Ибодат - хидмат кардан ба халқ аст...

Аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ пурсиданд:
Ибодат чист?
Фармуд:
Ибодат-хидмат кардан ба халқ аст...
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест
Саъдӣ
Пурсиданд: Чи гуна?!
Гуфт: Агар ҳар пешае, ки ба он иштиғол дорӣ, ризойи Худо ва мардумро дар назар дошта бошӣ, ин номаш ибодат аст.
Пурсиданд: Пас намозу рузаву хумс...??
Гуфт: Инҳо итоъат ҳастанд, ки бояд банда баройи наздик шудан ба Худо анҷом диҳад то анвори Ҳақ бигирад..!
Вақте вуҷудат дар масири хидмат ба халқи Худо қарор гирифт, бидон мавриди интихоби Худованд воқеъ шудайӣ.

Ба корҳо шитоб макунед

Писандида ҳаргиз набошад шитоб,
Шитоб афканад ҷони мардум ба тоб!
Шитобандаро дар ҷаҳон ном нест,
Ба гетӣ шитобандаро ком нест!
Касе, к-ў ба коре шитоб оварад,
Пушаймон шавад зуд, кайфар барад1!
Касе, к-ў шитобон ба роҳе равад,
Барояд зи гоҳе, ба чоҳе равад!

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика