1) Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 шаҳр мавҷуд аст, ки аз инҳо 1-то беш аз як млн нафар зиёд аҳолӣ дошта (Душанбе 1,2 млн.нафар). 3-тоашон зиёда аз 100 ҳазор нафар аҳолӣ дошта (Хуҷанд, Суғд, Кулоб, Бохтар Хатлон) ва боқимонда аз 10 то 100 ҳазор нафар аҳолӣ доранд (Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Роғун, (НТҶ) Хоруғ,(ВМКБ) Леваканд, Норак,(Хатлон) Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Конибодом(Суғд)) мебошанд. Дар умум дар ҳамаи ин шаҳрҳо зиёда аз дувуним млн нафар аҳолии ҷумҳурӣ (27%) зиндагӣ мекунанд.
2) Дар ҷумҳурӣ 62 ноҳия (якҷоя бо чор ноҳияи шаҳри Душанбе) вуҷуд дорад. Аз инҳо 24-то дар вилояти Хатлон, 14-то дар вилояти Суғд, 13-то дар НТҶ, 7-то дар ВМКБ ва 4-то дар шаҳри Душанбе мебошад. Ноҳияи калонтарин аз ҷиҳати масоҳат дар ҷумҳурӣ Мурғоб (38 ҳазор км²) ва хурдтарин бошад Исмоили Сомонӣ (37,6 км²) мебошад. Сераҳолитарин- Рудакӣ (қариб 400 ҳазор нафар). Камаҳолитарин- Мурғоб (зиёда аз 15 ҳазор нафар) мебошад.
3) Дар ҳудуди ҷумҳуриамон 4223 деҳа мавҷуд аст.
4) 9139 пирях бо масоҳати умумии зиёда аз 8 ҳазор км² 6% масоҳати ҷумҳурӣ, 60% тамоми пиряхҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Калонтарини он пиряхи Федченко буда, 77 км дарозӣ дорад. (Калонтарин пиряхи Осиё)
5) 947 дарёи зиёда аз 10 км зиёд дарозидошта ва ҳамаги зиёда аз 24 ҳазор дарё вуҷуд дорад. Ҳамаи ин дарёҳо ба се ҳавза таълуқ дорад. (Сир,Ому ва Зарафшон) Баъзеи онҳо берун аз кивар таълуқ дорад (Оқсу, Маркансу) Дарозтарини онҳо Панҷ, Вахш, Бартанг, Кофарнихон, Зарафшон мебошад.
6) Зиёда аз 1300 кул буда, масоҳати умумиашон 705 км² (0,5% масоҳати ҷумҳурӣ) мебошад. Калонтарин- Ховаркул (Қарокул) 380 км², Чуқуртарин- Сарез 500-505 метр чуқурӣ
7) 13 обанбор. Калонтарин- Баҳри Тоҷик (Қайроқум) 520 км². Чуқуртарин- Норак 107 м
8) 300 НБО. Аз онҳо 11 тоашон калон мебошад.
Калонтарин- Норак 3 млн кВт соат
9) 33 қаторкӯҳ. Дарозтарин Туркистон 359 км
10) 141,4 ҳазор км² масоҳат. 11% масоҳати Осиёи Марказиро ишғол мекунад. Ҷойи 93 аз ҷиҳати масоҳат дар ҷаҳон.
11) Зиёда аз 10 млн нафар аҳолӣ. Беш аз 30 халқияту миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Ҷойи 95 аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон.
12) 200 чашмаҳои шифобахш. Гармчашма, Хоҷаобигарм, Обигарм, Чилучорчашма ва ғ.
13) 4513 намуди растанӣ. 1500 намуд растании доругӣ 145 намудашон дар тиб истифода бурда мешавад.
14) 400 кон. 70 кони маъданӣ. 24 кони нафт ( КИМ, Нафтобод, Айритон, Сулдузӣ, Бештентоқ ва ғ.) 14 кони гази табиӣ, 40 кони ангишт (Шуроб, Назарайлоқ, Фон-Яғноб, Миёнаду, Моғиён ва ғ), 40 кони намак (Хоҷамуъмин, Хоҷасартез, Танобчи, Тошбулоқ, Тутбулоқ, Оқсуқон) ва ғайраҳо мебошад.
15) Нуқтаҳои канорӣ шим. қ. Қурама, ҷ. д. Панҷ, ғ. Қаторкуҳи Зарафшон ва ш. Қаторкуҳи Сарикул мебошад.
Манбаъ: Агентии омори ҶТ
Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ