Дар боби якуми моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд”. Ин се рамзи давлатдории мо, Тоҷикистони моро ба оламиён муаррифӣ менамояд. Парчами давлатии Тоҷикистон дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид”.
Миллати тоҷик яке аз қадимтарин миллатҳои дунё маҳсуб шуда, давлатдориҳое чун Пешдориён, Сосониён, Кӯшониён, Сомониён доштааст. Ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории онҳо парчам будааст. Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуда буданд: “Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад”.
Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон, нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Далели ин гуфтаҳо асарҳои таърихию гаронмояи ниёгонамон Авасто, Шоҳнома, Таърихи Наршахӣ, таърихномаҳои зиёд мебошанд. Аҷдодони ба ору номуси мо барои ҳастии хеш ва таҳкими забони тоҷикӣ муборизаҳои шадид ва ҳамзамон талафоти зиёди моддию маънавии таърихиро аз сар гузаронидаанд.
Ба қавли муҳаққиқони таърихшинос замони заҳури парчам таърихи беш аз 30 ҳазор солро дар бар гирифтааст, ки тасвирҳои аввалини он дар болои харсангҳо инъикос ёфтаанд. Дар таърихи тоҷикон низ парчам ҳамчун ифтихору пояндагии миллати дорои таърихи қадимаи хеш будааст ва шояд яке аз аввалин парчамҳо дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ бошад. “Парчам” вожаи суғдӣ (parcham) буда, он ба маънии “зулфу кокул” омода ҳамчунин маънои “пӯпаки абрешимӣ ва мӯйро мекунад”. Муродифи дигари “парчам” дар забони порсӣ “дирафш” мебошад.
Тавре аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва саҳифаҳои таърихи гузаштаи халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини миллати мо Коваи оҳангар будааст, ки ба хотири барҳам задани пояи ҷабру бедодгарӣ ва ба даст овардани озодиву истиқлол пешдомани чармини худро дирафш карда, халқи ситамдидаро ба мубориза даъват кард. Ин парчам бо номи “Дирафши Ковиён” маъруф буда, ҳамчун парчами бузурги шоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосониён, ҳанӯз аз замони Фаридун шинохта шудааст.
Шоирони бузург ва тавонои миллат дар тӯли давраҳои гуногуни таърихи ташаккули фарҳанги хеш ба як эҳсоси хоси ватанхоҳӣ ва ватандорӣ аз ин дирафши миллӣ ёд карда, шоҳбайтҳои нотакрореро дар васфи он эҷод кардаанд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи хеш “Дирафши Ковиён”-ро чунин тасвир кардааст:
Бизад бар сари хеш чун гирди Моҳ,
Яке фоли фарухпай афканд шоҳ,
Фуру ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш “Ковиёни Дирафш”.
Аз он пас ҳар он кас,ки бигрифт гоҳ,
Ба шоди ба сар барниҳодӣ кулоҳ,
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.
Парчам ҳамчун рамзи миллати озод ва давлати мустақил маҳсуб гардида, мояи ифтихори ҳар як миллати парчамбардор мебошад. Зимни суханрониашон Пешвои миллатамон чунин зикр намудаанд: “Парчами давлатӣ”ҳанӯз аз замонҳои қадим шурӯъ карда, муқобили ҳар давлате душмане қарор мегирифт, мардум дар атрофи парчами хеш муттаҳид гардида, ба хотири ҳифозату садоқат ба Ватан қасам ёд мекарданд. Ҳамеша вазифаи парчамбардорӣ бар дӯши шахсони интихобшуда, ки дорои ҷуссаи тавоно ва ғайрату мардонагӣ бошад ва ин рамзи давлатдории худро бо қимати ҷони хеш нигаҳбонӣ мекардаанд, вогузор мешудааст. Ҳангоми набардҳо парчамбардор аз ҳарду тараф дорои эътибори махсус будааст. Натиҷаи набардҳо аз ҷумла, пурра мағлуб шудан ё пурра ғалаба ба даст овардан аз боло ё поён кардани парчамбардор муайян карда мешудааст.
Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо ифтихор бо он савганд ёд мекунанд ва дар назди он сар фуруд меоранд. Шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонӣ гашта, таҳқири парчам,таҳқири гузаштаву имрӯза ва ояндаи ҳар як халқ ва ифтихори давлату давлатдории он маҳсуб мегардад. Бинобар ин, рамзҳои давлатӣ дар зери ҳимояи қонун ва давлат мебошанд. Парчам ҳамчун муқаддасоти миллат маҳсуб гардида, баёнгари таъриху фарҳанги пурифтихори ҳар як миллат, гузаштаву имрӯза ва ояндаро бо ҳам мепайвандад. Парчам аз қаъри асрҳо ҳамчун нишонае аз бенишониҳои дар ҳолатҳои барои давлат хатарнок миллатро дар атрофи худ муттаҳиду сарҷамъ карда, фарзандони номбардорашро барои дифоъ аз нангу номуси Модар-Ватан ва арвоҳи гузаштагони он даъват мекунад.
Рангҳои парчами миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёинажод ва эронитабор сурху сафеду сабз мебошанд. Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna-(аз решаи var-“пӯшидан”) ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ омадааст. Дар забони эронии бостон низ pistra-ҳам мафҳуми ранг доштааст ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Дар он рӯзгор ранги сафед ба рӯҳониён, сурх ба размиён ва кабуд ба мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст.
Ҳанӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам (аз 23 ноябри соли 2010) рангҳои парчами миллиро “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста гуфта буданд: “Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишонаи бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад”. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончи: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафт рӯзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рӯ, зинатбахшии парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хушӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон: мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон арзёби мегардад.
30 августи соли 2011 дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон бо баландии 165 метр барафрохта шуд. Дарозии Парчам 60 метр, бараш 30метр ва вазнаш 420 килограмм аст. Мавзеи ҷойгиршавии он “Майдони Парчам” номгузорӣ шуд. Парчами Тоҷикистон ба китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес дохил карда шуд, ки ин ифтихори миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст. Шукӯҳу шаҳомати лаҳзаи боло намудани Парчам қалбҳои ҳозирин ва бинандагони оинаи нилгунро фараҳманд намуда буд.
(Баъдан соли 2014 мамлакати Арабистони Саудӣ, дар шаҳри Ҷидда Парчами худашро дар баландии 171 метр; Озарбойҷон-160 метр барафрохтаанд).
Дар қатори парчамҳои дигар миллатҳо имрӯз парчами миллии тоҷикон ҳамчун ному нишон ва ҳастии мо дар боргоҳи бузургтарин Созмони Умумиҷаҳонии башарият маъво гирифтааст ва партавафшонӣ мекунад. Ҳамчун рамзи воқеии миллӣ имрӯз тоҷиконе, ки дар кунҷу канори манотиқи мухталифи ҷаҳон ҳаёт ба сар мебаранд, ин ливои муқаддасро дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ бо ифтихор бо худ мегардонанд ва ба он эҳтироми ҳамешагӣ доранд. Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд. Парчам дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, дар болои вазорату идораҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷойҳои расмӣ овехта мешаванд. Дар мусобиқаҳои варзишӣ ғолибонро бо парчами давлаташон фарқ мекунанд ва ғолибони мусобиқаҳо бо ифтихори ватандорӣ парчами кишварашонро боло менамоянд.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди Тоҷикистон маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Итминони комил дорем, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарварӣ тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1992 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12 майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки онҳо аз ҷониби давлат ҳимоя ва ҳифз карда мешаванд.
Бо мақсади боз ҳам бештар арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва рӯ овардан ба ин арзишҳо 19 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо” ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24 ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Таманно менамоем, ки парчами халқи тоҷик, ливои зафару иршоди ӯ, ки аз “Дирафши Ковиён” маншаъ гирифтааст, ҳамчун шуълаи имон ва оташи виҷдони ҳар фарзанди бонангу номуси миллат то абад парафшон бошад!
Тавре Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд: “Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст”.
Ба рӯи боми миллат ҷилваи нози туро хоҳам,
Ба дунё муждаҳои ваҳдату рози туро хоҳам.
Ба зери сояи ту тоҷики ман ёфт осоиш.
Барои сулҳу ваҳдат мавҷи парвози туро хоҳам.
Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир