Хушбахтона Абўҳанифа баъд аз худ матнҳои эътиқодии зиёде боқӣ гузошта буд, ки то замони мо теъдоди чанде аз онҳо дар шакли рисолаҳо расидаанд. Дар байни ин дастхатҳои ҷолибе, ки боқӣ мондаанд, бидуни шак мустақиман ба замони таъсиси мактаби каломии Абўҳанифа мутааллиқ мебошанд.
Дар асоси маълумоти боэътиборе, ки дар даст дорем, бо қотеъият метавон таъкид сохт, ки бунёди каломии Мовароуннаҳрро қабл аз ҳама таълимот ва осори ба илми калом бахшидаи Абӯҳанифа ташкил додааст.
Дар ин ҷода пеш аз ҳама китоби Ал-олим ва - л - мутааллими Абўҳанифа, бо ривояти Абӯмуқотили Самарқандӣ (с.в.823\208), ки дар рушд ва ташаккули мактаби каломию фиқҳии Абўҳанифа дар Мовароуннаҳр нақши боризеро анҷом додааст ва асосу таҳкурсии мактаби Абўҳанифаро дар Мовароуннаҳр дар бар гирифтааст, нақши калидиро бозидааст. Аз гуфтаи боло бармеояд,ки аввалан он то замони мо ҳамчун асари Имом Абўҳанифа маҳфуз мондааст; дуюм ин ки дар осори марбут ба калом, ки аз ҷониби мотуридиҳо ва дигар ҳанафиёни Мовароуннаҳр навишта шудаанд, ишораҳои зиёде ба ин дасхат ва иқтибосе аз он зикр ёфтаанд.
Ва ин асар имконият медиҳад қабл аз ҳама раванди ташаккул ва инкишофи анъанаи ҳанафиро дар он бар аъло бинем. Ба гуфтаи олими Олмонӣ Рудольф Ульрих дар ин китоб таълимот оид ба масоили илоҳиётшиносӣ на ба Абўҳанифа, балки ба яке аз пайравони ў Абўмуқотили Самаркандӣ тааллуқ дорад ва ҳар андешае, ки ў пешниҳод кардааст, чизи нав ё нодир набуда, балки шарҳу тафсири андешаҳои Абўханифа мебошад. Шарҳу тафсири андешаҳои Абўханифа ин далолати ташаккул ва инкишофи мактаби Абўханифа дар ҳавзаи илмии Мовароуннаҳр мебошад.
Гарчанде ривоятҳои гуногун дар бораи Абўмуқотили Самаркандӣ оварда шудааст, аммо дар ҳар сурат беҳтар он аст, ки далели аниқтареро доир ба Абўмуқотили Самаркандӣ аз сарчашмаҳои муътабар ба даст овард. Ҳамчуноне, ки Ҷалолуддин Суютӣ дар Ал-лаъоли –л- маснуа фи-л- аҳодиси –л - мавзуа таъкид кардааст, ки Абўмуқотили Самаркандӣ қозии Самарқанд буд.
Ба қавли Рудольф Ӯльрих, Абӯмуқотили Самаркандӣ муаллифи бевоситаи рисолаи Ал-олим ва-л-мутааллим аст зеро дар он саволҳои шогирд ва ҷавобҳое, ки ин шогирд мунтазири гирифтани онҳо аз муаллим мебошад, бо унсури муколама ва коркарди адаби омадааст.
Дар охир метавон гуфт, ки китоби Ал - олим ва -л-мутааллим ва ҷойгоҳу мақоми он, дар дар густариши каломи ҳанафия дар Мовароуннаҳр таъсири амиқ ворид карда, аз ҷониби уламо хеле хуб пазируфта шуда буд ва боқотеъият метавон гуфт, ки дар тӯли садсолаҳо ҳамчун яке аз сарчашмаҳои боэътимоди илоҳиётшиносии Мовароуннаҳр нақши муҳим бозидааст.
Наботов М.А. - сармутахасси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ