Фазилати моҳи шарифи Рамазон

Рамазон мавсимест бузург, ки савоби аъмол дар он зиёдтар ва дарвозаҳои хайр барои хоҳишмандону дӯстдорони он кушуда мегардад. Рамазон моҳи хайру баракат, саховатмандию ҳимматбаландӣ мебошад. Дар Қуръон аз ин моҳ ба номи ҳидояткунандаи мардум ёд шуда, даҳ рӯзи аввали он раҳмат , даҳ рӯзи миёнаи он омӯрзиш, ва даҳ рӯзи охири он озоди аз оташи ҷаҳаннам аст.
 
Аҳодиси зиёде дар бузургии ин моҳ ворид шудааст. Дар саҳиҳи Бухорию Муслим омадааст, ки Паёмбар (с) фармуд: “Чун рамазон фаро расад дарвозаҳои Биҳишт боз шуда ва дарвозаҳои дӯзах баста мешавад ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд”.
 
Ва чун аъмоли хайр дар ин моҳ зиёд мешавад. Ҳамчунин барои ташвиқ ба анҷоми амалҳои солиҳ дарвозаҳои биҳишт боз мегардад. Ва бар акс чун аҳли имон камтар муртакиби гуноҳ мешаванд. Шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд ва наметавонанд ҳамчун дигар моҳҳо ба аҳдофи худ даст ёбанд.
 
Худованд панҷ чизро дар моҳи мубораки рамазон аз хусусиёти уммати исломӣ қарор додааст, ки иборатанд аз:  якум, хушбӯ  будани даҳони рӯзадор назди Худованд, ки дар асари холӣ  будани меъда ба вуҷуд меояд ва мардум онро нописанд медонанд, ки ин назди Худо аз бӯйи мушк низ беҳтар аст зеро, ки дар асари ибодати Худо падид омада, ҳар чи пайдошаванда аз тоату ибодатҳои Худо бошад назди парвардигор маҳбуб аст. Худованд хубтару беҳтар аз онро ба ибодаткунанда медиҳад. 
 
Дуввум, истиғфори малоикаҳое, ки маъсуму мукарраманд барои рӯзадорон то ҳангоми ифторашон. Ба ростӣ, ки ин малоикаҳое, ки маъсуму мукарраманд қобилияти онро доранд, ки дуояшон дар ҳаққи рӯзадорон қабул шавад. Ин худ далолат бар баландқадр будани рӯзадорон менамояд.Сеюм, Худованд ҳар рӯз биҳишти худро зиннат медиҳад ва мефармояд: “Чизе намонда, ки бандагони некӯкорам машаққатро аз дӯш барафкананд ва ба сӯйи ту оянд. Машаққат, яъне машаққати дунё Худованд ҳар рӯз биҳиштро зиннат медиҳад то бандагонашро барои расидан бад-он ташвиқ намояд.
 
Чорум, дар ин моҳи муборак шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд ва монанди дигар моҳҳо наметавонанд ба ҳадафҳоӣ худ бирасанд. Ин аз фазли Худо бар бандагони солеҳ мебошад, ки душманашонро зиндонӣ мекунад. Аз ин хотир, мо мушоҳида мекунем, ки парҳезкорон дар ин моҳ нисбат ба моҳҳои дигар бештар рағбат ба анҷоми амалҳои хайр ва дурӣ аз гуноҳро аз худ нишон медиҳанд.
 
Панҷум, Худованд дар охирин шаби ин моҳи муборак гуноҳони уммати Муҳаммад (с)-ро меомӯрзад, ба шарте, ки ҳаққи ин моҳи муборак монанди намоз, рӯзаро ба ҷо оварда бошанд. Пас, моҳи мубораки Рамазон барои касе, ки аз гуноҳон дурӣ намояд ва машғули тоату ибодат шавад неъматест бас бузург, ки шоиста аст онро ғанимат шуморад.
 
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ ИсоевН.
 
 
Яндекс.Метрика