
Имрӯз, 01/05/ 2024 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ҳамкории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи дин,танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо ходимон дини шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим иштирок ва дар мавзуи" Дин ва ифрот, зиддият ва ҳамоиш" маърӯза намуд.
Дар чорабини мазкур зиёда аз 450 - нафар ходимони дин, мудирони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури иштирок ва аз баргузории семинар изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки семинари мазкур дар таърихи 29-уми апрели соли ҷорӣ оғоз ва давоми 3 - рӯз идома хоҳад ёфт.
Лозим ба ёддоварист, ки дар чорабинии мазкур васоити ахбори омма низ иштирок доштанд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ