Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил ибни Иброҳим ибни Зайд мебошад (с.в.342\953м.). Аз мазмуни ахбори сарчашмаҳо чунин бар меояд, ки Абул-Қосим дар Самарқанд таваллуд шуда, айёми кўдакию таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст.Сипас ў барои идомаи таҳсил ба Балх омада, дар онҷо ба шогирдии фақеҳ ва орифи бузург Абўбакр ал-Варроқ ат-Тирмизӣ пазируфта мешавад ва аз ў фиқҳи ҳанафӣ ва тариқат меомўзад. Ҳангоми омўзиши улуми нақлӣ ва ақлӣ вай дар риштаҳои ақида, фиқҳ ва тафсири Қуръон муваффақ мегардад.
Абул-Қосим аз муҳаддисони бузург, ба мисли Абдуллоҳ ибни Саҳл аз-Зоҳид ар-Розӣ, Амр ибни Саҳл ал-Марвазӣ ва Муҳаммад Ҳузайма ал-Каллос илми ҳадис ва ривоят омўхтааст. Аз ду орифи шиноҳта-Ибни Ҷиллоъ ва Иброҳими Кисоии тариқатро фаро гирифтааст.
Баъд аз анҷоми таҳсил Абул-Қосим ба зодгоҳаш Самарканд баргашта, дар онҷо ба омўзиш ва густариши мазҲаби ҳанафӣ мепардозад.Самъонӣ хабар медиҳад, ки фақеҳони машҳури ҳанафӣ Абў Ҷаъфар Муҳаммад ибни Муниб ас-Самаркандӣ, Абдулкарим ибни Муҳаммад ас-Самарқандӣ, ва Муҳаммад ибни Имрон ибни Машҳӣ аз шогирдони Самарқандӣ буданд.Дар сачашмаҳои ирфонӣ бошад Ибни Наср аз-Зоҳид ва Абўалӣ Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҳамза ар-Розӣ ҳамчун шогирдони Абул-Қосим ёд мешаванд, ки гуфторҳои ирфониро аз Ҳакими Самарқандӣ ва устодаш Абўбакр ал-Варроқ ат-Тирмӣ накл мекунанд.
Абул-қосим дар даврони ҳукмронии Сомониён зиндагӣ мекард ва бо амирони сомонӣ робитаи хуб дошта, аз пуштибонӣ ва дастгирии онҳо бархурдор буд. Вай беш аз 17 сол вазифаи қозии Самарқандро бар дўш дошт ва мардум аз казовату доварии Абул-Қосим хушҳол ва ризоманд буданд.Абул-Қосим даҳуми моҳи муҳаррам соли 342 ҳиҷри вафот кардааст ва тибқи васияташ дар қабристони Чокардезӣ дафн шудааст.
Бархе аз пажўҳишгарон иштибоҳан Ҳакими Самарқандиро шогирди Абумасури Мотуридӣ донистаанд. Ин андешаро муҳаққики тунисӣ Балқосим ал-Ғолӣ, донишманди бритонӣ ал- Форуқ Умар ва дигарон баён кардаанд. Вале муҳаққиқи осор ва афкори Мотуридӣ, пажўҳишгари олмонӣ Рудольф Ульрих ин андешаро бе поя хондааст, зеро ба назари вай ҷонибдорони ин фикр на ба таҳлили бевоситаи осори Ҳакими Самарқандӣ, балки ба маълумоти муаллифони мотуридии мутааххир такя кардаанд.
Пажўҳишгари эрониӣ Аҳмад Покатчӣ низ дар асоси маълумоит сарчашмаҳои таърихӣ ва таълифоти шарҳиҳолии маҷмўаҳои Табақот ва Тароҷим Ҳакими Самарқандиро аз ҳанафиёни суннатгаро, вале Мотуридиро аз ҷумлаи ақлгароён донистааст.
Андешаи Рудольф Ульрих дар робита ба ин масъала чунин аст: Абулқосим ал- Ҳаким ас-Самарқандӣ наметавонист пайрави ҳамасри худ Мотуридӣ бошад. Вай андешаҳо ва таъбирҳои тозаэҷоди Мотуридиро қабул надошт. Ҳамчуноне, ки аз сабки баёни вай пайдост, муаллиф ақидаи ҳанафиёни мутақаддимеро идома медиҳад, ки онҳо бо илоҳиёт ва каломи ақлонӣ ба таври ҷиддӣ машғул набуданд, балки аз он дурӣ меҷустанд.
Далели дигаре, ки шогирди Мотуридӣ будани Ҳакими Самаркандиро инкор мекунад, он аст, ки маҳз ба Самарқандӣ баёни эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат-ро супориш дода буданд, на ба Мотуридӣ.
Яке аз арзишмандтарин таълифоти Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ин Рисолаи Саводу-л-аъзам-и ў мебошад, ки дар даврони ҳукмронии Сомониён бо дастури онҳо навишта шудааст, ки парокандагии динӣ ва густариши равияву мазҳабҳои гуногун барои ваҳдати эътиқодии мардум хатари ҷиддӣ эҷод мекарданд. Донишмандони Мовароуннаҳро гирд оварда, супориш дода мешавад, ки баён кунед мазҳаби рост ва тариққи суннат ва ҷамоат, онки падарони мо бар он буданд.Чун амири одил Исмоил амр кард Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ва фақеҳони дигарро барои иқдоми ин амр, пас Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ва фақеҳон ишора карданд ба Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ва онро гуфтанд: баён кун мазҳаби рост ва тариққи суннат ва ҷамоат он, ки Паёмбар (с) бар он буд.Аз як тараф дараҷаи илмии Ҳакими Самарқандӣ ро нишон дода бошад, аз тарафи дигар саҳми ўро дар ташаккул ва рушди мактаби каломии Абўҳанифа возеҳу равшан баён кардааст.
Ба андешаи мо ахамияти ин сарчашма дар арзиши адабӣ ва фикрию таърихии он ифода меёбад, зеро он фарогири матолиби муҳиме дар бораи вазъи илмию адабӣ ва ақидатии мусулмонони Мовароуннаҳру Хуросон дар фосилаи ҳазор сол пеш аз замони мост.
Наботов М.А. - сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ