ҲИФЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ХУДШИНОС

Асоси ҳастии ҳар миллатро фарҳанги ӯ ташкил менамояд. Фарҳанг чунин унсури муҳимест, ки дар тӯли садсолаю ҳазорсолаҳо миллатро аз нобудшавӣ ҳифз менамояд ва ба он умри пояндаю бардавом мебахшад. Ба хотири ҳамин нақши созандаю ҳаётбахши фарҳанг қишрҳои худшиносу меҳанпарасти миллат дар тули таърих пайваста барои ҳифзи фарҳанги худ тавассути офаридани асарҳои илмию фарҳангӣ кӯшидаанд.
Аммо бояд таъкид намуд, ки равандҳои таърихӣ ҳамеша на он тавре сурат мегиранд, ки мутобиқи хостаҳои фарзандони фарҳангдӯсти миллат бошанд. Баъзе раванду ҳаводиси таърихӣ ба сабаби хусусияти фаромиллӣ ва нерӯи тавонои муассирашон ба фарҳангҳои миллӣ таъсири харобиовар ва ҳатто марговар низ мерасонанд. Дар натиҷаи пайомадҳои манфии чунин таъсиррасониҳо фарҳангҳои миллӣ вижагиҳои хоси худро аз даст дода, бо фарҳангҳои бегона омехта мегарданд. Агар пеши чунин омехташавиҳои фарҳангӣ саривақт гирифта нашавад, имкон дорад, ки тадриҷан асолати миллӣ заиф гардаду барои нестшавии миллат ҳамчун умумияти махсуси этникӣ замина гузошта шавад.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар байни баъзе қишрҳои ҷомеаи мо пайравӣ аз фарҳанги бегона то дараҷае маъмул гардидааст, ки қишрҳои мазкур байни фарҳанги миллӣ ва бегона фарқе нагузошта, фарҳанги бегонаро чун фарҳанги хоси худ ҳатто ҳимоя ҳам менамоянд. Агар хуб таҳқиқ намоем, дарк менамоем, ки барои чунин афрод аслан худшиносии миллӣ пурра маънои худро гум намудааст. Қишри мазкур ба сабаби сатҳи пасти маърифати фарҳанги миллӣ ва ноогоҳӣ аз таърихи худ пайравӣ аз фарҳанги бегонаро чун ҷузъи таркибии фарҳанги хеш аллакай қабул намудаанд. Дар зеҳни онҳо фарҳанги бегона чун ҷузъи фарҳанги худӣ инъикос ёфтааст. Албатта, ҳамаи ин натиҷаи фаъолияти тарғиботии душманони фарҳанги миллӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар аст.
Дар чунин як шароити хеле мушкил ва тақдирсоз ҳар фарди худшиносу меҳанпарасти миллатро зарур мегардад, ки бетарафиро ихтиёр накарда, баҳри покӣ ва ҳифзи асолати фарҳанги миллӣ талош намояд. Зеро миллати тоҷик, чуноне ки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, таърихи шаш ҳазорсола дорад. Дар тӯли ин таърихи дуру дароз фарзандони фарҳангпешаи миллат аз худ осори пурғановати ахлоқӣ, илмӣ, таърихӣ ва фалсафие гузоштаанд, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудаанд. Ҳамин аст, ки ҳакимони бузурги башарият фарҳанги миллати моро ба некӣ ёд намудаанд.
Бояд ёдвар шуд, ки фарҳангии миллии миллати мо тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла бунёди оила, тарбияи кӯдак, эҳтироми калонсолон, ҳифзи табиат, муносибати хайрхоҳона ба намояндагони фарҳанги ғайр, ҳифзи сиришт ва тинати пок зимни пӯшидани либос ва ғайраро дар бар гирифтааст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз иддае аз фарзандони миллат бо ба бар кардани сатру ҳиҷоб намои миллии миллатро хеле қафомонда, асримиёнагӣ ва ғайривоқеӣ ҷилвагар месозанд. Қишри мазкур зери таъсири домуллоҳои асримиёнагӣ афтода, бидуни огоҳӣ аз таърих ва сабаби нозилшавии оятҳо ба зоҳири ҳукмҳо пайравӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки ҳатто худи домуллоҳои ҷомеаи мо бо андешаҳои асримиёнагии худ аз ҳадаф, сабаб ва моҳияти оятҳои қуръонии ба сатру ҳиҷоб бахшидашуда дур монда, ба тақлиди кӯр-кӯрона амр менамоянд. Бояд донист, ки ҳадаф аз оятҳои қуръонии ба сатру ҳиҷоб бахшидашуда ҳифзи сиришти пок ва ахлоқи ҳамидаи хоҳарону модарони мусумон аст, на бо ба бар кардани либоси бегона худро покахлоқ вонамуд кардан. Ҳам домуллоҳо ва ҳам хоҳарону модарон бояд дарк намоянд, ки меъёри ягонаи покахлоқии зан танҳо либос буда наметавонад. Агар сиришт ва сифатҳои ахлоқии комил дар зеҳни ҳар фарди ҷомеа, алалхусус хоҳарону модарон ҳукмрон набошад, бо либоси зоҳирии бегона мо на шаъну шарафи занҳоро ҳимоя карда метавонем ва на талаботи ҳукми оятҳои қуръониро иҷро менамоем.
Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа, махсусан зиёиёнро зарур аст, ки дар байни аҳли ҷомеа дар чанд самт бояд пайваста кор баранд:
- дар байни аҳли ҷомеа аз таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ бештар ҳарф зананд;
- моҳияти созандаи фарҳанги миллиро шарҳу эзоҳ диҳанд;
- нақши фарҳанги миллиро дар ташаккули худшиносии миллӣ ва пойдории давлати миллӣ фаҳмонанд;
- пайомадҳои манфии бегонапарастӣ, хосатан теша ба решаи миллату давлат задани чунин амалкардҳоро возеҳ созанд;
- хусусиятҳои рушди ҷомеаи имрӯзаи башарӣ ва нақши занонро дар раванди мазкур бояд муфассал фаҳмонанд;
- бояд ба самъи аҳли ҷомеа расонанд, ки аз зоҳирпарастӣ на ҳадафи динӣ ҳосил мегардаду на дунявӣ.
Ҳамин тариқ, бояд мутмаин буд, ки ҳамқадами замон будан танҳо дар заминаи фарҳанги созандаи миллӣ метавонад кафили боэътимоди таъмини ояндаи дурахшони миллат бошад.

Абдухалилзода К.А. – муовини директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Яндекс.Метрика