Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъолони ҷомеа ва ходимони дин бори дигар собит намуд, ки Роҳбари Кишвар на танҳо ҳамчун ҳомии Конститутсия дар доираи низоми қонунгузории давлатдории дунявӣ ҳамзистиии осоиштаи пайравони дину мазҳаби гуногун таъмин намудааст, балки фарохтар аз он эҳтирмои хосаи худро ба ҳифз ва рушди фарҳанги динӣ изҳор намуд.
Дар суханронӣ Ҷаноби Олӣ аз пешгирии хурофоти гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва иштироки шаҳрвандони кишварро дар амалиёти террористӣ дар кишварҳои дигар мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳақ ба ҷониби Президенти Кишвар аст. Вақте, ки аз ҳодисаҳои солҳои навадум ёдоварӣ кард. «Омили асосии ҷанги шаҳрвандӣ ин ба таври сунъӣ фалаҷ кардани фаъолияти татбиқи низоми конститутсионӣ ва қонунҳо буд. Дигар дар ин бесарусомонӣ яроқбастан зулму истибдоди беҳад бар сари мардуми бечора карданд. Чун давлат фалаҷ буд, дигар ягон кас ба доди ин мардуми бечора намерасид.
Аз ин ҷанг раҳо ёфтем, ҳарчанд чандин душманон бар он бовар буданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн меравад. Вале ҳам сулҳ ба даст овардем ва ҳам давлат сохтем. Давлатдорӣ корӣ осон нест. Мутаассифона, имрўз ба ҷойи таълиму тарбияи фарзандон, падару модарон баръакс ба хурофоту таассуб, тақлиду бегонапарастӣ рӯ оварда, танҳо кӯшиши таълими динӣ додани фарзандонашон доранду халос. Пешвои миллат ёдовар шуд, ки ҳарчанд ин зоҳирпарастӣ аз дидгоҳи Паёмбари ислом маҳкум гардидааст. «Худованд нигоҳ намекунад сурататонро магар нигоҳ мекунад ба сирататон ва амалҳоятон».
Дар идома Пешвои миллат таъкид намуд, ки таълимоти дини ислом ба некӣ кардан даъват дорад, на ба зулму истибдод. Воқеан ин суханон низ бар асоси Қуръон сураи Раҳмон 50 «Мукофоти некӣ нек асту бас» собит шуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мусулмонӣ ин сӯиистифодаи гурӯҳҳои ифротгароӣ аз эътиқоди мардуми мусулмон мебошад. Дар ҳоле, ки ин амалҳо куллан хилофи гуфтаҳои Қуръон Бақара 195 «Ва худатонро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед. Худо некукоронро дӯст дорад»-ро ёдовар шуд.
Дар раванди ҷаҳони муосир халалдор намудани ҳамзистии осоиштаи пайравони дину мазҳабҳо ба зербинои табаддулотҳо ва инқилобҳои ранга табдил ёфта истодааст. Ин боиси нигаронӣ аст, зеро дар паси ин инқилобҳо на манфиати дин, балки ҳадафи қудратҳои ҷаҳонӣ нуҳуфта аст. Мо бояд ҷомеаро аз таъсири ин равандҳои номатлуб ҳифз кунем.
Пешвои миллат таъкид намуд, ки «Мо ба эътиқоди мардум эҳтиром қоилем ва барои адои маросими ибодат ҳамаи шароитҳоро муҳайё кардаем». Вале он зоҳирпарастӣ; сатру сиёҳпўшӣ, ришу ҷелаку саллаи калон, ки имрӯз мардум ба он рӯ овардааст, куллан хилофи гуфтаҳои Қуръон аст. Боиси таассуф аст, ки вақте, ки дар асри илму техника дар мо ҷинхонӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Як гурўҳи чалласаводон аз ин истифода бурда, мардумро фиреб мекунанд ва динро ба василаи даромади маблағ табдил додаанд.
Инчунин Пешвои миллат аз саҳифаи таърихи миллат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки «миллати тоҷик таърихи шашҳазорсола дорад ва инро бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ ба мисли ЮНЕСКО эътироф карданд. Бояд аз он ифтихор кунем, ки мо меросбари фарҳангӣ ориёӣ ва ҳиндуаврупоӣ ҳастем. Давраи қабул кардани дини ислом ҳамагӣ 1400 сол зиёдтар таърих дорад. Вале то ислом ҳам мо соҳиби давлат, забон, фарҳанг, дин анъанаву маросим будем». Воқеан олитарин ҷамъбасти таърихӣ аст. Шояд барои араб дини ислом ҳам арзиши динӣ ва ҳам арзиши миллӣ бошад. Вале барои тоҷик дини ислом қабл аз ҳама мояи эътиқодиву ахлоқӣ ва маънавӣ аст.
Вале имрӯз ба таври сунъи муқобилгузории арзишҳои миллӣ ба динӣ як падидаи номатлуб рӯйи кор омадааст. Хусусан ҷавонон он чизеро, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи масъалаҳои мебинанд, онро ҳамчун ҳақиқати дин қабул доранд. Вале на ҳамаи он гуфтаҳо ҳақиқати дини ислом аст. Мутаассифона, на ҳама қобилият ва дониши ҷудо кардани сиёҳ аз сафед, некро аз бад доранд. Дар ин маврид бояд ниҳодҳои мафкуравии ҷомеа ва ВАО кор баранд. Зеро агар фазои идеологӣ холӣ монад, ҳатман онро бо идеяҳои бегона аз берун пур мекунанд, ки на ҳамаи онҳо созанда ва ба манфиати ҷомеа мебошанд.
Дар хулоса метавон гуфт, ки таъкиди Пешвои миллат барои ҳифзи истиқлолият, рушди давлати дунявӣ, таҳкими институтҳои ҷомеа, таъмини ҳамзистии пайравони дину мазҳабҳо дар кишвар, аз байн бурдани ҷаҳлу хурофот, бегонапарастӣ, хифз ва рушди арзишҳои миллӣ муҳимтарин самтҳое ҳастанд, амалӣ намудани онҳо натанҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўст мебошад. Бетарафӣ дар ин маврид ба ҷуз хиёнат асту бас!!!
Котиби илмӣ - Маҳрамбеков М.