Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Эмомалӣ Раҳмон
Зан - Модар бузургтарин инсон барои ҳар як шахс дар рӯйи замин ба шумор рафта, дар ҳаёти ҳар як шахс мақоми хосаеро касб намудааст. Зан-модар олиҳаи ҳастии инсоният башумор рафта, арҷгузорӣ ва баланд бардоштану қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як фарзанди бонангу номус ҳар як инсон ба шумор меравад.
Хизмати модар намудан қарзи ҳар кас будааст,
Хизматаш ҳар кас накард номарду нокас будааст.
Дар ин замина Президетни кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд «Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд».
Хиради азалии зан-модар кӯшишу талошҳо барои пойдор нигоҳ доштани оила, давлату миллат саҳми арзандаи хешро гузошта, дар васфи онҳо дар эҷодиёти адибони маъруфи адабиёти классикиву муосири тоҷику форс тасвиру тавсиф шудаанд.
Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳи зи пару боли хеш лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт.
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зан - Модар аввалин тарбиятдиҳандаи насли имрӯзу фардои миллат ба шумор рафта, мураббӣ ва муаллими хурду калон дар маҷмӯъ тамоми мардуми сайёра мебошад. Чунонки Пешвои муаззами миллат фармуданд: «Ман ба неруи ақлонию зеҳнии занону модарони давлатамон такя месозам, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҳамин миллати тамаддунсоз, сарзамини биҳиштосо, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ояндаи наслҳои имрӯзу ояндаи миллат ба занону модарон вобаста аст».
Паёмбари ислом – Муҳаммад (с) ба зан-модар эҳтироми бузург қоил буданд ва дар ҳадисҳояшон аз бузургии зан, модар ва вазифаҳои фарзандонро дар баробари Модар баён кардаанд.
«Рӯзе марде назди Паёмбар (с) омад ва пурсид: «Эй Расули Худо, ки арзандатар ва сазовори эҳтиром ва некӣ аст?».
Паёмбар гуфт: «Модарат». Мард боз суол кард. «Баъд аз ӯ кист?» Паёмбар (с) боз гуфт: «Модарат». Мард бори сеюм суол кард. Паёмбар (с) боз гуфт: «Модарат, сипас падарат».
Зан-модар! Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосе дорад. Занон дар баробари мардон якҷоя кору фаъолият намуда, дар илмомӯзӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва дигар самтҳои давлатдорӣ саҳми худро мегузоранд.
САҶҶОДИ МУҲАММАДШАРИФЗОДА - САРМУТАХАССИСИ ШУЪБАИ ПАЖӮҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР