ДАР ВАСФИ ҲАЁТ, ЗИНДАГӢ
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
Фурсати умр азиз аст, азизаш дорӣ,
Ҳар нафас гавҳари ноёб, ту арзон мафурӯш.
☆☆☆☆☆
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
УМАРИ ХАЙЁМ
Насиҳатат кунамат бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чи носеҳи мушфиқ бигӯядат, бипазир!
САЪДИИ ШЕРОЗӢ
Асли кас аз кас набошад кам, чи ҷумла зи одаманд,
Лек ҳар кас ҷавҳари илм аст, вологавҳар аст.
ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ
Бо ёру рафиқ даҳр некӯст,
Н-арзад ба ҷаве замона бе дӯст.
ШОҲИНИ ШЕРОЗӢ
Гирдоварандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ