ДИЛИ ИНСОН

Аз ҳакиме пурсиданд:
— Дар бораи дили инсон мафҳумҳои зиёде мавҷуданд.
Ба ман соддатаринашро бигӯед.

Сипас, ҳаким ба ҷойи посух додан шогирдашро ба як хона бурд. Хона хеле зебо буд ва дар мобайн болои мизе як коса хӯрок меистод.

Аз хӯрок бӯйи хуше дар фазои хона паҳн мегардид. Пай бурдан душвор набуд, ки таом бомазза аст. Аз даҳони шогирд об рафта, мехост таомро бичашад.

Ҳаким шогирдашро аз ин ҳуҷра берун бурда, ба хонаи дуюм даъват кард.

Вақте вориди ҳуҷраи дуюм шуданд, бӯйи баде ба димоғ зад, ки тоқат кардан ва он ҷо мондан мушкил буд.

Дар мобайни хона, болои миз дар як коса хӯрок меистод бӯйи бади ғизо дилро беҳузур мекард.

Иштиҳои шогирд баста шуда, хост ҳар чӣ зудтар аз ҳуҷра баромада равад...

Пас аз баромадан ҳаким гуфт:
— Хонаи якум ҷисми инсонест, ки дили зебо дорад.

Хӯроки болаззати коса дили ӯст. Ҳар кас мехоҳад онро бичашад.

Ҳуҷраи дуюм вуҷуди касест, ки дили бад дорад. Хӯроки бадбӯй дар коса дили ӯ мебошад.

Ҳар кадом инсон аз чашидани чунин таом худдорӣ мекунад.

БИГЗОР, ҲАМЕША ДИЛИ ПОК ВА ХОЛӢ АЗ КИНАВУ ҒАРАЗУ ДУРӮҒ ДОШТА БОШЕМ...

Аз саҳифаи " Хазинаи маърифат "

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика