Дар шароите, ки олами Ғарб бо пешравии илму технология ба инсон ҳамчун объекти илмӣ аз назари техногенӣ назар намуда, онро ҳамчун Homo Sapiens организми зиндаи иборат аз маҷмуи алгоритмҳо мавриди таҳқиқ қарор дода, ҷиҳати такмили ҳолати биологию ақлонӣ ва техногении он тавассути илмҳои дақиқ чораҷўӣ менамояд, олами мафкуравии Шарқ нисбат ба инсон ҳамчун махлуқи офаридашуда назар намуда, на танҳо ҷиҳати ислоҳ ва рушди он андеша ва кўшиши арзанда дар заминаи дастовардҳои илмӣ надорад, ҳатто ҳанўз роҳи дурусти ахлоқию эътиқодии худро дар партави навиштаҳои осмонии худ пайдо нанамуда, гирифтори баҳсҳои мафкуравии хилъат ва рисолати инсон боқӣ мондааст.
Ғарб дарвозаи фулодини хурофотро шикаст, наҷоти мафкураро ёфт
Замоне, ки Калисои аврупоӣ «раҳмати илоҳиро тавассути падидаи индулгенсия ҳамчун чипта барои биҳишт» бо пулҳои тиллоӣ мефурўхтанд, бо эътирози 95 тезиси рўҳонии ислоҳотгаро Мартин Лютер дар девораи Калисои муқаддасони Виттенберг 31 октябри соли 1517 ба хотираи таърихӣ партофта шуд. Рўҳониёни аврупоӣ динро аз асорати хурофотӣ ва ҷаҳолати молӣ 500 сол муқаддам бебозгашт наҷот доданд ва роҳро барои рушди илму озодии мафкура боз намуданд. Равшан аст, ки ба ин кор рўҳониёни мо ҳеҷ гоҳ даст намезананд, зеро қонунияти бозори манфиати шахсӣ аз эътиқоду боварҳо устувортар гардидааст. Ин аст, ки дар фазои мафкураи динии мо ҳанўз на танҳо фурўши роҳхати илоҳӣ бар ивази қурбонии навҷавонон ва молу пули аҷнабиён идома дорад, инчунин сўиистифодаи боварҳо ҷиҳати қонеъ сохтани нафси шаҳвонӣ тобиши ҷадид пайдо карда, хурофоту, таасубу ифротро ба воситаи муассири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум қарор додааст. Мушкилӣ он аст, ки соҳибони аслии дин домуллоҳою рўҳониёну имомхатибон ҷиҳати халосии миллат аз ин хатари азим дасткўтоҳанд. Мутаассифона, зиёиёни ба доми хурофот афтида, низ қудрати ин корро надоранд. Ин ҳолати мафкуравии мардуми мусулмонро дида, муҳандисони иҷтимоии ғарбӣ дуруст фаҳм кардаанд, ки «оини нави зиндагии наҷотбахши башар ба гумон аст, ки аз ғорҳои Афғонистону мадрасаҳои Шарқи наздик рў занад. Ба гумони ғолиб фаввораи онҳо аз таҳқиқоти лабараторияҳои илмӣ имконпазир аст» .
Ба назар чунин мерасад, ки мо ҳанўз дар шинохти Худои худ мушкилӣ дорем. Ғарб Худоро бо қудратҳои офаридгорию озодипарастиаш аз мо дида, хубтару беҳтар дарку ҳазм кардааст. Ин аст, ки сарҳади дахолати Худовандро онҳо то сарҳади озодиҳои инсон дуруст ҳазм карда, ҳама бурду бохти зиндагии иҷтимоиро инсони ғарбӣ таҳти таъсири ақлу хирад бар дўши худ гирифтааст. Мо бошем на рисолати созандагиро бар дўш гирифтаем ва на сарҳади шинохти инсони муосир ва рисолати таърихии онро дуруст дарк кардаем.
Ин аст, ки мо то ба ҳанўз ҳама корро, ҳама вазниниро ба Худо мепартоем. Аз хотир мебарорем, ки Ў ба мо се неъмати бузург - ақл, озодии ирода ва таҷрибаю интихобро додааст. Ин ҳолати мушкилии худошиносӣ дар сарҳади муайяни ҳаракати мафкура дар роҳи шинохти худ, моро ба мушкилии инсоншиносӣ ва рисолати инсони муосир ҳаво додааст.
Равшан аст, ки дигаргунию рушди ҳаёти иҷтимоӣ тибқи қавонини ҳастии башарӣ тобеи худшиносии фардист. Субъекти фаъоли ҳаёти иҷтимоиро қабл аз дигаргун сохтани муҳити зитсту қонуну қавоиди зиндагиаш зарур аст, ки худро шиносад, олами атрофро дуруст баҳогузорӣ намояд, мақсаду ҳадафҳои худро муқаррар карда, хатти рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавиашро зери таъсири арзишу қавонони ногузир таҳия созад. Дар сурате, ки вай мисли атеистҳо пурра худро аз таъсири офаринишу тобеият озод карда наметавонад (албатта, ин ҳолат хатарҳои худро низ дорад), вай муваззаф аст, ки мисли озодандешони боваркунанда, озодиҳо ва хиради инъомнамудаи илоҳиро дуруст ва мақсаднок дар паҳнои саодату манфиаташ бо иродаи озод аз таъсири беруна, роҳандозӣ намояд. Танҳо пас аз ин воқеиятро бо чунин усул дарк кардану заруратҳоро муайян намуданаш, инсони муосири шарқӣ имкону неруи худро дар кори дигаргунсозии худ ва олами атроф равона намуда, ба раванди ҳодисоти табиӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун субъекти таъсиррасон ва таърихсоз асаргузорӣ менамояд.
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор
Баробеков Вафобек Амадбекович
Мирзозода Азизуло Файз