Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи мубораку таърихӣ асрҳои аср ёд хоҳад шуд, зеро
маҳз дар ҳамин Иҷлосия намояндагони қишру гурӯҳҳои мухталиф сари тадбир омаданду ҳифзи Тоҷикистонро болотар аз хостаҳои дигар гузоштанд.
Ҳамчунин, дар ин Иҷлосия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, ки воқеаи сарнавиштсоз буд...
Ба ин муносибат, мардуми шарифи кишварро самимона шодбош гуфта, сулҳу Ваҳдати комил, рӯзгори ободу осуда ва саломатии бардавомро орзумандем.
БО ЭҲТИРОМ,
аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон