Дурнамои илм ва маориф дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023, ш. Душанбе)

Дар раванди  ҷаҳонишавӣ аксари миллату давлатҳо барои ҳифзи арзишҳои маънавиву фарҳангӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пурзўр кардани мавқеи худ азму талош намуда, ба таҳдидҳо ва  тамоюлоти ҷаҳонишавӣ, ки ба неруи зеҳни  халқияту миллатҳо  таъсир мерасонад, ба василаи илму маориф мубориза мебаранд. Илму маориф ҳамчун ниҳоди пурмасъул дар даврони ҷаҳонишавӣ таъиноти фаромиллӣ дорад, чунки аксарияти арзишҳо, махсусан, арзишҳои фарҳангӣ тавассути илм, маориф дар раванди таърих аз насл ба насл ба мерос мегузаранд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлатро лозим аст, ки барои ба мерос гузоштани фарҳангу тамаддун ва ҳифзи арзишҳои гузаштагони хеш ҳарчи бештар илмро рушд диҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъала,  мутобиқ намудани маорифи кишвар ба рӯҳияи давру замон нисбати ин соҳа бештар ғамхорӣ намуда, мекӯшад, то системаи маорифи мо пешрафта бошад. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ дар ин масъала чунин таъкид намуданд, ки “ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта - сармоягозорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ мебошад ва бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”.

Тамоюли ҷаҳонишавӣ фарҳанги ҳамаи халқияту миллатҳоро дар заифию устуворӣ имтиҳон мекунад. Роҳи ягона ва асосии ҳифзи ин арзишҳо дар чунин шароит тавассути илму маориф сурат мегирад. Мусаллам аст, ки барои дуруст рушдёбии ин падида ҷомеа ба мутахассисони ҳирфавӣ ва баландихтисоси касбӣ ниёз дорад, ки ин тавассути низоми маориф дар давлат ба роҳ монда мешавад. 

Дар ин росто, таваҷҷуҳ зоҳир намудан  ба масъалаи  илм ва маориф ҳамасола дар Паёмҳои Президенти кишвар зикр мегардад. Пешвои миллат нисбати ин соҳаи иҷтимоии давлат диққати махсус медиҳанд. Дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад” Фаъолияти устувор ва рушди соҳаи илму маориф дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ мутобиқшавӣ ё навсозии динамикии шахсият ва ҷомеаро таъмин месозад. Дараҷаи баланди маориф, ки одатан бо рушди баланди илму истеҳсолот ҳамроҳ мешавад, дар ҳама марҳилаҳои тамаддуни башарӣ омили муҳимтарини пешравии иҷтимоию техникӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб мерафт.

Маориф дар ҷаҳони муосир омил ва шарти асосии ҳамгироии рушди системаи илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта  омилҳои он ба василаи раванди  ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи  иттилоотӣ муайян карда мешавад, ки хусусиятҳои мусбат ва манфии зуҳури худро дар равандҳои муосири ҳамгироии маориф ва илм доранд нишон медиҳад. Дар замони  муосир маориф ва илм ҳамчун ниҳоди масъул василаи асосии таъмин ва рушди дониш ва иттилоот буда, онро ҳамчун заминаи асосии зеҳнии технологияҳои инноватсионӣ дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ арзёбӣ метавон кард. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки “Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Маориф дар давоми ду асри охир як қатор дигаргуниҳои ҳақиқатан инқилобиро аз cap гузарондааст. Дар аксари кишварҳои дунё мардону занон имрӯзҳо ҳуқуқи гирифтани таҳсилро доранд, давлат кафолат медиҳад, ки шаҳрвандонаш дараҷаи муайяни таҳсилот дошта бошанд, таълим мунтазам суръат мегирад. Ҷаҳони муосир бо ҳама пуртаззодӣ, мухолифат ва дигар вижагиҳояш ба илму дониш ва мутахасисони болаёқат эҳтиёҷ дорад. Дар ин замина нимаи дуюми асри XX мафҳуми «бозори кадрҳои илмӣ» ба вуҷуд омад. 

Инчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро дар ҷавонону насли наврас ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқу тарғиб намоем.

Илҳом Қурбоншоев н.и.фалсафа. мутахасисси пешбари шуъбаи махазҳои исломӣ 

 

                   

Яндекс.Метрика