АНЪАНАҲОИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Меҳргон аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, мутааллиқ ба фариштаи бузурги меҳр аст, ки аз сунан ва анъаноти фарҳангии марбут ба халқи тоҷик иборат аст. Тавре ки дар сарчашмаҳои таърихӣ ишора шудааст, ин ид ҳамчун иди меҳр маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаштагонамон ин калима инчунин ҳаммаънои Офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад. Дар истилоҳ Меҳргон номи иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёист. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқаманд аст.
 
Меҳргон дар гузашта бо расму анъаноти хос ҷашн гирифта мешуд. Ҳатто дар ҷашни меҳргон аз шоҳон то аввом либоси махсус мепӯшиданд ва ба якдигар ҳадяҳо мефиристоданд. Шукӯҳу шаҳомати ин ҷашн ва рамзи хос доштани он дар бештари адабиёти шоирони тоҷику форс зикр гардидааст.
 
Сунани меҳргонӣ дар сарчашмаҳои дастрас, чун наққошӣ, матнҳои бостонӣ ва навиштаҳои муаррихону донишмандони эронӣ ва ғайриэронӣ, аз қабили Фирдавсӣ, Берунӣ, Саъолабӣ, Ҷаҳонгирӣ, Асади Тӯсӣ, Ҳеродот, Пифагор ва ғ., инчунин осори шоирону нависандагон, аз қабили Ҷоҳиз, Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Саъди Салмон ва ғ., дар ин рӯз мардум бо либоси сурх (арғувонӣ) ҷамъ меомаданд. 
 
Дар байни дастархони Меҳргонӣ, ки аз матои сурх омода мешуд, гули ҳамешашукуфта (нилуфар) гузошта, гирду атрофи онро бо гулҳои дигар оро медоданд. Гули нилуфар ҳамчун рамзи “дар об реша доштан”-ро ифода мекунад. Дар наздикии ин гулҳо чанд шохаи дарахти “газ” (дарахтчаи ҳамешасабз, ки дар навоҳии хушкии Авруосиё ва Африқо мерӯяд), “ҳум” (шабеҳи дарахти газ аст), мегузоштаанд ва ба ин дастархон навъҳои меваҳои тирамоҳӣ, ки бештараш сурханд, илова мекарданд. Меваҳо, аз қабили, санҷид, ангур, анор, себ, биҳӣ, анҷир, бодом, писта, чормағз, кунор, дулона, хурмо ва баъзе донаҳои бирёншуда аз қабили тухмӣ ва нахӯд мегузоштанд. Хӯрокҳои дигари хони меҳргонӣ аз нӯшокиҳо ва маҳсулоти нонӣ иборат буд. Аз маҳсулоти гиёҳи «ҳум», ки бо об ё шир омода мешуд, нӯшокӣ омода карда, тамоми аҳли ҷашн онро ба нишони ризоият менӯшиданд. Нони махсуси Меҳргон бо омехта кардани орди ҳафт навъи ғалла: гандум, ҷав, биринҷ, нахуд, наск, мош ва арзан омода мешуд.
 
Дигар чизҳои хони меҳргонӣ аз пиёлаи оташ ё шамъ, шакар, шириниҳо, хӯрокҳои маҳаллӣ ва бӯи хуши оби садбарг иборат буд. Инчунин, рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ (навъе аз сарв) мегузоштаанд. Ҳар маводу хӯрокаи болои хон рамзи хосси худро дошт, аз ҷумла: шакар - ширин гузаронидани умр, хурмо - серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ, биҳӣ - бӯйи хуш, гули нилуфар - дар об реша доштан, норгил ё чормағз - сахт будани тан ва сермағзӣ, ҷавзи ҳиндӣ - пурборӣ, муруд - хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ ва серборӣ, ҷоми тиллоӣ - шаҳомат, покӣ, баракат, анор - серфарзандӣ, равғани зайтун - хушбӯйӣ.
 
Тибқи шаҳодати маъхазҳои таърихӣ дар атрофи дастархон суханони нек, чун файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарзҳоро менавиштаанд. Ба шоҳони Сосонӣ рӯйи лаълии калони заррин шакар, ҷавзи ҳиндӣ, хурмои тоза, чормағзи ҳиндӣ ё норгил ва дар ҷомҳои тиллоӣ шири навдӯшида ва машрубот пешкаш менамудаанд. Анъанае низ будааст, ки одамон дар рӯзи Меҳргон ба тани худ равғани зайтун молида, ба наздиконашон гулоб мепошидаанд, то тамоми сол, яъне то Меҳргони дигар сиҳату саломат ва сарбаланду зиндагиашон чун гулоб пурнакҳат бошад.
 
Пас аз хӯрдани нону нӯшокиҳо ба рақсу мусиқии гурӯҳӣ машғул мешуданд. Асосан, таронаҳои васфкунандаи меҳру муҳаббатро сароида, рақсу шодӣ мекарданд. Дар оташи оташдон бӯи хуши испанд, заъфарон ва анбар меафрухтаанд. 
 
Тибқи пажӯҳиши муаррихон, бисёр нишонаҳо, аз қабили муҷассамаҳо, катибаҳо ва сангнигораҳо, аз ҷумла наққошиҳои Митро ба густариши оини меҳр дар Осиёи Хурд ишора мекунанд ва аз эҳтимол дур нест, ки рақси «самоъ»-и ирфонии пайравони усули «мавлавия» дар шаҳри имрӯзаи Қунияи Туркия идомаи дигаргуншудаи ҳамон рақсҳои митроӣ бошад.
 
Дар маҷмуъ, сунану анъаноти иди Меҳргон имрӯз низ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббусу созандагиҳои Пешвои миллат дубора эҳё гардида, қонунан ҳукми иди миллиро гирифт ва ҳамасола моҳи октябр бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. 
 
 
 
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика