МАФҲУМ ВА НАВЪҲОИ ЛИБОС ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

Либос яке аз ихтирооти қадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгориҳои давраҳои охири палеолитӣ тарошкордҳои сангӣ ва сӯзанҳои устухонӣ ёфт шудаанд, ки бо онҳо пӯст метарошиданд ва либос медӯхтанд. Дар баробари пӯст, барг, алаф, пӯстлохи дарахт низ ҳамчун либос истифода мешуданд. Шикорчиён ва моҳигирон барои либос пӯсти моҳӣ, рӯдаи ҳайвоноти баҳрӣ, пару пӯсти паррандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани либос нахи растаниҳои худрӯйро ба кор мебурд. Дар китобҳои муқаддаси динҳои ҷаҳонӣ низ роҷеъ ба одоби либос муқаррароту дастурҳои муайян дарҷ гардидааст. Ислом инсонро мукаррам дониста, барои риоя намудани маданияти либоспӯшӣ, зебоии сурат ва сирати ӯ эътибори алоҳида додааст, ки дар поён шарҳи пурраи онро хоҳем овард.
Дар Қуръони карим панҷ навъи либос зикр шудааст, аз қабили : либоси моддӣ (зоҳирӣ); либоси табиӣ; либоси маънавӣ; либоси наҷотёфтагон; либоси гумроҳшудагон.
1. Либоси зоҳирӣ – он либосест, ки мо ба бар мекунем, то бадани худро аз гармову сармо нигоҳ дорем ва аз ин навъи либос Худованд дар Қуръони карим ба унвони як неъмати бебаҳо ёдоварӣ мекунад: «Ӯст, ки дарёро ром кард то аз он гӯшти тоза бихӯред ва зеварҳое берун оред ва худро ба он биёроед ва киштиҳоро бинӣ, ки дарёро мешикофанд ва пеш мераванд то аз фазли Худо рӯзӣ биталабед, шояд, ки шукр гӯед!» (Сураи Наҳл, ояти 14). Ё ояти дигар мефармояд: «Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем то шармгоҳатонро бипӯшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз хар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд» (Сураи Аъроф ояти 26). Аз муҳтавои ин оятҳо чунин хулоса карда мешавад, ки либоси зоҳирӣ як неъмати худододист. Тасаввур кунед, ки инсон бо ин бузургӣ ва тамаддунофарӣ, агар аз либос маҳрум мебуд, чӣ мешуд.
2. Либоси табиӣ гуфта Худованд шабу рӯз ва марду занро мисол меорад, ки инҳо пӯшонандаи якдигар мебошанд. Ва аз ин навъи либос ҳам Худованд ба унвони як неъмат ёд мекунад: «Ӯст, ки шабро пӯшиши шумо кард ва хобро оромишатон ва рӯзро замони бархостанатон» (Сураи Фурқон, ояти 47). Худованд дар ояти дигар мефармояд: «Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби моҳи рӯза бар шумо ҳалол шуд. Онҳо пӯшиши шумоянд ва шумо пӯшиши онҳоед» (Сураи Бақара, ояти 187). Ҳамчуноне, ки гуфтем либоси моддӣ (зоҳирӣ) пӯшонандаи зоҳири инсон аз ҳар айбу нуқсон ва офат аст, инчунин либоси табиии пӯшонандаи айбҳои якдигар мебошад.
3. Либоси маънавӣ. Либоси маънавӣ аз бузургтарин ва пурнеъматтарин либос нисбат ба инсон аст, ки он тақво, яъне парҳезгорист. Ин либосест, ки инсонро дар дунё аз тамоми олудагиҳои эътиқодӣ, амалӣ ва ахлоқӣ ҳифз мекунад ва ҳар касе дорои ин либос бошад, ӯ дӯстдори Худованд ва мардум аст. Дар ривояте омадааст, ки агар Худованд бар мурдагон иҷозат диҳад, то чанд дақиқа сар аз қабрҳо бароранд ва панде ба зиндагон диҳанд, дар ҳар сурат онҳо мегуфтанд, ки «тақворо зиёд кунед, зеро беҳтарин тӯша барои охират тақвост». Худованд чунин мефармояд: «Ва тӯша бардоред, ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист» (Сураи Бақара, ояти 197).
4. Либоси наҷотёфтагон – либосест, ки Худованд ба инсонҳое, ки дорои ахлоқи накӯ мебошанд, дар биҳишт ваъда додааст: «Барояшон биҳишти ҷовидон аст. Аз зери қадамҳояшон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳое зар меороянд ва ҷомаҳое сабз аз шоҳии нозуку дебои дурушт мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ мукофоти некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе!» (Сураи Каҳф, ояти 31). «Парҳезгорон дар ҷойҳои амне ҳастанд, дар боғҳову чашмасорҳо, либосҳое аз сундусу истабрақ мепӯшанд ва рӯ ба рӯи ҳам мешинанд» (Сураи Духон, ояти 51-53).
5. Либоси гумроҳшудагон – барои онҳое, ки дар дунё инсониятро фаромуш кардаанд ва фармонбардорӣ нафсу шаҳват шудаанд, коре ба ҷуз озори халқ надоранд. Ин мардум дар дунё ба хавфу тангдастӣ зиндагӣ карда, дар охират ба пӯшидани либосе аз либоси гумроҳшудагон мегарданд ва сазовори сахттарин азоб хоҳанд буд. Худованд чунин мефармояд: «Гунаҳгоронро дар он рӯз ба ғулҳое, ки дастро ба гардан банданд, баста бубинӣ. Ҷомаҳояшон аз қатрон аст ва оташ рӯйҳояшонро пӯшидааст (Сураи Иброҳим, ояти 49-50).
Инҳо баъзе аз оятҳое буданд, ки дар мавриди либос дар Қуръони карим зикр гардидаанд. Дар мавриди чӣ гуна ранги либос пӯшидан дар Қурони карим чизе гуфта нашудааст, фақат якчанд ҳадис аз Паёмбари акрам дорем, ки дар бартарияти баъзе рангҳои либос ва макруҳ будани баъзе рангҳо далолат мекунанд. Паёмбар фармудаанд, ки либосҳои сафед бипӯшед, ки онҳо аз беҳтарин либосанд ва мурдагони худро низ дар порчаҳои сафед кафан кунед. Паёмбар сиёҳ пӯшиданро макруҳ медонистанд, магар дар се чиз: дар кафш (пойафзол), дар кулоҳ ва дар аммома (дастор, сала). Аммо, агар имрӯз бо тараққиёти илму техника, аз ҷиҳати физикиву кимёӣ ҳам назар кунем, ранги сиёҳ дорои он элементҳое мебошад, ки нӯри офтобро бо худ гирифта, ба ҷисм таъсири манфӣ дорад.
Ногуфта намонад, ки аз мушкилоти чашмрасе, ки имрӯзҳо ба назар мерасад, ин баъзан омехташавии тарзи пӯшидани либосҳои мардонаву занона аст, ки ҳусн ва муҳити ҷомеаро мекоҳонад. Агар духтарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ курта ё шими анъанавии мардона пӯшанд (бе ҷомаи болопӯши дароз, масалан бе палтои занона) ҳамчун нишонаи эътироз ба ҷинси худ ё намоиш додани омодагӣ ба шаҳвоният фаҳмида шуданаш мумкин аст, агарчи ин духтар чунин ният надорад. Агар писар дидаву дониста, либосе ба бар кунад, ки унсурҳои либоси анъанавии духтарона дорад, он гоҳ ба тамоилоти шаҳвонии ӯ низ аз нигоҳи муайян баҳогузорӣ менамоянд. Ин ду ҳолати қайдшуда дар ҷомеаи мо низ қобили қабул буда наметавонад. Баъзан нафароне ба чашм вомехуранд, ки либоси расмдорро мепӯшанд. Ҷавонмардонеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар либосашон расми занҳои нимурён, манзараи амалҳои маҳрамонаи марду зан, симои қаҳрамонони филмҳои аҷоибу ғароиб (Шрек, Рембо ва ғайра) сабт шудааст. Ба назар чунин менамояд, ки соҳиби либос ба ин «қаҳрамонон» пайравӣ кардан мехоҳад ва онҳоро мепарастад. Дар навбати худ, ин соҳиблибосон дониста ё надониста идеологияи муайянро дар байни мардум ҳамин тарз тарғиб, яъне реклама мекунанд. Бояд зикр кард, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либос қобили қабул нест. Ин ба мафкураи дигарон таъсири манфӣ мерасонад ва мумкин аст, ки сабаби фитнаангезиҳо гардад.
Ҳамчунин либосҳое, ки навиштаҷот бо забонҳои хориҷӣ доранд, нишонаи эътироз ба фарҳанги ҷомеа ё парастиши фарҳанги бегона қабул карда мешавад. Баъзе наврасон маънои навиштаҷоти либосашонро хондаю фаҳмида ҳам наметавонанд, лекин барои худ хуш мекунанд. Хуб мебуд, ки либосҳои варзишӣ ва махсус барои маъракаҳои ҷамъиятӣ омодашуда бо навиштаҷоти лозима ва рамзҳои мувофиқ муҷаҳҳаз мегардиданд. Пӯшидани либосҳое, ки дар онҳо, масалан «Я свободен», «Учись на моей ж…», «Ай лав ю май френд» ва амсоли инҳо як намуди эътироз, беэҳтиромӣ нисбати ҳисси шахсӣ ва миллӣ аст. Матни чунин навиштаҷоти либосҳо аз он далолат мекунад, ки ин нафарон: бесавод ё чаласавод ҳастанд, бо муҳити фарҳангии ҷомеа созгор нестанд, мумкин бо аъзоёни ягон гурӯҳи тундрав рафоқат доранд, ҳоло пурра иҷтимоишуда нестанд (ба тарбия ниёз доранд).
Ороишоти иловагӣ ба либос, ороишот бо зарру зевар низ диққатҷалбкунанда буда, аз бисёр нияту хоҳишҳои нуҳуфтаи шахс дарак медиҳанд. Аз меъёр зиёд будани чунин ороишот дар дасту гардани шахс нишони назарбаландӣ, худписандӣ, нуфузпарастӣ, молнодида будан аст. Дар баъзе ҳолатҳо барои нишон додани сарватмандии худ аз ин усул истифода мебаранд. Мутаассифона, ҳоло ҳам дар фарҳанги либоспӯшии ҷавонон ва на танҳо ҷавонон нуқсонҳои зиёде дида мешаванд. Кас ба тарзу одоби либоспӯшии аксари ҷавонон нигоҳ карда аз он дар ҳайрат мемонад, ки чаро фарҳанги беш аз чандҳазорсолаи мо механизми худмуҳофизатии хешро аз фарҳанги бегона, бахусус агар харобовар бошад гум кардааст. Ба ибораи дигар чизе, ки рост омад мардум пӯшидан мегиранд.
Аз ин рў, ба наврасону ҷавонон таълим додани одоб ва фарҳанги дурусти либоспӯшӣ яке аз вазифаҳои муҳими волидону омӯзгорон мебошад. Волидону омӯзгорон ва калонсон набояд ба тарзи дурусти либоспӯшии наврасону ҷавонон беаҳамиятӣ зоҳир намоянд, чунки ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста аст.

Шокиров Умедҷон Усмоналиевич – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика