“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ваҳтадти миллӣ, ки арзишмандтарин дастовардҳои миллати тоҷик аст ва бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё мегарданд. Ҷашну маросимҳои мардумӣ зинда ва ғанитар гардида ба ин восита худшиносиву худогоҳии миллӣ тақвият меёбад. Яке аз ин гунаҷашну марсими аҷдодони мо, ки дар гузашта бо шукуҳу шаҳомат ва шавқу шуури беандоза аз он таҷлил мегардид, ин ҷашни Меҳргон буд, ки хушбахтона ин суннати арзишманди миллати тоҷик аз нав эҳё гардид.
Ҷашни Меҳргон аз ҷашнҳои бисёр бузург ва бо шукӯҳи аҷдодони мо дар аҳди бостон будааст. Донишмандони тоҷик бо истинод ба китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазорсола хондаанд. Аммо муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст.
Ин идро дар қадим Митроконо мегуфтанд ва баъдҳо номи Меҳргонро гирифт. Ин ҷашни бузург аз меҳррӯз (16 меҳр – 8 октябр) оғоз ёфта, то Ромрӯз (21 меҳр – 13 октябр), яъне шаш рӯз тӯл мекашид. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосилғундории марди деҳқон ва рамзи шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат буда, он дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошт.
Ҷашни меҳргон ҳамчун арзиши миллӣ ва маданияти маънавии аҷдодони мо дороиҷанбаъҳои хосси худ мебошад. Яке аз ҷанбаъҳои асосии пайдоиш ва инкишофи ин суннати ниёгон ин ҷанбаи кайҳонӣ, таърихӣ, оинӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ доштани он мебошад. Ҷанбаи кайҳонӣ ё нуҷумии он ба ҷараёни офариниши олам ва дигар омӯзаҳои ҷаҳоншиносӣ марбут аст, ҷанбаи кайҳонии он дар он зоҳир мегардад, ки дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Бо ин сабаб буд, ки гузашташтагони мо ин ҷашнро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Бархе аз муҳаққиқон навиштаанд, ки меҳр номи хуршед аст ва дар ин рӯз хуршед ошкор шуда, курраи моҳ, ки то он рӯз гӯё торикӣ буд, аз хуршед фурӯғ ва рӯшноӣ гирифт. Ба навиштаи «Бундаҳиш» Машӣ ва Машиёна дар ҳамин рӯз зода шуданд. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ худованд дар ин рӯз заминро бигустаронид.Ҷанбаи таърихии он як силсила ҳодисаҳои муборизаи некӣ бо бадӣ, нур бо зулмат ва барқарор намудани адлу ростӣ дар кишвари паҳновари Эронзаминро дар бар мегирад, ки он шомили нуқтаҳои муҳими ахлоқӣ мебошад. Бо ин сабаб дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ махсусан дар аҳди Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониё ин ҷашн мақоми волоеро касб карда буд. Ин буд, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ Меҳргон ба унвони арзиши миллию ахлоқӣ дар тарғиби некию накукорӣ ва василаи мубориза баҷаҳлу зулмат ва барқарории адолату баробарӣ ба кор бурда мешуд. Чуноне, ки Абуҷаъфар Муҳаммади Табарӣ (839-923) дар китоби «Таърих-ур-расул ва–л-мулук» овардааст,: «Рӯзе, ки Фаридун бар Заҳҳок даст ёфт ва ӯро баста ба занҷир маҳбус сохт, рӯзи меҳр буд аз моҳи меҳр, ки мардум онро ид гирифта ва Меҳргон ном ниҳоданд ва гиромӣ доштанд. Зеро зиндагонии худро, ки аз зулми Заҳҳок аз каф дода буданд, ба адли Фаридун ба даст оварданд».
Ҷанбаи оинии Меҳргон вобаста ба пайдоиши дини меҳрпарастии ниёгони ориёии мо аст. Оини мазкур дар асри 18 пеш аз мелод дар ҳаволии рӯдхонаҳои Ҷайҳуну Сайҳун ва канораҳои соҳили он ба вуҷуд омада, то аҳди Хаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард. Бино ба маълумоти муаррихон (Ксенофонт ва Плутарх), он дар сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри 4 мелодӣ дар Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд. Танҳо император Константин барои интишори дини масеҳӣ тавонист, ки пеши роҳи нуфузи баъдинаи митраизм дар Ғарбро бигирад.
Ҷанбаи кишоварзии ин ҷашн дар он зоҳир мегардад, ки ин ҷанш дар айёми, ҳосилғундорӣ ва инкишоф ёфтани корҳои деҳқонию кишоварзӣ мебошад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Дар гузашта ба истиқболи ин рӯзи муборак кишоварзон, чорводорон ва деҳқонон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, ба ин васила баҳри пешрафти иқтисодиёти ҷомеаи худ саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин хотир бо дар назардошти ин ҷанбаъҳои муфидаш Меҳргон дар даврони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё гардид ва тибқи қарорим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, таҷлили ин иди аҷдодӣ дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст.
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.