Санаҳои 23 то 27 – уми апрели соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ таҳти сарпарстии Абдухалилзода К.А. – муовини директори Маркази иломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбоншоев Илҳом - мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломии Марказ ва Қаландаров Бурҳониддин - мутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба ноҳияҳои Нуробод ва Рашт ҷиҳати шарҳу эзоҳи суханронии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дини кишвар сафари корӣ анҷом доданд.
Дар мулоқотҳо роҳбарияти мақомоти ноҳияҳои Рашт ва Нуробод, муовини директори Маркази иломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухалилзода К.А. Қурбоншоев Илҳом - мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломии Марказ ва Қаландаров Бурҳониддин - мутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо иштирок ва баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳоро таъкид намуданд.
Дар ҷамоатҳои деҳоти Муҷиҳарф ва Яхчи ноҳияи Нуробоб Абдухалилзода К.А. – муовини директори Маркази иломшиносӣ, дар хусуси дастовардҳои кишвар дар самти фаъолияти динӣ дар даврони истиқлол, афзалияти низоми дунявӣ ҳамчун муҳити соллими барои тамоми дину мазҳаб созгор, мушкилоти вазъи динии кишвар, сабаб ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба равия ва гурўҳҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирии онҳо, масъулияти падару модар дар самти мазкур, мақом ва манзалаи улуми табиатшиносӣ дар рушди ҷомеа ва зарурат ва аҳамияти тарғиби улуми мазкур дар таълим ва тарбияи насли ҷавон суҳбат намуд.
Дар навбати худ Қурбоншоев И. корманди Маркази исломшиносӣ дар мавзӯи «Оқибати сиёсишавии ислом барои ҷомеа” суханронӣнамуд. Қаландаров Б. дар атрофи нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат суханронӣнамуда, ба мавзуи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣба гурўҳҳои ифротӣтаваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар идомаи вохӯриҳо гурӯҳи корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Рашт ва баъдан дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар хусуси дастовардҳои кишвар дар самти фаъолияти динӣ дар даврони истиқлол, афзалияти низоми дунявӣ ҳамчун муҳити соллими барои тамоми дину мазҳаб созгор, мушкилоти вазъи динии кишвар, сабаб ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба равия ва гурўҳҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирии онҳо, масъулияти падару модар дар самти мазкур, мақом ва манзалаи улуми табиатшиносӣ дар рушди ҷомеа ва зарурат ва аҳамияти тарғиби улуми мазкур дар таълим ва тарбияи насли ҷавон суҳбат намуданд.
Дар навбати худ Қурбоншоев И. дар мавзӯи «Оқибати сиёсишавии ислом барои ҷомеа” суханронӣ намуд. Қаландаров Б. дар атрофи нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат суханронӣ намуда, ба мавзуи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои ифротӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд.
Дар фарҷом байни иштироркчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ