
Ҷаҳонишавӣ дар баробари муваффақияту дастовардҳояш дар замони муосир ба давлатҳои миллии рӯ ба рушд ҳушдор медиҳад, ки таҳдид ба тамоми инсоният, низоъҳо, ҷангҳо ва талафоти ҷонӣ, таҳдиди демографӣ, ҳукмронии ноадолатӣ, маҳдудсозии ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ, таҳдид ба манфиатҳо ва арзишҳои миллии давлатҳо, таҳдид ба пошхӯрии оила ва аз байнравии ахлоқ, таҷовузи инсондӯстӣ, инқилобҳои фармоишӣ, бо ҳар роҳу восита поймоллкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дом ва фиреб барои давлатҳои суст тараққикунанда ва таҳдиди эрозияи истиқлоли давлатиро ба бор овардааст. Аз ин хотир, барои пешгирӣ ва рафъи ин таҳдидҳо низому арзишҳои қонунгузорию ҳуқуқӣ, муҳтавою ғоя ва консепсияи илмию миллии он мустаҳкам карда шуда, аз ғарбикунонии мазмуни қонунгузорӣ, ки ҳамчун санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мо пешниҳод мешаванд, эҳтиёт ва саҳеҳтараш дурӣ ҷустан лозим аст. Зеро, давлатҳои абарқудрат ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо таҳти таъсири дастгирии байналмилалии молиявӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пояи таъминоти иҷтимоии аҳолиро суст гардонанд: ин таҳдидест барои суботи ҷамъият, таҳдид ба қишрҳои камбизоати аҳолӣ. Бо чунин тарз, эмиссарҳо дар бораи паҳнкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар сиёсати ҳуқуқӣ, дар соҳаи иқтисодиёт дар таҳдидҳои демографӣ, омезиш ва мураккабии мафкураи ҷавонон, сиёсишавии сунъии дин ва ғарбикунонии аз ҳад зиёди сиёсат ва монанд ба инҳо сареҳан истифода мекунанд.
Яке аз ин омилҳо барои бақои ҳар як қавму миллат, аз ҷумла тоҷикон сабақу хулосаҳо баровардан аз падидаҳои нохушоянду зиёновари таърихӣ, ки ба дину мазҳаб, фарҳанг, урфу оину анъана ва дараҷаи зиндагонии халқ бастагии ногусастанӣ дорад, шинохта шудааст. Дар ин роҳ беҳадафона амал намудан, таҳлилу баррасии амиқ накардан, кӯр-кӯронаву ҳавоӣ, то ба ҳадди ифрот расонидани ҷашну маросими динию мардумӣ, мазҳабию фарҳангии миллат латмаи ҷиддӣ ворид месозад, ки он ҳароина нобахшиданист.
Фазои иттилооти барои осон латма задан ба фарҳагу тамадуни далатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Зеро, интернет дар баробари он ки мушкилиҳои моро осон менамояд, иттилоотро сари вақт ба ҷойи лозимӣ мерасонад, ҷаҳонро ба як деҳ табдил медиҳад, табдилёбии оламро бо гузариши ҳар сония инъикос менамояд, тағйирёбии оламро такону нерӯ мебахшад, бо озодӣ бозӣ мекунад ва онро чун олоти лозиму нолозим суиистифода менамояд, бо ақл мубориза мебарад, гоҳ парвози онро бо манфиатҳои ғаразнокаш бод медиҳаду гоҳ онро аз роҳи солимии пиндораш боз медорад, хирадро маҳв ва ноаён сохта имконияти инсонро номаҳдуд гардонида, боварии ӯро аз имкониятҳояш фарохтар гардонида, ҷавононро дар ҳолати сархӯшии мафкуравӣ ба ҳаёти воқеӣ ночаспон ҳидоят менамояд.
Бо чунин омилҳои мухталифмаъно интернет ба як лабораторияи иттилоотие, ки дар фазои он унсурҳои фарҳангӣ, инсонӣ якҷо бо ғализиҳои маънавӣ ва ифротӣ озод ба тарбияи мафкураи насли наврас машғуланд, табдил меёбад.
Агар корд бурраду дард диҳад, оташ сӯзонаду азияти ҷон кунад интернет агар ба вайронии маънавӣ кашад ҳам, «роҳати муваққатӣ» барои субъект ато менамояд, зеро аз он фисқу фасод ва амалҳои ифротӣ, неруи манфурӣ нафси инсонӣ лаззат мебарад. Ва он то зуҳури қабеҳи хислати парвардашудаи интернетӣ шахсияти инсонро ва имкони зарарҳои онро номуайян пинҳон медорад.
Ин ҳолат дар ҷомеа ботини палидро паҳлӯи ботини пок дар ҳолати баробар вогузор намуда, тафовут байни хираду инсоф ва беинсофию ноадлӣ нагузошта, эҳсоси мусбати ботиниро, ки дар баъзе мавридҳо омили тарбияи ҷиддии инсон аст ба ҳолати заифӣ табдил дода ба фасодшавии мафкураи ҷавонон роҳ мекушояд.
Дар чунин шароит зуҳури ҳодисаҳои манфӣ ва ҳаракатҳои номуносиби ҷавонон дар муқобили амалҳои нек авлавият пайдо карда, ҳарфи бад аз нек дида қавитар, амали зишт аз амали хайр дар ҷомеа болотар гардида, нақш ва нуфӯзи ҷинояткорӣ аз рафтори шоиста байни ҷавонон афзалият касб менамояд.
Паҳлуи дигар ин аст, ки интернет дар ташаккули афкори динию мазҳабии ҷавонон низ нақши бориз дошта, онмисли тортанак на танҳо ба тори эътиқод ва озодии виҷдони инсонҳо чанг зада метавонад, инчунин фазои холии маънавӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии инсонҳо ба вижа ҷавонони дар ҷустуҷӯро бо мафкура ва дидгоҳҳои ба худ хос пур мекунад.
Интернет ҳамчун воситаи устувори маънавӣ ва мабдавии шаклгири инсони нав баромад менамояд. Аз оне, ки дастандаркорони он чи мехоҳанд, кадом манфиатҳоро думболагирӣ менамоянд, айнан ҳамон тавр ва ба ҳамон самт имкон дорад, ки насли навро дар минтақаҳои осебпазир тарбия намоянд.
Ҳукумати кишвар ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ медонад. Имрӯз, ки мо дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ қарор дорем, барои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат, бояд ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо рӯ биоварем, зеро, ки «мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола ба 70 дар сади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистон баробар аст» ва онҳо айни замон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи мо маҳсуб мегарданд.
Дигаргунӣ ва равандҳои ҷаҳонишавии манфиатҳо дар дунё босуръат идома дошта, инсоният ба таҳдиду хатарҳои наве дучор гардидааст, ки мубориза бо ин гуна ҷиноятҳои нави хатарноки ҷаҳонӣ муносибати комилан навро тақозо мекунад.
Ба андешаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд».
Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон иштирокчии конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва қарордоди байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амнияти иттилоотӣ мебошад.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои пуртаҳаввули таърихи инсоният – ҷаҳонишавӣ рост омад. Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ ба хусусиятҳо, афкор ва фарҳанги миллӣ таҳдид намуда, рушди технологияи иттилоотӣ ба равнақи раванди ҷаҳонишавӣ мусоидат намуд. Маҳз шабакаи интернет, расонаҳои электронӣ, ба мисли компютерҳо ва телевизионҳои моҳворавӣ, телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои аудиовизуалӣ аз омилҳои аслии паҳншавии раванди ҷаҳонишавӣ мебошанд.
Раванди ҳодисоти ҷаҳон ва ҳифзи неъмати бузургтарини башар, яъне ҳаёт тамоми сокинони сайёраро водор месозад, ки ғалабаи мафкураи носолимро ботил созанд ва бо иқдомҳои оқилона собит намоянд, ки замин гаҳвора ва арсаи камолоти аҳли башар аст ва масъулияти ҳифзи ҳаёт дар сайёра ба дӯши ҳама баробар қарор дорад..........
Идома дорад
Шосаидзода Ш – сардори шуъбаи пажӯҳишианъанавумаросимвадиншиносиимуқоисавӣ