ИҶЛОСИЯИ XVI-УМ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ мебошад. Вай барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. 
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ҳаёти навини худро оғоз намуда, барои бунёди давлати миллӣ қадамҳои устувор гузошт. 
Дар вазъияти ҳассоси таърихӣ гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо роҳи ғайриконститутсионӣ моҳи майи соли 1992 зери фишори сахти мухолифин Ҳукумати муросои миллиро ташкил намуданд. Ин ҳукумат, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ва барои пиёда кардани ғаразҳои нопоки худ ташкил шуда буд, аз уҳдаи иҷрои вазифааш набаромад ва дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рух дод.
Мардуми кишвар бо қатъият талаб мекарданд, ки ин вазъияти тоқатфарсо зудтар барҳам дода шавад. Дар чунин шароити мураккаб, ки сухан дар бораи будан ва ё аз байн рафтани Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон мерафт, даъват намудани Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва аз вартаи буҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат вазифаи аввалиндараҷа гашта буд.
Дар чунин вазъияти ҳассос кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. 
Дар Иҷлосияи мазкур як қатор масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд. Аз ҷумла, шахси оқилу хирадманд, ки роҳи ояндаи дурахшони Тоҷикистонро муайян кард, ба сари давлат омада, роҳи рушдро пеша кард.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ба амал омада буд, тавонист тамоми қувваҳои пешқадами сулҳпарварро дар гирду атрофи худ муттаҳид намояд. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори варзидаву кордон дар назди вакилон суханронӣ намуда, қасам ёд карданд, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пурра пойдор гардад. 
Иҷлосияи XVI-ум барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ субот, ташкили Ҳукумати конститутсионӣ нақши бориз гузошт.
 
Шокиров Умедҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
Яндекс.Метрика