Осори Муҳамади Ғаззолӣ

Осори Муҳамади Ғаззолӣ, ки аз хатти форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ ба ёдгор мондааст...

Аз Ғаззолӣ осори зиёде ба форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ ба ёдгор мондааст, ки онҳоро дар марҳалаҳои мух­­талифи зинда­ги­аш таълиф кардааст.

Теъ­­доди асар­ҳои ӯро аз 48 то 457 адад зикр кардаанд, ва­ле бисё­ре аз онҳо шояд та­қал­лубӣ бошанд. Абдурраҳмони Бада­вӣ дар «Му­ал­ла­фо­ту-л-Ғаззолӣ» аз ин теъдод 72 ном­гӯй­ро қатъан моли Ғаззолӣ донис­та, бо­қи­мон­да­ро машкук хондааст.

Му­ҳим­­тарин таълифоти Ғаззолӣ «ал-Ваҷиз фи-л-фурӯъ», «ал-Иқ­тисод фи-л-эъти­қод», «Ил­­ҳому-л-аъ­вом ан илми-л-калом», «Ки­­миёи саодат», «Мақосиду-л-фало­сифа», «ал-Мун­қиз мина-з-за­лол», «ал-Мус­тас­фо», «ал-Мус­таз­ҳирӣ», «Наси­ҳату-л-му­лук», «Та­ҳо­футу-л-фало­си­фа», «Эҳ­ёу улу­ми-д-дин» мебошанд.

Бах­ши умдаи ин таълифотро баҳсҳои ӯ бо машшоиён, ис­моилиён (ботиниён) ва масеҳиён ташкил намуда, иддаи дигар ба илмҳои ахлоқ, фал­сафа, ман­тиқ, усул, фиқҳ, сиё­сат ва Ғаззолӣ марбутанд.

Гирдоварандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика