РАМЗИ ШУКРУ РАМЗИ ЛУТФИ МИЛЛАТИ СОҲИБМАҚОМ

Анъанаҳо ва расму оин вобаста ба фарҳанг ва тамаддуни ҳар кишвар гуногунанд. Ҳар ҷомеа вобаста ба суннатҳои фарҳангӣ анъанаҳо ва одатҳои худро дорад, ки якзал нестанд. Рафторҳои иҷтимоии ҷомеаҳо воситаеанд, ки аз насл ба насл интиқол ёфта, тавассути он фарҳанги миллӣ ва суннатҳои мардумӣ ҳифз мегарданд. 
 
Мусаллам аст, ки анъанот ва одобу русуми ҷомеаҳо ба куллӣ аз якдигар фарқ доранд ва барои ҷомеаи дигар ба таври ғайриодӣ вонамуд мешаванд. Маҳз ин тафовутҳо сабаб мегарданд, ки як ҷомеа бо суннату русум ва фарҳангу тамаддуни ҷомеаи дигар ошно шаванд. 
 
Тоҷикистон, ки таъриху тамаддуни чандинҳазорсола дорад, суннату анъаноти таърихии зиёд дорад, ки то имрӯз боқӣ мондаанд ва дар шаклгирии сифатҳои ахлоқии ҷомеа нақш гузоштаанд. Анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои мардумии халқи тоҷик ҳарчанд бо падидаҳои гуногуни таърихӣ рӯ ба рӯ шудаанд, вале то имрӯз моҳияти худро гум накарда, дар ташаккули фаъолияти инсон ва раванди таълимгирию тарбиятёбии насли наврасу ҷавон нақши худро гузоштаанд. 
 
Маҳз тавассути ҷашну маросимҳои мардумӣ ба насли наврас дониш ва малакаҳои ибтидоии иҷтимоӣ интиқол меёбанд. Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа аст, ки анъанаҳо аз як насл ба насли дигар интиқол меёбанд ва воситаи арзишноки ахлоқии ҷомеа мегарданд.
 
Яке аз русуми хоси мардуми тоҷик, ки дар шаклгирии сифатҳои ахлоқии афроди хонаводагӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми ҳамсоягӣ асос гузоштааст, ин баргардонидани зарфе, ки қаблан дар он хӯрок ва ё шириние пешкаш шуда буд, мебошад, ки ин расмро дар ҳаёти бархе аз мардуми қитъаи Осиё низ дидан мумкин аст. 
 
Анҷоми ин суннат дар ҳар хонаводаи тоҷик новобаста аз баргузории ҷашну маросими хонаводагӣ ва идҳои миллӣ мушоҳида мегардад. Агар ба рафторҳо ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ-хонаводагии мардуми тоҷик назар кунем, анҷоми ин суннат дар ҳар хонавода ба таври возеҳ ба мушоҳида мерасад, ки аз ҳамдилӣ ва ҳамбастагии аҳли ҷомеа дарак медиҳад. Анҷоми ин суннат шояд барои ҷомеаҳои дигар, ба хусус барои ҷомеаҳои ғайрифарҳангии тоҷик ғайриқобили қабул бошад. Вале, холӣ баргардонидани зарфе, ки қаблан дар он хӯрок ва ё шириние пешкаш шуда буд, барои мардуми тоҷик ғайриқобили қабул ва ё аз доираи одоб берун мемонад. Бинобар ин, ҳар хонаводаи тоҷик ҳангоми баргардонидани зарф аз маҳсулоти нонӣ, меваю ширинӣ ва сабзавот истифода мекунанд. 
 
Чун мардуми тоҷик миллатдӯсту сулҳпарваранд, пешкаш кардани зарфи хӯрок ва шириниро ба хотири хайру эҳсон ва лутфу эҳтиром анҷом медиҳанд. Хусусияти хоси ин расм дар баргардонидани зарф бо маҳсулоти хӯрокворӣ рамз аз шукргузорӣ ва нишона аз миннатпазирӣ зоҳир мегардад.
 
Иҷроиши ин суннат барои ҷомеаи тоҷик ҳисси дӯстию ҳамбастагӣ ва лутфу эҳтироми тарафайнро дар худ инъикос менамояд.
 
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Яндекс.Метрика