давлатӣ ва муайян кардани низоми он, ҷобаҷогузории кадрҳо муайян намудааст, ки нақш ва мақому манзалати мавсуфро дар мураттабсозии ташкили низоми ҳокимияти давлатӣ вусъат мебахшад. Яъне қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии Президент ба раванди мураккаби бо ҳам алоқаманди ташкилию ҳуқуқӣ ва сиёсие алақаманд мебошад, ки он пеш аз ҳама интихоб шудан ва шурӯъ намудан ба мансаб ва маҳдудиятҳои муқарраршударо дар бар мегирад. Ин меъёр чунин маънӣ дорад, ки бе роҳи интихоби қонунӣ ҳеҷ ягон шаҳрванд ҳақ надорад мансаби Президенти кишварро ишғол намояд ва ё соҳиби салоҳияти ӯ гардад.

Ба мансаби Президент шаҳрванди Тоҷикистон ба тариқи муқарраргардида интихоб шуда метавонад, ки синни ӯ аз 30 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Тартиби интихоби Президентро Қонунуи констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.07.1994, № 1043 бо тағйироту иловаҳо аз 3.09.1999 (№384) ва аз 28.12.2005 (№140) танзим менамояд.

Барои ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бояд таҳти ҳимояи қонун ва таъминоти махсус қарор гирад. Масъалаҳои таъминот ва ҳимояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.11.1995, № 204 «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент қасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Мавҷудияти рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия будани ӯро шаҳодат медиҳанд, ки намуд, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир, маҳал ва тарбиби нигоҳдошт, инчунин тартиби истифодаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.07. 2006, № 192 муқаррар менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори «секунҷаи» рукнҳои давлатӣ - ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад, ки вай ба ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳомкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, таҳким мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили риояи қарордодҳои байналмилалӣ, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян месозад. Зеро Конститусия муқаррар намудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, рафти қонуниятҳои инкишофи вазъи сиёсиву иҷтимои ҷумҳурӣ дар охири соли 1993 ва аввали соли 1994 нишон дод, ки он рӯз ба рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, зарурияти аз нав дар таҷрибаи давлатдорӣ барқарор намудани ниҳоди конститутсиониву ҳуқуқии президентро рӯи кор овард. 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститусионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он бояд мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешуд. Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21 июли соли 1994 қабул гардид, ки он талабот, тарзи ташкил, гузаронидани интихобот, ҷамъбасти он ва дигар масъалаҳои ба он вобастаро танзим менамуд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, боби чоруми он ба ин ниҳоди қонститусионӣ бахшида шудааст.

Ташкили қолаби нави фаъолият ва идораи давлат бо роҳбарии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол ва зуҳури ниҳоди президентӣ падидаи навини сиёсиву хуқуқие мебошад, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти давлатдории тоҷикон аз замони ҳокимияти асосгузори давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ то имрӯз назир надорад. Сарфи назар аз дигаргуниҳову душвориҳо ва ислоҳот дар қолаби идораи давлат дар худ ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хосиятҳои рукни ҳокимият, яъне ҳокимияти иҷроияро, ки бо он алоқаманд аст, ҳифз намуд.

Ҳамин тавр, қадами аввалин роҳи таъсис ва рушди ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон ба чор давра: ду давраи дар ҳайати иттиҳод будан ва ду давраи нисбатан мустақилият доштан ҷудо шуда, ҳар кадоми онҳо ба марҳилаҳои муайян алоқаманд дониста мешавад.
Ва ниҳоят қадами аввалин дар роҳи таъсиси ин ниҳод ду давраи нисбатан мустақил, ки дар боло ишора кардем баъди эълони сиёсати «бозсозӣ» гузошта шуд, ки ҳар кадоми онҳо низ бо марҳалаҳои муайян алоқаманд дониста мешавад ва маҳз дар ҳамин давра ниҳоди мазкурро ба авҷи рушд ва инкишоф оварда расонид.

Давраи аввал дар замони нисбатан мустақил аввали солҳои 1990-1992-ро дар бар гирифта, дар навбати худ ба ду марҳала тақсим мегардад: то истиқлолият (ноябри соли 1990-сентябри соли 1991) ва баъди истиқлолият (ноябри соли 1991-ноябри соли 1992). Давраи ахири зуҳури ниҳоди мазкур сифатан нав буда, бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳиистиқлол оғоз меёбад, ки ин давраи рушди ниҳоди президентиро низ шартан ба чор марҳалаи ба ҳам зич алоқаманд тақсим намуд: солҳои 1994-1999; 1999-2003; 2003-2016; 2016 то ба имрӯз. Ниҳоди президентӣ падидаи ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамто надорад. Новобаста аз душвориҳо тамоси худро ба тамоми соҳаҳо ва шохаҳои ҳокимият, хусусан ҳокимияти иҷроия нигоҳ дошта, минбаъд низ вобаста аз ислоҳот дар қолаби идораи кишвар таъсири хосиятҳои худро нигоҳ дошт.

Наботзода Сиёвуш Холмурод -доктори илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика