МАҚОМИ ЗАН ДАР ИСЛОМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда чунин гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан-Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад!
Асоси оилаи солимро марду зан ташкил додақ зан дар тарбияи фарзандон нақши муҳиммеро мебозад. Дар оилаҳое, ки мардон зиёдтар вақти хешро дар кор сарф мекунанд ва ё барои беҳтар намудани зисту зиндагонии фарзандон ва наздикони хеш ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, дар ин ҳолат нақши калидиро дар тарбияи фарзандон Зан-Модар мебозад. Ояндаи давлату кишвари мо аз тарбияи дурусти фарзандон вобастагии зич дорад. Сарчашмаи кордонию масъулиятшиносӣ ва бо муваффақияту сарбаландӣ иҷро намудани вазифаҳои бар дӯши аксари ҷавонон гузошташуда, ин натиҷаи тарбияи хуби дар оила гирифтаи онҳо мебошад. 
Дини мубини ислом таъкид менамояд, ки дар пешгоҳи Худованд марду зан ҳуқуқҳои баробар дошта, дини ислом зану мардро дар савобу муҷозот баробар мегузорад, гарчанден вазифаҳояшон вобаста ба табиати фитрии онҳо гуногун мебошад. Дар ислом ҳуқуқи ҳам зану ҳам мардро масъулияти дуҷониба ташкил медињад. Мутаасифона, баъзе занҳо ҳуқуқҳои худро пурра намедонанд, баъзеҳо бошанд кӯшиш менамоянд дини мубини исломро ба сифати дине тавсиф кунанд, ки дар он ҳуқуқҳои зан поймол карда шудааст. Тибқи дини мубини ислом оила натанҳо баҳри идома додани насл, балки барои ҳамоҳангии эҳсос ва маънавиёти ҳамаи аъзоёни оила ташкил дода мешавад. Асоси дини исломро Қуръону суннати набавӣ ташкил медиҳад, ки дар онҳо мартабаи зан хело боло гузошта шудааст.
Аз Абӯшурайҳ ибни Амраи Хуҷоӣ ҳадисе оварда шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармудааст: «Эй Худо, ҳаққо ки ман поймол намудани ҳуқуқи ду заифро манъ менамоям: Ятимон ва занон».
Дар давраҳои ҷоҳилия ҷамъият ба таври анъанавӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ нисбатан суст рушд меёфт, духтарони навзодро танҳо ба гуноҳи он ки духтар таваллуд шудаанд, зинда ба зинда мегӯронданд. Бесабаб нест, ки дар оёти 8 ва 9 сураи «Таквир» омадааст: « …ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки ба чӣ гуноҳе кушта шудааст…». Ислом аз рӯзҳои аввали интишор ва таҳким ёфтани хеш ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа кӯшиш ба харҷ медод, тамоми равия ва ҳаракатҳоеро, ки дар ин самт фаъолият доштанд, дастгирӣ мекард. Зан дар корҳои динӣ, ҷамъиятӣ, ватанпарастӣ ва оилавӣ бо мард баробар дониста мешуд. Маҷбуран ба шавҳар додани духтарон аз тарафи падару модар, бародар ва ё парастор мумкин набуд ва ризоияти зан ҳатман гирифта мешуд. Ҳатто баъди хонадоршавӣ ӯ метавонист номи хонаводагии худро нигоҳ дорад. Ҳангоми тақсими мерос ба сифати меросбар ӯ нисфи ҳаққи бародарашро мегирифт ва дар тарбияи фарзанд саҳми асосӣ дошт. Занон ҳақ доштанд барои ҳуқуқњои худ ба Пайғамбар (с) муроҷиат намоянд.
Занон барои шавҳарони худ сабаби оромиш ва модарон барои аъзои хонавода сарчашмаи муҳаббат ва меҳрубонӣ мебошанд. Ин нақши калидии занон ва модарон боис мегардад, ки хонаводаҳо муҳити гарму пур аз муҳаббат дошта бошанд, фарзандон дар рӯҳияи эҳтиром ба ҳамдигар ва хайрхоҳӣ тарбият ёбанд. Агар дар хонавода чунин вазъият ҳукмфармо бошад, ҷомеаи шаҳрвандии мо низ ҳам чунин ҳолатеро хоҳад дошт.
Дар ҳақиқат, ҳузури муносиби занону модарон дар ҷои муносиб ва дар нақше, ки Худованд ононро барои иҷрои он офаридааст, танзимгари зиндагии фардӣ ва иҷтимоии мо хоҳад буд. Бинобар ин, илова бар Қуръони карим, дар ривоятҳои Расули акрам (с) нисбат ба мақоми занон ва модарон таъкидҳои фаровоне вуҷуд дорад. 
Нақш ва мақому ҷойгоҳи занон дар дунё лоиқ ба васфу ситоиш аст. Бисёре аз зебоиҳо ва тароватҳое, ки мо дар зиндагонӣ аз он бархӯрдор мегардем, маҳз ба хотири вуҷуди пурмеҳру пурлатофати занону модарон аст. Ин ҷинси латиф неъмати бебаҳоест, ки Парвардигор ба ҷиҳати камоли инсоният офаридааст ва дар ҳақиқат наметавон ин зиндагиро бе ҳузури онҳо ботаровату зебо тасаввур намуд.
Баробарҳуқуқии марду зан дар ҳаққи одамиён яке аз беҳтарин меҳрубониву неъмати Худованд мебошад. Ин аст, ки Худованди мутаъол бандагонашро аз ҳуқуқҳояшон огоҳ сохтааст, то ба қонуншиканӣ ва поймол кардани ҳуқуқҳо даст назананд. 
Дуруст аст, ки зан нисбат ба мард заифтар аст. Фарќи заифии зан аз мард дар он аст, ки дар мард гармони биологӣ зиёд буда, дар фикрронӣ, қувваи ҷисмонӣ ва сабру тоқат тавонотар аст. Ин аст, ки Худованд мардро дар оиладорӣ сардор амр кардааст ва ӯҳдадор сохтааст, ки оилаи худро роҳбарӣ намуда, таъминоти моддиву маънавии онро бо дурустиаш ба ҷо оварад: «Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додаст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корсози тасаллутёфта шудаанд…» (сураи «Нисо», ояти 34). 
 Бояд дуруст фаҳмид ва дарк намуд, ки заифии зан сабаби он нест, ки баробарҳуқуқ шуда натавонанд ва мардҳо бояд онҳоро мисли ғуломи худ истифода баранд. Баръакс, дар ҳоле ки мард нисбати зан дар оиладорӣ бедонишу нотавон бошад, роҳбарии оила дар ӯҳдаи зан мешавад. Роҳбарӣ ва ӯҳдадориҳои оила аз зан ё мард будан вобастагӣ надорад, балки ин вазифаро аъзои солимфикру дурандеши оила бояд ба ӯҳда гирад.
Вазифа ва ӯҳдадории ба зиммаи мардон-сардорони оила гузошташударо бояд хуб дарк намуд. Онро набояд нодуруст фаҳмида, аз он суиистифода намуда, нисбати аъзоёни оилаи худ зулму ситамро раво бинем. Аз ин сабаб Худованд панду насиҳати мубораки Худро бо китоби хеш фиристодааст, то аз нодониву гумроҳӣ дар оила ба ҳуқуқпоймолкунӣ роҳ надиҳем. Бояд донист, ки сардори оила будан ин вазифаву ӯҳдадорӣ аст, на бартарӣ дар ҳуқуқ. 
Баъзе мардони мусулмоне ҳастанд, ки қонуни оиладориро аз назари ислом хуб дарк накарда, дини исломро бо ҷоҳилии худ бадном менамоянд. Аҳли оилаи худро бо қаҳру ғазаб мисли ғулом истифода намуда, зӯроварию ситамро нисбати онҳо истифода мебаранд, дилхуникиву парокандагиро дар оила ба вуҷуд меоваранд. Бадбахтӣ дар он аст, ки онҳо чунин рафтори ҷоҳилонаи худро тавре маънидод мекунанд гӯё ин ҳуқуқҳоро ба онҳо Худованд дода бошад. Чунин рафтору ҳаёти гумроҳона ҳуқуқпоймолкунӣ буда, зидди фармудаҳои Аллоҳ мебошад. 
Худованди мутаъол роҳбарони оиларо ӯҳдадор намудааст то аз он неъматҳое, ки ба мо арзонӣ кардааст, тавассути ақл аз он чӣ дар осмону замин ба вуҷуд овардааст, дарёбем. Худованд ӯҳдадории таъминоти ҳар оиларо ба роҳбарони оила вогузор кардааст. Роҳбарони оила, чӣ марду чӣ зан, онро бояд бо тамоми лавозимоти маънавию моддӣ аз тавоноии худ таъмин намоянд, то оила солим тарбия ёбад ва хушбахтона ҳаёт ба сар барад. Худованди меҳрубон вазифаи ҳар як аъзои оиларо дар китоби муборакаш-Қуръон баён кардааст, то ки њар яки мо аз ҳуқуқҳои якдигар огоҳ гашта, онҳоро поймол накунем, даст ба ситаму зӯроварӣ ва исрофкориҳо назанем.
«…Пас, занони некӯкор фармонбардоранд ва дар ғайбат(-и шавҳар) нигоҳдорандаи чизеанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст…» (сураи «Нисо», ояти 34). 
Дар ин оят Худованд муроҷиати пандомези Худро ба занҳо кардааст ва дар он беҳтарин сифати зане оварда шудааст, ки ӯ аз рӯи дониш имон меоварад ва ҳамеша дар итоати Парвардигори худ мебошад. Чунин занон ҳамеша бандагиашонро бо сифатҳои беҳтарини инсонӣ, яъне меҳрубонӣ, раҳмдилӣ, некӯкорӣ, дилнишинӣ, дилписандӣқ пурмеҳрӣ, поквиҷдонӣ ва вафодорӣ дар назди Аллоҳ ба ҷо меоранд. Онҳо ҳамеша оилаҳои худро бо одобу рафтори хуб, яъне эҳтирому вафодорӣ ба шавҳару фарзандон ва ростиву покизагӣ бо амри Худованд чунон нигоҳ медоранд, ки Парвардигор онро аз тамоми беҳаёгиву бешармиҳои ҳаёти ҷоҳилонаву гумроҳона тавассути панду ҳикматҳояш нигоҳ доштааст.
Худованди меҳрубон вазифаи эҳтироми шавҳарро дар назди зан гузоштааст. Ҳар қадаре зан вазифаи зану модар буданашро оқилона иҷро намояд, ҳамон қадар дар он оила бештар якдигарфаҳмиву дӯстӣ ба вуҷуд меояд. Дар он ҳолат он оила пешрафтаву хушбахт гашта, аъзоёнаш сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд: 
«…Ва он занонеро, ки аз саркашиашон тарс доред, панд диҳед; ва пас, дар хобгоҳ онҳоро тарк кунед…» (сураи «Нисо», ояти 34). 
Вақте тарбияи хуби инсониро дар худ пайдо намуда, ҳаёти солимонаро месозем, дар он меҳрубониву якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд меояд. 
Дар баъзе ҳолатҳо аз сабаби бедонишиву нофаҳмиҳо дар байни зану шавҳар ҳолати бадҷаҳлӣ пайдо мешавад. Дар ҳалли оқилонаи ин масъала Худованди карим ӯҳдадориҳои муайянеро ба зиммаи мардҳои солимақл гузоштааст. 
Дар ҳалли ин масъала бояд панду насиҳат ва роҳҳои маслиҳатомези баифоқаоварандаро истифода кард. Худованд расонидани зарари ҷисмонии ғаразнокро дӯст намедорад. 
Намунаи ибрат сирати Пайғамбари Худо (с) аст, ки доим панду насиҳат кардаанд, то бо занҳо боэҳтиромона, ҳалимона рафтор карда шавад. Ӯ ҳатто муносибати ҳалимонаро нисбати зан меъёри некӣ номидааст: «беҳтаринҳо дар байни шумо онест, ки бо зани худ муносибати хуб дорад». 
  Худованди меҳрубон хоҳони он аст, ки оилаҳо аз сабаби нофаҳмиҳою мушкилиҳои ҳаёт барҳам нахӯранду пароканда нашаванд. Ин аст, ки Худованди ғамхор чунин роҳи ҳаётро раҳнамоӣ кардааст, ки аз он ҳаёти хуберо сохта баҳраманд шавем ва ҳеҷ гоҳ зулму ситаму парокандагиро роҳи ҳаёти худ қарор надиҳем. Бо амри Аллоҳ маълум аст, ки бо зӯриву ситам ҳеҷ гоҳ наметавонем дилеро ба даст оварем ва шоистаи ҳаёти солимонаи инсонӣ бошем. Худованди ғамхору меҳрубон моро вазифадор кардааст, ки аз тамоми имкониёти нигоҳ доштани оила оқилона истифода барем ва бо ҳама роҳу воситаҳои хубу фоидаовар оиларо пойдору устувор нигаҳ дорем: «…ва агар ба шумо фармонбардорӣ карданд, пас, бар онҳо роҳ(-и ситам) маҷӯед!…» (сураи «Нисо», ояти 34). 
 Дар ояти мазкур Худованд амр намудааст, ки дар ҳолате ки зан камбудии аз нодониву ҷоҳилӣ кардаашро дарёфту дарк намуд ва ислоҳ шуд, набояд бо дигар баҳонаҳо ӯро гунаҳкор намуда, бар маънавиёташ зарар оварем ё зарари ҷисмонӣ расонем.
Тамоми шаклҳои муносибати оилавӣ, ки шаъну шарафи занро паст мезаданд ва дар замони ҷоҳилият бартарӣ доштанд, баъд аз густариши ислом куллан инкор карда шудаанд.
Таълимоти мазҳаби ҳанафии дини ислом мавқеи занро боло бардошта, ба ӯ ҳуқуқҳои инсонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ додааст. Зани мусулмон дорои мустақилият, ҳуқуқи баробар бо мард, маълумотгирӣ ва ҳифзи ақидаҳои худ мебошад. 
Дар ин хусус гуфта мешавад, ки марду зан баробар офарида шудаанд ва ягона фарқият байни онҳо ин ҷинсяти мубораки онҳо мебошад. 
Ислом ба зан кафолат ва ҳуқуқи иштирок дар корҳои дунявӣ, динӣ, инчунин ҳуқуқи кор кардан ва савдою тиҷорат карданро додааст. Ҳатто ислом ризоияти занро дар интихоби ҳамсар то дараҷае тарғиб мекунад, ки агар занро падараш маҷбуран ба шавҳар дода бошад, пас никоҳ беэътибор дониста мешавад. Мувофиқи ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим, Пайғамбари акрам (с) никоҳи Хансоа бинти Ҳизоми Ансориро, ки падараш ӯро зӯран ба никоҳи марде дароварда буду писанди духтар набуд, бекор кардааст.
Маълум аст, ки агар дар оилае беитоативу бесарварӣ мавҷуд бошад, бенизомиҳову нофаҳмиҳо дар он ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, Худованд хоҳони он аст, ки бандагонаш байни худ меҳрубон буда, новобаста аз қавму қабила, миллату маҳалу забон ҳаёти бародаронаву сулҳдӯстона дошта бошем. 
Масъалаи оиладорӣ дар назди ислом ва дар ҳаёти инсонӣ хеле муҳим аст. Бояд ҷаҳд намоем то дониши маънавиётамонро бой гардонем ва барои гузаронидани ҳаёти мустақилона тайёр шавем. Беҳбудӣ ва осоиштагии ҷомеа аз солимиву пойдории оилаҳои он вобастагии зич дорад. Бинобар ин дар аксари кишварҳои дунё ба масъалаи оиладорӣ ва омода кардани ҷавонон ба зиндагии оилавӣ ва ҷамъиятӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бо ин мақсад онҳо донишкадаҳои махсусро ташкил кардаанд, ки дар онҳо донишмандони соҳаи адаб, тиб, рӯҳшиносӣ ва ғайра кор мебаранд. Пас маълум мегардад, ки ҳаёти имрӯзаву ояндаи солимонаи инсоният ба маърифати оиладорӣ вобастагии калон дорад. 
Агар ҳар оила солимона ҳаёт ба сар барад, он гоҳ давлат ҳам пешрафтаю обод мегардад, ки ин ба манфиати мардумон мебошад. Дар натиҷаи даъват ба ҳаёти хуби инсонӣ якдигарфаҳмиву дӯстиро дармеёбем ва дар оилаву байни мардум сулҳу салоҳ пойдор мегардад. 
Худованд, ки Худ муаллими башарият аст, тавассути паёмбаронаш панду ҳикматҳо ва китобҳояшро фиристод, то ки мо бандагон тибқи фармудаи Ӯ илм омӯзему донишандӯзӣ намоем ва дар ҳаёти оиладорӣ комёб бошем: 
«Бихон ба номи Парвардигори худқ ки офарид! Одамиро аз хуни баста офарид. Бихон! Ва Парвардигори ту Бузургвор аст! Он, ки ба қалам илм омӯхт; одамиро он чи намедонист, омӯхт». Сураи «Алақ», оятҳои 1-5. 
Асоси пойдории оила дар рӯй ба дониш овардани ҳамаи аъзоёни он аст. Ба ин васила дар оила ҷорӣ намудани адолат, рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ, дилсӯзӣ, покниятиву ростқавлӣ, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия, дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот доштани онҳо мебошад. 
Монеъ шудан ё гирифтани пеши роҳи чунин ҳаёт поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ мебошад. Ҳар як инсон бояд чунон илму дониш омӯзад, ки тавонад мустақилона ҳаёти худро озодонаву сарбаландона пеш барад ва аз аҳли некӯкорон гардад.Тавасути донишандузї њар  зану шавҳар дар ҳаёт меҳрубону дӯстдоштаи якдигар гашта, пӯшонандаи ҳаёи ҳамдигар бошем. 
«…Онҳо шуморо (ба ҷои) пӯшишанд ва шумо онҳоро (ба ҷои) пӯшишед…» (сураи «Бақара», ояти 187).
Дар робита ба ин мавзӯъ шоир низ инро зикр намудааст:
Нағмахез аз нағмаи зан сози мард,
Аз ниёзи ӯ ду боло нози мард.
Пӯшиши урёни мардон аз зан аст, 
Ҳусни дилҷӯ, ишқро пероҳан аст. 
Занушавҳарӣ дар назди Худованд хеле аҳамияти муҳим дорад. Ин аст, ки дар ояти мазкури Худ чӣ гуна будани зану шавҳарро баён кардааст, то ки аз он панд гирифта худро баҳраманд созанд. Зиёд гаштани теъдоди оилаҳои солим аз зану шавҳар вобастагии ногусастание дорад. Ҳар қадаре зану шавҳар солимфикр буда, зебоӣ ва ҳуқуқҳои худро дарк намоянд, ба якдигар ҳамдигарфаҳмию меҳрубонӣ кунанд, ҳамон қадар ҳаёти хуберо пайдо мекунанд ва насли солими љомеаро зиёд менамоянд.
«…Ва занонро [аз ҳуқуқ бар мардон] монанди он чи ҳаст, ки [мардонро] бар занон аст–ба ваҷҳи писандида;…» (сураи «Бақара», ояти 228). 
Ояти мазкур далели он аст, ки занон метавонанд озодона фикрҳои худро дар оиладориву тарбияи фарзанд баён кунанд. Зан, ки дар аҳди ҷоҳилия ҳеҷ ҳуқуқе надошт, туфайли дини мубини ислом бо мард баробарҳуқуқ шуд. Агар то ислом ҳар гоҳ ки мехостанд занҳоро мезаданду зулм мекарданд ва бар зидди хоҳишашон аз хонаи худ меронданд ё мисли моли нолозим мепартофтанд, бо омадани ислом ҳамаи инро қонуни илоҳӣ манъ карду теша ба решаи ноадолатию ҳуқуқпоймолкунӣ зад ва Зан-Модарро зери ҳимояи худ қарор дод. 
Дар оиладорию тарбияи фарзанд аъзоёни оиларо зарур аст, то бо якдигар некӯкор бошанд, то оила солим бошаду пешрафта гардад: 
«…Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед...» (сураи «Нисо», ояти 19).
Беҳтарин даъват ба некӯкорӣ ин даъват ба донишомӯзӣ ва амалӣ гардонидани он мебошад. Мутаассифона, шавҳарони бедонишу гумроҳ ва аз тамоми пешравиҳои зиндагӣ қафомондае ҳастанд, ки зану фарзандону наздикони худро бо нияту мақсадҳои ғаразнок аз иҷрои азхуд намудани дониш бозмедоранд. Худро дар хона буту дини оилаашонро бутпарастӣ сохтаанд ва бо ин ҳама амалҳо ифтихор мекунанд, ки онҳо дар роҳи исломанд ва вазифаву ӯҳдадроиҳои худро вобаста ба тарбияи аъзоёни оила дуруст ба роҳ мондаанд. Дар баъзе оилаҳо бошад, падароне вомехӯранд, ки худ ҷое кор намекунанд, вале ризқу рӯзии бомашаққат ба дастовардаи бошандагони оиларо барои амалҳои нопоки худ сарф менамоянд. Бояд донист, ки чунин муносибати сардори оила нодуруст, ҳатто ҷоҳиливу бераҳмӣ буда, ин тарзи рафтор оқибат оилаи носолимро ба вуҷуд меорад ва ба асосҳои солимии ҷомеа рахна ворид месозад. 
 
Наҷмиддин Салимов - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир
 
Яндекс.Метрика