ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТИИ ҲХДТ

Муҳтарам Раис ва иштирокчиёни гиромии ҷаласаи КИМ ҲХДТ.
Масъалае, ки имрӯз ба сифати мавзуи марказии Пленуми ҲХДТ баррасӣ мегардад, аз зумраи масоили тақдирсозӣ сиёсӣ ва давлатист, ки пояи устувории ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва амнияти иттилоотии кишвар аз он сахт вобастагӣ дорад.
Роҳбари Ҳизби мо ва Пешвои муаззами миллатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унсури «худшиносии миллиро хамчун воситаи муассири ҳифзи манфиати миллӣ ва саодати халқ» назаран ва амалан собит намуда, барои мо ҳизбиён шоҳроҳи бунёди давлати шаклан демократӣ ва мазмунан миллиро бо формулаи соҳибихтиёрии миллӣ, халқӣ ва давлатӣ пешниҳод карданд.
Халқи Тоҷикистон бо намои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар Шиносномаи ҳуқуқии худ ин моделро расман эълон ва интихоб кард.
Худшиносии миллӣ ҳамчун навъи фаъоли зуҳури падидаи зиндаи иҷтимоӣ, алифбои вуҷуди арзандаи ҳар инсон ва иттиҳоди сиёсист.
Аз замоне, ки Суқроти афинагӣ бо хитобаи «Худро бишнос!» ва Демокрити юнонӣ ишора кард, ки: «Ман аз он тарс надорам, ки маро намешиносанд, тарси ман аз он аст, ки худро нашносам» ва дар «Достони менуи хирад» ниёгони мо таъкид доштанд, ки «Барои он ки зиён ба одамӣ нарасад, хештаншинос бояд шуд» 2,5 ҳазор сол гузашт, вале инсоният ҳанӯз аз нашинохтани мақоми худ азият мекашад.
Нафаре, ки худро мешиносад, гузаштаи худро медонад, мақсаду мароми хешро амиқ кардааст, неку бадро барои худ ва наздиконаш тамиз карда метавонад, вай дар муносибат бо дигарон мавқеи устувори худро пайдо мекунад.
Айнан ҳамин тавр, вақте миллат ҳамчун иттиҳоди сиёсӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, эътиқодӣ ва ҳуқуқӣ мақсаду мароми созандаю бунёдкоронаи худро медонад, решаҳои маънавӣ ва таърихии хешро дар хотираи таърихиаш дарк мекунад, хислат ва симматҳои коди генетикии созандаашро дар партави таърихи пурғановату шахсиятҳои нодири илмиаш бо нодиракориҳои моддияш ҳамчун ҳуввияти миллӣ ҳазм менамояд, пойдору бардавом соҳибистиқлолии сиёсию миллии худро дифоъ мекунад.
Ҳозирини гиромӣ, ишораҳои пайвастаи Роҳбари ҳизби мо ва баромади муовини аввали Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ А.А. имрӯз низ маҳз ба дарёфти ҳамин нуктаҳои ормонии худшиносии миллии мо нигаронида шудаанд.
Миллате, ки миёни халқҳои олам худро арзанда муаррифӣ кардан мехоҳад, бояд ҳамчун организми томи зиндаи иҷтимоӣ худро арзанда муааррифӣ намояд, худро шиносад, дудмонашро донад. Мақсаду ҳадафашро дуруст муаррифӣ созад ва мавқеяшро мувофиқ ба манфиаташ муқаррар намояд.
Ин масъалагузорӣ дар шароити имрӯз барои амалкарди ояндаи ҲХДТ аз ду нукта бениҳоят муҳим ва мубрам арзёбӣ мегардад.
Якум, дунё дар шароити ноором ва ҷанги шадиди мафкураҳо қарор дорад. Донишу маърифат ва дастоварду музаффариятҳо арзишу пойгоҳҳои қавии ҳазорсолаҳо коркардшуда ва дину оини башарро, дунболи манфиат ва ғаразҳо бераҳмона ба нобудӣ кашидаанд.
Дуюм, муноқишаи когнитивӣ – ҷанги донишҳо, илму техника ва дастовардҳои инқилобҳои илмию техногеннӣ, ақли сунъӣ ва иттилооти рақамию биологиро ба сифати яроқи муқовимати фикрӣ ва ҳарбӣ интихоб карда, ақл ва донишро, ки тавлидгари саодати зиндагист, дар зиндон ва муҳосираи савқи табиӣ, манфиат, роҳат ва олами маҷозӣ қарор додааст. Ин ҷанг дар ҳафт самт: молиявӣ, идеологӣ, ифротгароию террористӣ, биологӣ, экологӣ, бедор кардани захмҳои ҳудудӣ ва қасосгирии таърихӣ оғоз шудааст, ки асари манфии онро кишвари мо низ сахт эҳсос мекунад.
Вазнинтару сангинтар аз ҳама он аст, ки ин тамоюл бузургтарин воситаи шинохти одаму олам – ақлу эҳсоси инсониро дар раванди ташаккулу коркардаш осебпазир намудааст.
Инқилобҳои техногеннӣ ва сотсиобиоравонӣ дар баробари ҳама хизматҳояшон бо донишҳои нави киберравоншиносӣ «раванди тавлиди фикри инсони муосирро» бозомӯзӣ карда, роҳҳои корношоям кардани ақлро пайдо намуда, «вируси камақлии рақамӣ»-ро кашф кардаанд, ки таҳти таъсири истифодаи аз ҳад зиёди технологияи муосир, истеъмоли маводи сунъӣ ва нофаъолии ақли инсонӣ одамони муосирро бо чунин мушкилиҳо гирифтор кардааст:
1. Мағзи сари инсони муосири ибтидои асри ХХI дар қиёс бо инсонҳои миёнаи асри ХХ аллакай табдили тамоюл кардааст. Тамоюли майнаи сари инсони нав на ба самти тавсеаи эҷодкорӣ, фикрнамоӣ ва созандагӣ, балки ба самти танбалию коҳилӣ бо таҷрибаи «кликмонӣ», «лайкмонӣ», «имтиҳоноти тестӣ» ва «ишорагузорӣ» ба хоби роҳат майл дорад.
2. Заъф ва нолозим кардани истеъдоди инсон дар ҳалли масъалаҳои мубрам, афзалияти интихоби олами виртуалӣ ва қонеи манфиатҳои савқи табиӣ дар сомонаҳои интернетӣ, коркарди ғояи фарогири вобастагӣ ва интоксикатсияи иттилоотӣ мардуми миёнасол ва бузургро ба саргумӣ ва ҷавонону хурдсолонро аз назари рӯҳӣ ба бемории роҳатдиҳанда кашидааст. Эҳтимол меравад, ки ғуншавии иттилооти фасодовар аз қудрати мағзи сари ҷавонон дар зинаи муайян убур карда, онҳоро ба бемории ҷисмонӣ ва равонӣ гирифтор менамояд, ки зарбаи вай аз пасманзари сактаи мағзи сар вазнинтар аст.
3. Сиёсисозии дини мубини ислом ва тобиши динӣ додан ба ифроту террор аз ҷониби душманони миллат, ки ҳамаи мо аз пасманзари ин амалҳои номатлуб огоҳ ҳастем, худ маҳсули муттаҳидии неруҳои аҳриманӣ дар муқобили миллати тоҷик аст. Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои масъул дар ин самт корҳои назарраси илмӣ ва амалиро дар доираи Барномаи муқовимати давлатӣ бо ифротгароӣ ва терроризм анҷом дода истодааст. Танҳо дар шаш моҳу 10 рӯзи соли равон 4 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 14 барномаи телевизионӣ дар мавзуи заминаҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ифроти динӣ баргузор намуда, беш аз 70 мақолаю маърӯзаҳо ва як монографияи илмӣ дар мавзуи «Ифрот ва дин: зиддият ва ҳамоиш» аз ҷониби кормандони Марказ таҳия ва нашр карда шуд.
4. Истифодаи тамоми навъҳои санъату фарҳанг, илму технология барои зиндонӣ ва фасод кардани ақлу ахлоқи инсонӣ мақсаднок аз марказҳои таҳлилӣ истифода мегарданд. Ба назар чунин мерасад, ки Шайтони абстрактии динҳои ҷаҳонӣ ва асотир паҳнои мувофиқи зуҳуру нумӯи худро дар майдони иттилооти рақамӣ бидуни масъулият пайдо кардааст. Мушкилӣ дар он аст, ки агар он замон адлро неруи илоҳӣ тавассути ақлу хирад назорат мекард, акнун ин ҷо худи ақлу хирад зиндонӣ эътиқоду боварӣ бошад бо ҷурми ифротгароӣ аз саҳнаи мафкураи мусбати ҷомеа бадарға шудааст. Дар ин замина, таҳияи филмҳои тасвирии махсуси фасодовар барои кӯдакон, филмҳои бадеии дар партави зӯрӣ, хушунат, шаҳват ва шаҳомати миллати бегона қомат афрохта ҳадафмандона ба майдони фикрии ҷомеаи мо партофта мешаванд.
5. Зери ниқоби демократия ва озодиҳо тарғиби рафторҳои ғайриахлоқӣ, амалҳои зишту фаҳш, ҳамҷинсгароӣ, дигаргунсозии ҷинсияти биологӣ, сиёсисозии дин ва амсоли инҳо, бо шикасти девори ахлоқӣ ва эътиқодӣ ҳамчун намои ҳуқуқи муосири либералӣ чун нуктаҳои даргири оянда вонамуд мегарданд.
Ин ҳама аз зумраи таҳдидҳое аст, ки ба маҳви истиқлоли миллии халқҳо равона шудааст. Ягона воситаи муассири илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ аз чунин ҳуҷуми мафкуравӣ худшиносии комили ақли миллат ва ҳувияти миллист. Аз ин хотир, пешниҳод мегардад, ки дар партави ин мавзуъ, ҲХДТ дар сохторҳои таркибиаш ҷиҳати дуруст роҳандозӣ намудани корҳои назарию амалӣ, вобаста ба имкон иҷрои амалҳои зерро ба нақшаҳои корӣ ворид созад:
1. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои таркибии ҳизбӣ таҳти мавзуъҳои «Заминаҳои фарҳангӣ ва ҳуқуқии ташаккули худшиносии миллӣ дар шароити муосир», «Таҳдидҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва равандҳои техногеннӣ ба ташаккули мафкураи миллӣ ва худшиносии миллӣ» ва «Худшиносии миллӣ гарави ҳифзи саодати миллат» бо ҷалби олимону донишмандони АМИТ ва устодони ботаҷрибаи Донишгоҳу Донишкадаҳо хонишҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ низомнок баргузор карда шаванд.
2. ҲХДТ рушди консепсияи «Худшиносии миллӣ» ва ташаккули идеяи «Давлати миллӣ ва дунявӣ»-ро дар чаҳорчӯби талаботи Конститутсия ва арзишҳои башарии эътирофгардида ба роҳбарӣ гирифта, коркард ва ташаккули илмии онро аз ҷониби муассисаҳои илмӣ ва олимони ватанӣ тавсеа дода, барномаҳои иттилоотӣ ва навиштани асарҳои илмӣ ва публисистиро дар ин самт дастгирӣ намояд.
3. Ҷиҳати ҳифзи ҷомеа ва миллат аз вирусҳои сохтаю сунъии фасодовару ифротиафкании хосияти динӣ ва иҷтимоӣ дошта, ҲХДТ дар партави консепсияи худшиносии миллӣ дар низоми таълиму тарбия омода намудани ваксинаҳои ахлоқии муҳофизатии ҷавононро бо тарғиби ғояҳои таҳаммулгароии сатҳи оилавӣ, афзалияти донишу савод ҳамчун арзишҳои бунёдӣ, пешгирии зӯроварӣ роҳандозӣ намояд.
4. Худшиносии миллӣ дар фаҳми ахлоқӣ ва иҷтимоӣ имрӯз барои ҳалли масъалаҳои мураккаби ҷомеаҳои муосир худкифо нест, зарур аст, ки ҲХДТ формулаи нави сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии худшиносии миллиро дар барномаҳои сиёсӣ матраҳ намояд. Формулаи нави худшиносии миллӣ бо аломатҳои сиёсӣ ба се принсипи роҳбарикунанда дар мадди аввал бояд такя намояд:
якум, ҳар аъзои ҳизб ҳамчун фарди ҷомеаи фаъол, ки қадам бар худшиносии миллӣ задааст дар мадди аввал шукри неъмат, шукри истиқлоли сиёсӣ ва Пешвои миллатро ҳамчун рамзи давлатдорӣ бо забон ва амалҳои намоишкорона не, балки бо амали содиқонаю қалбаш аз оила то коргоҳ дошта бошад;
дуюм, дар раванди худшиносии миллӣ аъзои ҳизб бояд ҳамчун узви фаъоли ҷомеа ҷиҳати аз худ кардан ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои шахсию ҷамъиятиаш намуна бошад, зеро дар давлати ҳуқуқӣ маҳз, риояи ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои шахсӣ мақоми арзандаи шахсро дар ҷомеа муқаррар мекунад;
ва ниҳоят сеюм, аъзои худшиноси ҲХДТ манфиати миллату давлатро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ва ҳатто ҳизбияш дар ҳама ҳолат бояд баланд гузорад.
Ҳамин тавр, шароит ва вазъияти замону макон аз мову шумо талаб менамояд, ки аъзои ҲХДТ дар шароити муосир танҳо шахси поквиҷдону донишманде шуда метавонад, ки шукргузор бо неъматҳо, қадршинос ба заҳматҳо, масъулиятшинос дар ҳуқуқу уҳдадориҳо буда, бо нияти неку гуфтори писандидаю рафтори баланди ахлоқӣ ва ҳуқуқиаш намунаи ҷомеа бошад.

Ташаккур ба диққататон

Узви КИМ ҲХДТ Холиқзода А.Ғ.

Яндекс.Метрика