Таърих гувоҳ аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар миллат ва халқият дар раванди шаклгирӣ ва рушд ба омезишҳои беҷойи фарҳанги дигар халқу миллатҳо рӯ ба рӯ мешавад. Омезиши фарҳангҳо бошад, хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана ва маросимҳои мардумӣ инъикоси худро меёбанд. Маҳз бо ҳамин далел тўли садсолаҳои гузашта ҷашну маросими мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми одӣ бор намуданд. Ин раванд то солҳои наздик, аниқтараш то қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим миллати муосири соҳибдавлатро зери бори гарони одатҳои мухталиф монда, шаҳрвандонро ба баргузории маърака ва маросимҳои зиёд ва серхарҷ талқин менамуд. Вазъи баргузории маросимҳои азодорӣ боз ҳам вазнинтар гардида, дар ниҳоят ба саломатии насли наврас, ахлоқи ҷомеа ва вазъи иқтисодии ҳар як оила латма ворид мекард. Як нафари фавтида ба ҳолати моддии чанд оила таъсир расонида, онҳоро рўҳан афгор менамуд. Аксар шаҳрвандон аз тарси таънаи мардум ба ҳамаи ин вазниниҳо тоқат мекарданд, ҳарчанд медонистанд, ки бисёре аз ин маросимҳо аз доираи талаботи дини мубини ислом берун буда, ба ахлоқ ва одоби миллии мо созгор нест.
Бо назардошти вазъи бамиёномада ва бо мақсади ҷилавгарӣ аз омезишҳои гуногун зарурати таҳия ва қабули қонуни мазкур пеш омад, ки ҳадафи он пеш аз ҳама ба низом даровардани маъракаю маросимҳои мардумӣ ба шумор мерафт . Албатта, ин иқдом дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст, балки тақозои замон буд, зеро вазнин шудани баргузории маросимҳои азодорӣ, маъракаҳои серхарҷи хурсандӣ, ки ба қарздоршавӣ, паст гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо ва хатто ба вайроншавии онҳо оварда мерасониданд. Ин далелҳо Ҳукумати кишварро водор сохт, ки барои ба низом даровардани расму оин, анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ чораҳои бетаъхир андешида шавад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар ибтидо дарк ва ҳалли илмии худро тақозо дошт, ин мувофиқати қонуни нав ба принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ҳуқуқи инсон буд. Дар назари аввал масъалаи мазкур оддӣ менамояд, вале дарк ва ҳазми он дар чаҳорчўбаи Конститутсияи кишвар ва созишномаҳои байналмилалӣ аҳамияти ниҳоят ҷиддӣ дошт. Аз ин хотир, дар қонун бо роҳи муайян намудани ҳадаф ва мақсадҳо моҳияти масъаларо равшан намуда, ба шаҳрвандон фаҳмонда шуд, ки мақсади аслии ин қонун ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
Ҳадафи дигар ва марказии қонун таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад. Аз ин хотир қонунҳои кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалӣ ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва тартиботи ҷамъиятӣ танзим намудани муносибатҳо ва маҳдудсозии қонунии амалҳҳоро ҷойиз медонад. Яъне маҳдудсозӣ ба хотири ҳифзи манфиати дигарон ва нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеаи демократӣ тавассути қонун қобили қабул мебошад. Бо ҳамин далел, маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки нисбат ба ашхоси ҷудогона татбиқ мешавад, дар қонун вуҷуд надорад, қонуни танзим на ба маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳо, балки ба танзими доираи амали онҳо равона шудааст.
Ҳамин тавр, мазмун ва муҳтавои лоиҳаи қонун дар ибтидо дар мизони талаботи Конститутсия, созишномаҳои байналмилалӣ роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мутобиқ карда шуд. Ба ҳамин минвол, мо дар ҷустуҷӯи ҳалли мушкилии мардум ҳамчун давлати иҷтимоӣ саъй намуда, аз фазои озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода шуд ва ҳаққи қонунгузории халқро дар давлати демократӣ тақвият бахшида, ба қабули қонуне муяссар гардидем, ки табиатан миллӣ ва мардумӣ аст.
Қонуни мазкур дар раванди қонунэҷодкунии на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои хориҷи наздику дур таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад. Мо аз оѓоз эҳсос мекардем, ки ба воситаи қонун танзим намудани чунин як нуктаи ҳассос ва нозуки ҳаёти иҷтимоӣ-анъана ва ҷашну маросими дар тўли солҳо шаклгирифта заҳмати зиёди шабонарўзиро тақозо дорад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва бо гузашти қариб 17 соли амали қонун, ба қафо назар андозем, ба ҳама мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, дар баргузории маъракаҳои мардумӣ фарқ аз арш то фарш аст. Имрӯзҳо бо қаноатмандӣ мардуми шарифи кишвар маъракаҳои худро ба шакли содда ва бо харҷи кам баргузор намуда истодаанд, ки нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бараъло мушоҳида мегардад.
Мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ А.Мирзозода