Сулҳу субот беҳтарин дастовард барои инсоният дар ҳар давру замон маҳсуб мешавад.
Иштироки Пешвои миллат ва ибтикороту пешниҳодоте, ки дар дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доштанд, ҳам барои ҷомеаи башарӣ ва ҳам барои ҳимояи мардуми мазлуми Фаластин саривақтӣ судманд буд.
Пешвои миллат дар ҳама нишасту вохӯриҳо барои пойдор мондани сулҳу субот ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъкидҳои саривақтӣ медоранд, ки ин ҳам ба нафъи мардуми шарифи тоҷик ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонист. Ин таъкидот ва ташабусҳои Пешвои сулҳофару инсонпарвари миллати тоҷик имрӯзҳо намунаи беҳтарин барои пойдорӣ ва ҳифзи манофеи башарӣ гаштааст.
Талошу созандагиҳои ин абармарди хирадро мо дар ҳама вазъу ҳолат мушоҳида карда истодаем. Ин аст, ки Ӯ дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда, вазъияти муташаниҷи имрӯзаи аҳолии Фаластинро шадидан маҳкум намуданд. “Вазъи буҳронӣ дар ин бахши Фаластин кишварҳои мо ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст.Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.
Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад. Кишвари мо ҳанӯз аз оғози даргириҳои охир аз ҷонибҳо даъват ба амал овард, ки ба амалҳои зӯроварӣ ва хушунатомез хотима дода, барои ба эътидол овардани вазъ сари мизи музокира нишинанд. Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад”.
Бояд қайд намуд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва љаҳон дар назди ҳар як фарди бонангу баномус вазифаҳои мубрами амниятї қарор дорад. Вазъи ҷаҳони имрӯза нишон додаистодааст, ки барои ба даст овардани манфитҳо азбайнбурдани талафот додани аҳолии осоиша ба бозичаи дасти абарқудратон табдил ёфтааст. Дар ин раванд, моро месазад ҳамеша ва дар ҳама ҳолат аз таъкидоти Пешвои муаззами миллатамон истифода карда, баҳри таъмини сулҳу осоиштагӣ камари ҳиммат бандем.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин иштирок ва пешниҳодоти Пешвои миллат, ки дар дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, боиси ҳал шудани ҷангу ҷидол байни Исроилу Фаластин ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани мардуми Ғазза гардад. Мо аз доштани чунин фарзанди бонангу номус ва сулҳпарвару ваҳдатофар мефахрем. Зеро эшон пояи сулҳу осоиштагиро дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди аъло расонида, такягоҳи миллати хушбахти тоҷик гаштааст.
Шокиров Умедҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ