Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун роҳбари давлат Шумо эҳтироми шоиста миёни ҳамватанонатон ва дар хориҷи кишвар обрӯву эътибори баландро соҳиб гаштаед.

Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босубот қадам зада, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.

Бемуболиға, саҳми шахсии Шумо дар таҳкими муносиботи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои мо, ҳамчунин тақвияти робитаҳои барои ду ҷониб судманд дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ бузург аст.

Аз идомаи муколамаи созандаи мо ва ҳамкории зич дар самти масъалаҳои мубрами муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳам буд.

 

Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин http://president.tj/node/31573

Яндекс.Метрика