МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ҚИСМИ II

Дар фазои сиёсию ҳуқуқии халқи тоҷик суиистифодаи арзишҳои динӣ ва махлутсозии он бо сиёсат ва муборизаҳои сиёисозӣ илова бар тазоди соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ таҷрибаи талх дорад. Ин таҳдид то ҳанӯз дар мувофиқат бо сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии баъзе афроди ҷомеа аз рӯзномаи мафкураи сиёсии иддае аз ҳангоматалабон дур нашудааст. Аз ин хотир, моро зарур аст, ба безараргардонии ҷавҳари нерубахши ин суиистифодабарӣ, ки ба манфиати миллат ва давлат нест, чораандешӣ намоем. Ҷавҳар ва маҳаки ин ҳамоиши маънавӣ ва фикрӣ таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмист.
 
Дар ин росто, ҳар шаҳрванди мусулмон ва диндори ин кишвар бояд дарк намояд, ки дин ва эътиқод кори шахсии ҳар инсон буда (моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), олудасозии он бо сиёсат ва ғаризаҳои шахсию гурӯҳӣ дар асоси талаботи дунявияти конститутсионӣ (талаботи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) қатъиян пешгирӣ мегардад. Асли дин ва имон – на қудратталабӣ ва иштирок дар муборизаҳои сиёсист, балки эътиқод ба Худои якка ва ягона, ба малоикаҳои он, китобҳои осмонӣ, паёмбарони он, ба рӯзи қиёмат ва қазову қадар ва ҳаёти пас аз марг (зинда гардонидани баъд аз марг) аст. Бинобар ин, ҳар нафаре, ки эътиқоду имонро ба муборизаҳои сиёсӣ ва манфиатноки молӣ олуда месозад, вай ҳам ба дин ва ҳам ба қонуни адли умум хиёнат менамояд.
 
Дар ин хусус, С.Н. Макаренко хело ба маврид қайд менамояд, ки «мутобиқи принсипи дунявият муносибати давлатро нисбати тамоми динҳо тибқи асосҳои баробар, инчунин муносибати бетарафона ва беғаразонаи онро ҳам нисбати ҷаҳонбинии бединӣ (атеистӣ) ва ҳам ҷаҳонбинии динӣ ифода менамояд. Робитаҳои давлат ва калисо бояд ҳамчун ду институти аз ҳамдигар мустақил дар асоси ҷудо намудани иттиҳодияҳои динӣ аз ҳокимияти оммавӣ ва тобеияти онҳо ба қонунҳои дар давлат амалкунанда ташкил карда шаванд» [Макаренко С.Н. Проблемы реализации принципа светского государства в Российской Федерации / Известия Южного федерального университета. Технические науки. № 9-2 / том 64 / 2006. С. 42-43].
 
Пешвои миллати ҳинд – Маҳатма Ганди, ки яке аз тарафдорони ақидаи давлати дунявӣ ва маъруфтарин пешвои ҳаракати озодихоҳии миллӣ ва бузургони дини ҳиндуия дар арафаи бадастории истиқлолияти Ҳиндустон аст, гуфта буд: «Ман қасами вафодорӣ ба дини худ хӯрдаам. Ман ба марг аз барои вай ҳозирам. Аммо ин кори шахсии ман аст. Давлат ба ин ҳеҷ муносибате надорад. Давлат дар бораи некӯаҳволии дунявии шумо, саломатии шумо..., муносибатҳои хориҷӣ, асъор ва ғайра ғамхорӣ мекунад, на дар мавриди дини ману шумо. Ин – ташвиши шахсии ҳар шахс аст» [Coтивoлдиев Р.Ш. Прoблемaҳoи нaзaрияи дaвлaт вa ҳукуқ (Китoби дaрcӣ бaрoи муaccиcaҳoи тaҳcилoти oлии кacбӣ). – Душaнбе: Империaл - Групп,– 2005. – С. 654-656]. 
 
Аммо, мутассифона имрӯз гурӯҳҳои манфиатҷӯ мафкураи диниро ба мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ҳамчун аслиҳаи нишонрас истифода бурда истодаанд. Дар натиҷаи чунин сиёсисозии сунъӣ ва ғаразнок, суиистифодаи дин барои ноил шудан ба манфиатҳои сиёсӣ ва дунявӣ, мафкураи динӣ нуқсон мепазирад ва шууру эътиқоди динии мардум хусуияти ифротӣ мегирад.
 
Давлат дар масири таърих аз печидагию олудагиҳои нафсонӣ ва манфӣ ҳамчун фарзанди баркамоли сиёсат убур карда, вобаста ба шароит, барои такмили худ, ҳамсони хиради инсонӣ, навъҳои зуҳури шоистаро ҷустуҷӯ менамояд ва бо гузашти айём рӯзгори пешини худро инкор карда, шаклу усулҳои навро қабул менамояд, аммо динҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки қолаби худро дар мафкураи пайравони худ устувор кардаанд, зотан (аз ин ислоҳоти даврӣ аз бисёр ҷиҳат маҳруманд), ё ба чунин ислоҳот ва манфиатталабӣ ниёз надоранд. Лоиқ нест, ки дар ин ҷараён ба таъмири дин даст зада, он дар майдони сиёсат берун аз таъиноти аслиаш ба яроқи сиёсӣ ва муноқишабарангезӣ табдил дода шавад. Ин ҳолат ба моҳият ва ҷавҳари ахлоқӣ ва эътиқодии дин созгор нест. Дуруст аст, ки вобаста ба шароитҳои таърихӣ дар давраҳои гуногун вобаста ба заруратҳо динро сиёсӣ кардаанд, вале ин таҷриба ба талаботи имрӯзу фардои давлатҳои миллӣ мувофиқ ва созгор нест. Зеро давлати миллӣ худ кафилу муҳофизи озодиҳои эътиқодист. Озодшавии дин аз чанги хурофот ва аз махлутшавиаш бо сиёсат ҳам ба манфиати дину ҳам давлат аст. Ин ҷараёнро таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ бамаротиб собит сохтаанд.
 
Пас, ҳифзи тозагӣ ва беолоиш нигоҳ доштани арзишҳои динӣ аз ҳама ғаризаҳо дар паҳнои боварии ботинӣ ба сони арзишҳои умда, ки дар сарчашмаҳои аслии динӣ борҳо таъкид шудааст, беҳтарин воситаи ҳифзи муназзамии ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ аст. Ҳимояи ин тозагӣ аслан бар уҳдаи давлат не, балки бар уҳдаи худи мардуми диндор аст ва давлат барои ин танҳо шароит фароҳам меорад. Давлати демократӣ ба озодиҳо таъсир намерасонад, балки барои зуҳури онҳо шароит фароҳам меорад, паҳнои онҳоро бо қонун муқаррар менамояд ва масъулияти атрофро барои риояи онҳо таъмин месозад.
 
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замонҳo вобаста аз шароити мавҷуда ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои худ ба раванди ҳаёти ҷомеа таъсири назаррас мегузоранд. Давлат ва низоми одилонаи идораи он дар ҳар давру замон тавассути фарзандони асили миллат ҷиҳати ҳимояи роҳи дурусти давлатдорӣ кӯшиши ҳимоя намудан аз ин каҷравиҳо мекарданд. Масалан, дар давраи Сомониён, гурӯҳои манфиатҷӯ бо истифода аз мафкураи динии ҷомеа, кӯшиши ҳимояи манфиатҳои гурӯҳии худро намуда, як фазои носолимро ба вуҷуд оварданд, дар Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв ва дигар шаҳрҳои азим тухми фитнаю нифоқ кошта шуд. Нӯҳ ибни Наср [943-954] тамоми уламои Мовароуннаҳрро ҷамъ карда, фармуд, то мазҳаби рост ба тариқи суннат ва ҷамоатро, ки воқеияти Ислом ва холӣ аз унсурҳои итфротию нифоқбарангез бошад, баён кунанд [Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ. ас-Саводу-л-аъзам / Бо таҳрир, тасҳеҳ ва таҳқиқи умумии Ф. Бародзода, С. Шаҳобиддинов, Р. Азизӣ, М. Наҷодзода. – Душанбе: «Андалеб-Р», 2016. – 248 с].
 
Вазъи мафкураи сиёсии давлати Сомониён мураккаб гардида, аксарияти одамон ба мазҳабҳои мухталиф рӯ оварда, мардум ҷиҳати масъалаҳои ҷузъӣ ба баҳсу мнозираҳо кашида шуда, фазои номусоиди диниро эҷод карданд. Барои ислоҳи ин нуқсу хато ва солиму комил гардонидани мафкураи динӣ аҳли илму маърифатро зарур буд, то асли исломро ба халқ фаҳмонанд. Бинобар ин, бо дастури Нӯҳ ибни Насри 2 Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ва дигар олимони замона муваззаф гардиданд, ки китоберо дар боби мазҳаби дурусти бобоӣ эҷод намоянд. Дар натиҷа китоби машҳури «ас-Савод-ул-аъзам» ва чандин китобҳои дигар дар доираи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ бо хосияти вижаи фаҳми фиқҳи мовароуннаҳрӣ ба нашр расонида шуд. Ин рисолати эҷоди асарҳои мукаммали динӣ дар доираи талаботи мазҳаб ва талаботи ҷомеа садди роҳи фитнаи динӣ ва нифоқи аъзои ҷомеа гашта, тухми таҳаммулу муросоро миёни пайравони динҳои гуногун кишт кард.
 
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони шӯравӣ, ҳизби коммунистӣ, ки бо мафкураи марксистии худ ва ё ба истилоҳ «идеологияи коммунистӣ» дар сари қудрат қарор дошт, тамоми паҳлӯҳои рӯзгори мардумро зери назорат ва таъсири пурра гирифта, бо ваъдаи зиндагии шоиста ва баробарии ҳама дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ худшиносӣ ва ҳувияти миллии халқҳоро костаю заиф намуда буд. Ин маҳдудияту тундравии мутлақи ғояе низ бо мурури замон ба мафкураи миллати мо таъсири манфӣ расонида роҳи озодшавии мафкураро аз чолишҳои мухталиф то ҳадде мушкил кард. Кор то ҷое ба қавли Макиавелли расид, ки халқи аз маҳдудияти комили фикрӣ озодшуда дар ибтидо озодии фикриро ҳифз карда натавонист: «Барои мардуми вайроншудае, ки озодиро ба даст овардааст, хеле душвор аст, ки озод бимонад» [Макиавелли Н. Государь. – М., 2010. – С. 370-371].
 
Бинобар ин, миллати тоҷик аз ифротгароии мафкуравии коммунистӣ раҳо наёфта, қисме аз мардум дар оғози истиқлоли давлатӣ бинобар надоштани ҳисси худшиносии миллӣ гирифтори мафкураи сиёсигардони динӣ гашт. Баъзе шахсиятҳои сиёсӣ ва зиёиёне, ки зери таъсири мафкураи коммунистӣ зиндагиву фаъолият мекарданд ва ҳисси худшиносиашон коста гардида буд, ҷойгоҳи андешаи миллиро дар мафкураи давлатӣ холӣ гузоштанд. Ҳамин фазо ва зарфияти маънавии холиеро, ки ба иллати оҷизии мафкуравии зиёиён ва донишмандон дар мафкураи ҷомеа ба миён омада буд, шахсони қудратхоҳ ва руҳониёни қудратталаб бо арзишҳои манфиатхоҳона аз номи дин пур намуда, давлатро гирифтори чанги шаҳрвандӣ намуданд, ки паёмадҳои он ҳоҷат ба шарҳ надорад. Вале, бояд иқрор шуд илму дониш ва саводе, ки низоми шӯравӣ ба мардуми Тоҷикистон дод, дар ҳамоҳангӣ бо коди генетикии таҳаммулгароии миллат ва хизматҳои содиқонаи Пешвои миллат тавонист яке аз омилҳои муассири маҳкам кардани дарвозаи фитнаи динию нифоқи шаҳрвандӣ низ гардад. Аммо бо вуҷуди ин, дигаргун шудани фазои мафкуравӣ ва ташаннуҷи сиёсии ба вуҷуд омада, дар сохтори идораи давлатӣ калавишҳои мафкуравиро рӯи кор овард...
 
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика