Даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷавонони дар донишгоҳҳои динии хориҷӣ таҳсилдида таълимот ва ҷараёнҳои нави исломии ғайриҳанафиро ба кишвар ворид сохтанд ва ҷараёнҳои ифротии Ваҳҳобия, Салафия, Ҳизби таҳрир ва дигар равияҳои динӣ аз худ дарак доданд. Намояндагони равияҳои нави динӣ ба рақобат пардохтанд, онҳо бо кӯмакҳои молиявӣ ва маънавии хоҷагони хориҷии худ ҳарчи бештар муридону ҷонибдорони худро ҷамъ овардан мехостанд.
Албатта, рӯҳониёни суннатӣ ба зидди гумоштагони равияҳои динии ифротӣ бархостанд, бо тамоми неру кушиш мекарданд, ки пеши роҳи таълимоти ифротии онҳоро гиранд. Мутаассифона, ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдида аз кумаки молиявӣ ва маънавии неруҳои пурқудрати хориҷӣ бархурдор буданд ва баъдан, дар донишгоҳҳои динии хориҷӣ хуб “мағзшӯӣ” шуда буданд, инчунин таҳсилоти амиқу ҳаматарафаи динӣ доштанд. Аз ин сабаб, рӯҳониёни суннатии Тоҷикистон бо онҳо самарнок муқовимат карда наметавонистанд ва дар баҳсҳои оммавӣ мағлуб мешуданд. Хушбахтона, ба рӯҳониёни маҳаллӣ давлат кӯмак расонид, фаъолияти равияҳои ғайрисуннатии ифротиро бо қонун манъ намуд.
Бо ташаббуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақш ва ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар кишварамон ҳифз карда шуд ва соли 2009 «Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа» эълон гардид. Соли 2010 шаҳри Душанбе аз тарафи Ташкилоти исломӣ оид ба масъалаҳои таҳсилот, илм ва фарҳанг барои дастовардҳо дар рушди ислом “пойтахти фарҳанги исломӣ” эълон гардид. Соли 2013 бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Имомхатибони масҷидҳои панҷвақта либоси ягона ва маош муқарар карда шуда, Қуръон бо забони тоҷикӣ тарҷума ва ба нашр расонида шуд.
Инчунин аз ҳисоби Фонди президентӣ барои чопи китобҳои динӣ ва осори мутафаккирони бузурги динӣ даҳҳо миллион сомонӣ ҷудо карда шуданд.
Бо ташаббуси ҳукумат нисбат ба дин таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои таҳсилоти динӣ ва фаъолияти қонунии ташкилотҳои динӣ дар Тоҷикистон шароитҳои мусоидро фароҳам сохта шуданд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибихтиёр узви Конфронси давлатҳои исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад, ки ба татбиқи эътиқод ва диндории шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Набояд фаромуш кард, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вазъи диндорӣ дар Тоҷикистон ба бӯҳрон гирифтор гардида буд, дар кишвар гурӯҳҳои иҷтимоие ташаккул ёфта буданд, ки аз дин суистифода менамуданд ва ё ба дин зид мебаромаданд, мухолифатҳои арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ дар кишвар авҷ гирифта буд. Ҳатто гурӯҳҳои мухолифини ҳукумат дар зери таъсири ҳаракатҳои экстремистию террористии хориҷӣ монда, дар муборизаҳои сиёсӣ аз дини ислом васеъ истифода мебурданд. Ҳамин тавр Роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои динӣ ва дунявиро ба мувозинат овард, динро аз сиёсат ҷудо кард ва тозагии исломи суннатиро нигоҳ доштанд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Минбаъд дар Тоҷикистон ҳаёти динии аҳолӣ самаранок танзим мегардад, ки пеш аз ҳама ба таҳия ва амалӣ гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи дин алоқамандии зич дорад. Тоҷикистон то ҳол роҳҳо ва амсилаҳои муносиби робитаи давлат ва динро ҷустуҷӯ менамояд ва дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст. Ботадриҷ талаботҳо ва манфиатҳои динии шаҳрвандон дар сатҳи қонунӣ ва шоиста қонеъ гардонида шуда, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи дин такмил меёбанд. Дар ин гуна шароит бояд рӯҳониёни исломи суннатии Тоҷикистон аз ҳад зиёд ба кумаки давлат умед набанданд, худ барои мустақилона дифоъ намудани фазои динии Тоҷикистон аз равияҳои динии ифротгаро омода бошанд. Давлат тавассути ба роҳ мондани таҳсилоти босифати динӣ мутахассисони варзидаи соҳаи динро омода намоянд.
Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳаи дин муносибати дин ва дунявият рушд намуда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфт, ваҳдати миллӣ дар асоси ба ҳам наздик намудани ҷанбаҳои дунявият ва дин барқарор гардид.
Дунявият дар низоми давлатдории навини миллии Тоҷикистон мазмуну моҳияти тозаро касб намуда, такмил додани ҷаҳонбинии динӣ ва дунявӣ ҳуқуқи баробарро соҳиб гаштанд. Ҳамзамон дар алоҳидагӣ ташаккул ёфтани дин ва сиёсат, ҳамчун унсури муҳимтраини фарҳанг эътироф гардидани дин, такмил ёфтани амсилаҳои нави муносибати байни давлат ва дин шароитеро фароҳам оварданд, ки намояндагони дин ва дунявият ҳамзистии осоиштаро барқарор намуда, муносибатҳои динӣ бо роҳи осоишта ба танзим дароварда шаванд, амну субот ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин арзиши иҷтимоӣ эътироф гарданд. Шинохти дин ба сифати зуҳуроти иҷтимоӣ-фарҳангӣ заминаҳои эъмори давлати дунявиро мустаҳкам намуд, дин аз сиёсат озод гардид ва барои тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон нигаронида шуд, ки як дастовард ва таҷрибаи нодир дар кишвари тозаистиқололи демократии Тоҷикистон ва умуман, Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Таърих ва вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи мо бори дигар собит намуд, ки дунявӣ будани Тоҷикистон роҳи дурусти рушди кишвар мебошад. Ба ақидаи муҳаққиқ Абдуллоҳи Раҳнамо: “Имрӯз аз миёни 55 кишвари мусулмоннишин, беш аз 50 кишвари он дорои ҷомеаҳои чанддинӣ ва чандмазҳубӣ ҳастанд... амсилаҳои давлати мазҳабӣ дигар наметавонанд ҳамзистии мардумӣ ва суботу амнияти ҷомеаҳои мусулмоннишинро таъмин намоянд... Ин вазъият бори дигар бартарии сохтори давлатдории дунявиро дар ҷомеаҳои мусулмоннишин исбот менамоянд... Танҳо давлати дунявӣ дину мазҳабҳо ва ихтилофҳои ақидатию мазҳабиро берун аз фазои муборизаҳои сиёсӣ ва қудратӣ нигоҳ дошта, шароити зарурӣ барои фаъолият ва ҳамзистии онҳоро таъмин менамояд”.
Бо вуҷуди муваффақиятҳо дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои осоишта дар байни дин ва сиёсат, дунявият ва дин, озодии виҷдон ва эҳёи арзишҳои динӣ мухолифон ва душманони ғоявии ҷумҳуриямон аз хориҷ истода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои афрӯхтани низоъҳои динию сиёсӣ ва ақидавӣ дар Тоҷикистон тамоми кушишҳои худро истифода мебаранд. Онҳо сиёсати давлатии Тоҷикистон дар бораи динро муғризона ва нодуруст шарҳ дода, тарғиб менамоянд, ки дар Тоҷикистон ҳамаи озодиҳои динӣ маҳдуд карда шудаанд, ҳарчанд худи онҳо дар рушди ҳаёти динии Тоҷикистон ба ҷузъ паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ, ангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ, тарғиб ба гирдиҳамоӣ ва ҷангу ноамн сохтани вазъи босуботу ороми ҳаёти кишвар ягон хидмати назаррасеро ба анҷом нарасонидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».
Дунявият ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ арзиши умумибашарӣ буда, дар ҷањони муосир ботадриҷ паҳн мегардад. Дунявӣ будани давлати Тоҷикистон маънои онро дорад, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд, аммо диндорон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа фаъолона ширкат варзида метавонанд. Низоми дунявият дар Ғарб ва Шарқ фарқ дорад, ва дунявияти шарқиро нусхаи дунявияти ғарбӣ донистан хато мебошад. Баъдан, таърихи давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсии Шарқ аз Ғарб ҳамеша фарқ менамуд ва дар ҳамаи давлатҳои дунявӣ принсипҳои ягонаи давлатдории дунявиро татбиқ намудан номумкин мебошад. Айни замон бештари давлатҳои ҷаҳон мувофиқи хусусиятҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии миллати худ аз принсипҳои меҳварии дунявият истифода мебаранд.
Дар ин гуна шароит Тоҷикистон дунявиятро вобаста ба вазъи динии Тоҷикистон дар амал татбиқ менамояд ва унсурҳои фарҳангу ҳувияти миллӣ ва арзишҳои дини ислом ба инобат гирифта мешаванд.
Дар давлатҳои ғарбӣ дин ва ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудоянд, аммо давлат барои амалӣ сохтани барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии худ аз ташкилотҳои динӣ истифода бурда, тавассути калисо оммаи диндоронро ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ҷалб намояд. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудоанд ва онҳо ба корҳои давлатӣ дахолат намекунанд, аммо давлат аз дин ва ташкилотҳои динӣ ҷудо нест, зеро “давлат фаъолияти ташкилотҳои диниро дар доираи қонун муқаррар карда, тавассути он аз болои ташкилотҳои динӣ назорат мебарад ва калисо дар ин робита ҳамчун пул дар байни дину давлати дунявӣ хизмат мекунад”.
Вазъи иҷтимоӣ-динии Тоҷикистон хусусиятҳои хоси худро дорад, дар Тоҷикистон ташкилотҳои ягонаи диние вуҷуд надоранд, ки фаъолияти динии мусулмононро пурра назорат ва идора намояд. Дар Тоҷикистон мусулмонон эътиқоди худ ва маросиму оинҳои диниро мустақилона ба амал мебароранд, ниёз ба миёнарав надоранд. Бо ин сабаб, давлат тавассути ташкилотҳои динӣ пурра тамоми фаъолияти мусулмононро ба танзим дароварда наметавонад. Аммо нақши рӯҳониёни алоҳидаи исломӣ дар амалӣ намудани анъанаҳо ва маросимҳои динӣ бузург мебошанд. Мардум ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ аз рӯйи фаъолияти рӯҳониёни он баҳогузорӣ менамоянд. Бо ин сабаб, рӯҳониёни алоҳидаи исломӣ ё шахсони алоҳида барои расидан ба ҳадафҳои шахсии худ аз эътиқоди динии мардум истифода баранд. Бо ин сабаб, муносибати осоиштаи дин ва давлати дунявӣ ба фаъолияти динии рӯҳониёни бонуфузи исломӣ алоқамандӣ дорад. Ҳоло баъзеи диндорон ба арзишҳои динӣ содиқ нестанд, зеро аз сабаби дилбастагии зиёд ба арзишҳои дунявӣ худро зоҳиран диндор меҳисобанд, аммо кулли талаботҳои диниро ба анҷом намерасонанд. Ё худ каҷрафториҳои гуногуни иҷтимоӣ ва зиддидинӣ содир менамоянд, аммо барои эҳтироми дигаронро ба даст овардан ва худнамоишдиҳӣ кӯр-кӯрона зоҳиран ба ибодату иҷрои маросимҳои динӣ машғул мегарданд,
Як далели имони заиф доштани баъзе аз афроди “боимон” ва бо ном “тоҷирони мусалмон” боло бардоштани нархи молу маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон, Идҳои Рамазон ва Қурбон мебошад. Ҳоло баъзе аз доираҳои гурӯҳҳои ифротии динӣ ба руҳониёни сунатии маъруфи кишварамон бархурди сахт нишон медиҳанд, онҳоро “ҳукуматӣ” ва гумоштаҳои мақомоти амниятӣ меҳисобанд, бо ҳар роҳ кушиш менамоянд, ки мақоми иҷтимоии онҳоро паст зананд.
Дунявият ва падидаҳои дунявӣ барои қонеъ гардонидани талаботҳо ва манфиатҳои модии воқеии одамон дар ҷомеа, мисли муҳити зисти мусоид, баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволӣ, беҳдошти вазъи саломатӣ ва таъмини асбобҳои маишӣ ва монанди инҳо равона гардидаанд. Дар сурати зарурӣ талаботҳои моддӣ, ки заминаи падидаҳои дунявиро ташкил медиҳанд, ҳамеша ба талаботҳои динӣ ғолиб меояд, зеро ҳар як инсон барои мавҷудият ва зиндагии худ талабот ба хӯрок, пӯшок ва манзили зист дорад. Ҳатто дин дар он дунё (биҳишт) ба инсон неъматҳои фаровони моддиро ваъда медиҳад ва дар ин маврид низ унсурҳои дунявият ба назар гирифта шудаанд. Маҳз зарурати қонеъ гардонидани талаботҳои маънавӣ инсонро ба фаъолияти маънавӣ водор менамоянд ва арзишҳои модӣ ҳамеша омили муаяйнкунанда ва таҳрикдиҳандаи фаъолияти иҷтимоии одамон мебошанд.
Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир,
н.и.ф., дотсент Баҳромбеков В.А.