Ҳадаф ва хусусиятҳои ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ-сиёсии исломӣ дар давлатдории миллӣ

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Э.Раҳмон
 
Дар даҳсолаҳои охир дар ҷаҳони муосир як қатор масоили хатарзои ҷиддие ба мисли экстремизм, терроризм ва фундаментализм пой бар арсаи вуҷуд ниҳодаанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд.  
 
Баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоку муғризонаи хеш ташкилоти экстремистӣ бо истифодаи дини мубини Ислом ва таҳрифи оёти қуръонӣ  бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба эътиқоди динии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ  таъсир расонида, ақидаҳои ифротии хешро таъсиргузор созанд. Амалҳои террористии дар баъзе давлатҳо аз ҷониби ҷонибдорону аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ содиршуда нишонаи муваффақшавии онҳо дар ин ҷода мебошад.
   
Дар сатҳи қонунгузорӣ таҳти мафҳуми амали террористӣ ин содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурўҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурўҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, рабудани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ, маҳдуд кардан аз озодӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, фаҳмида мешавад.
 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели  соли 2001, 11 марти соли 2008, 30 марти соли 2006, 8 январи соли 2009, 3 майи соли 2012, 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистии мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Ихвону-л-муслимин» (Бародарони мусулмон), «Лашкари Тайиба», «Гурўҳи исломӣ» (ДИИШ), «Ҷамъияти Исломии Покистон», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизбу-т-таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳату-н-нусра», «Гурӯҳи-24», «Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон» ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www. irshod.kom,  www.irshod.net ва дигар вебсайтҳои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» баста шудааст. 
 
Ба ҳудуди  Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» манъ карда шудааст. 
Сомонаҳои интернетии «Гуруҳи 24» баста шуда, ба  Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Гуруҳи 24» манъ карда шудааст.
 
Хатари ҷиддие, ки дар  солҳои охир по ба арсаи вуҷуд гузоштааст, ин шомилшавии баъзе аз ҷавонони кишвари мо ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ мебошад, ки ин на танҳо мушкилоти ҷидии диёри мо, балки зуҳуроти номатлубу ташвишовари тамоми кишварҳои олами имрўза мебошад. 
 
Махсусан, амалҳои ифротгаронаи моҳи декабри соли сипаригардида дар калисои масеҳиёни шаҳри Истамбули Туркия, 4 январи соли равон дар шаҳри Кирмони Эрон ва воқеаи ба наздикӣ - 22 март,  дар «Крок Сити»-и  шаҳри Красногорск рухдода, ки дар он ҷавонони тоҷикистонӣ даст доштанд, доғи сиёҳе ба пешонаи пурнури тоҷикон кашид. Дар таркиши 4 январи соли равон дар даромадгоҳи оромгоҳи шаҳри Кирмон рухдода, тибқи ахбори вазири тандурустӣ ва таълимоти тиббии Эрон Баҳром Айнуллоҳ , 95 нафар фавтид. Вале, тибқи маълумоти ВАО теъдоди фавтидагон ба 103 нафар расида, 211 нафар маҷруҳ гардиданд. 
 
Тафтишоти анҷомёфта нисбати се амалиёти ифротгаронаи  қаблан зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки паси ин корҳо ташкилоти террористии «ДИИШ» ва гуруҳи  «Давлати исломии Хуросон» меистад. 
 
Натиҷаи ин он аст, Эрон баъди таркишҳои дар Кирмон рухдода марказҳои диишиёнро дар Вазиристони Покистон ва шаҳри Идлиби Сурия мушакборон намуд (то ҳозир дар шаҳри Идлиби Сурия аъзоёни гурўҳи террористии «ДИИШ» мавҷуд аст, ки онҳоро Туркия ва ИМА ҷонибдорӣ менамояд).
 
Дар натиҷа дар Русия, Олмон, Итолиё, Туркия ва дигар кишварҳо чораҷўиҳою тафтишот нисбати тоҷикон оғоз гардид. Вале шукрона аз он мекунем, ки аксар равшанфикрону соҳибназарони хориҷӣ аз Қирғизистон, Амрико, Русия, Украина, Туркманистон тавасути шабакаҳои интернетӣ ба дифои тоҷикон бархоста, соҳибшараф, соҳибилм, соҳибхирад будани тоҷиконро таъкид намуда, бо забонҳои русӣ ва инҷлизӣ дифоъ аз тоҷикон намуда, соҳибтамадун будану хосатан хизматҳои анҷомдодаи аҷдодони бомаърифати моро ба аҳли башар бори дигар хотиррасон намуданд. 
 
Ногуфта намонад, ки амалҳои манфуронаи мазкури анҷомдодаи тоҷикистониҳо метавонад таҳримҳои гуногун, махсусан иқтисодиро, бар сари мо бор кунад. Шукри Худованд, обрўю мартабаи Пешвои муаззами миллат дар назди сарони кишварҳои олам ва таъкидҳои доимии Сарвари маҳбубамон-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хосатан аз минбарҳои бонуфузи олам, оид ба миллату мазҳабу Ватан надоштани террористон ва манфиатҳои хоҷагони худро ҳаллу фасл намудани онҳо мақбул гардида, садди ин роҳ гардидаанд.
 
Фаромўш набояд кард, ки сарчашмаи асосии  фаъол  гардидани  зуҳуроти терористӣ, ташкил гардидани  ташкилоти террористӣ ва таъмини молию таҷҳизотии онҳо,  бе шак, аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ анҷом меёбад. 
 
Бинобар ин, баҳри пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мо бояд корҳои таълимию тарбиявӣ ва  ташвиқотиро аз оила шуруъ намуда,  дар мактабу дигар  ташкилоту муассиса ва идораҳои ҷамъиятӣ онро пурзӯртар намуда, фаҳмиши манфиатҳои миллиро  дар байни оммаи мардум ҳамчун ҳифзи истиқлоли давлатӣ, якпорчагии давлат, асосҳои сохтори конститутсионӣ, мустаҳкам намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ, рушди босуботи иқтисодӣ зиёдтар ташвиқу тарғиб намоем. Зеро, таъсири  технологияи иттилоотию коммуникатсионии замони муосир, равандҳои мағзшуии ҷавонон (махсусан) дар арсаи байналмилалӣ,  ба таври  манфӣ муаррифӣ намудани миллату мамлакати муайяне аз ҷониби гуруҳҳои махсус, бо истифода аз дину мазҳаб тафриқаандозӣ намудан дар байни одамон дар фазои иттилоотии замони  ҳозира кори асосию ҳамарўза гардидааст.
 
Наҷмиддин Салимов - мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши исломи муосир
 
 
Яндекс.Метрика