ХАБАРИ МАРГИ НОБЕЛ

Алфред Бернҳард Нобел аз зумраи шинохтатарин олимони ҷаҳон аст, ки пеш аз вафоташ хабари фавти худро дар рӯзнома хондааст.

Вақте бародараш Людовик вафот мекунад, рӯзномаҳо иштибоҳан фикр мекунанд, ки ихтироъгари динамит Алфред Нобел даргузаштааст.

Алфред субҳгоҳон рӯзномаро хонда ҳайрон мешавад: “Алфред Нобел, даллоли марг ва ихтироъгари марговартарин силоҳи башарият, мурд!” Ӯ хеле нороҳат шуда, ба фикр меравад: оё хуб аст, ки маро пас аз марг одамон ин гуна шиносанд? Баъди андешаи зиёд васиятномаашро таҳрир намуда, пешниҳод мекунад, ки тамоми сарваташ барои сулҳ сарф шавад.

Ҳоло одамон Нобелро на бо динамит, балки чун бунёдгузори Ҷоизаи сулҳи Нобел мешиносанд.

Яндекс.Метрика