Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Меъёри мазкур барои ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, заминаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ҳамчун унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат мекунад.
Давлати дунявӣ як роҳи ташкили ҳокимияти ҷамъиятӣ (сиёсӣ) мебошад, ки дар он давлат ва иттиҳодияҳои динӣ аз ҳам ҷудо буда, дар айни замон бо ҳамдигар робита доранд, дини давлатӣ ё расмӣ вуҷуд надорад, баробарии иттиҳодияҳои динӣ, озодии виҷдон ва баробарии шаҳрвандон новобаста аз муносибат ба дин бо мақсади ноил шудан ба мувозинати манфиатҳои давлат, шахсият ва субъектҳои динӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.
Тавре аз ин таъриф бармеояд, муҳимтарин хусусияти давлати дунявӣ ҳамкории давлат ва иттиҳодияҳои динӣ мебошад.
Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ҳар кас муносибати худро нисбат ба дин мустақилона амалӣ менамояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, давлат:
- ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба дин ва мансубияти динӣ дахолат намекунад;
- ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро намегузорад;
- ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда, дахолат намекунад;
- хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд;
- барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.
Мутобиқи принсипи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат иттиҳодияи динӣ:
- дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамояд, ходимон ва кормандонашро тибқи муқаррароти эътиқоди динии худ ва талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб, таъин ва иваз мекунад;
- вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро иҷро накарда, ба фаъолияти онҳо дахолат намекунад;
- дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок наменамояд;
- дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок накарда, ба онҳо кумаки моддӣ ва дигар кумакҳо намерасонад.
Дунявияти давлат принсипи конститутсионӣ буда, на танҳо воқеиятро баён мекунад, балки хусусияти меъёрӣ дорад ва бо ҳамин тариқ самти умумии танзими конститутсионӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро муайян мекунад.
Принсипи конститутсионии дунявияти давлат дорои тамоми хислатҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, инчунин муҳимтарин падидаҳо ва равандҳои аз ҷиҳати иҷтимоии ҳаёти моддию маънавии ҷамъиятро ҷамъ намуда, умумият медиҳад ва стандартҳои дар давлат қабулшударо ба доираи ҳуқуқӣ дохил мекунад.
Принсипи конститутсионии давлати дунявӣ ва ҷудо кардани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат маънои онро дорад, ки давлат, мақомот ва шахсони мансабдори он, инчунин мақомот ва шахсони мансабдори худидоракунии маҳаллӣ, яъне мақомоти давлатӣ (сиёсӣ) ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти қонунии иттиҳодияҳои динӣ дахолат кунанд, ба зиммаи онҳо иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллиро вогузор намоянд; иттиҳодияҳои динӣ, дар навбати худ, ҳуқуқ надоранд ба корҳои давлат дахолат кунанд, дар ташкил ва иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ иштирок намоянд, дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок намоянд, ба онҳо бо шароитҳои зарурӣ кумаки моддӣ ва ё дигар ёрӣ расонанд, инчунин дар интихобот иштирок намоянд, аз ҷумла ба воситаи тарғибот ва дастгирии ҷамъиятии ҳизбҳои алоҳидаи сиёсй ё номзадҳои алоҳида. Ин ба тарафдорони ин ё он дин, аз ҷумла ходимони дин барои иштирок кардан дар ифодаи иродаи халқ бо роҳи овоздиҳии баробар бо дигар шаҳрвандон халал намерасонад. Тарафдорони дини муайян озодии интихоб ва баён кардани эътиқоди сиёсӣ ва манфиатҳои сиёсии худ, қабули қарорҳо ва фаъолияти дахлдорро доранд, вале на ҳамчун узви иттиҳодияҳои динӣ, балки бевосита ҳамчун шаҳрвандон ё аъзои ҳизбҳои сиёсӣ.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ таърифҳои гуногуни истилоҳи «давлати дунявӣ» пешниҳод шудаанд. Дар ин ҳолат, чун қоида, аломатҳои зерини давлати дунявиро фарқ мекунанд:
- ҳеҷ гуна дин наметавонад ҳамчун дини давлатӣ ё ҳатмӣ муқаррар карда шавад;
- ҳамаи динҳо баробар эътироф шудаанд;
- ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, байни худ баробаранд, давлат ба корҳои иттиҳодияҳои динӣ дахолат намекунад ва ба зиммаи онҳо вазифаҳои давлатиро вогузор наменамояд;
- давлат фаъолияти озоди иттиҳодияҳои диниро кафолат медиҳад, ба шарте, ки онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо мутобиқ бошанд ва иттиҳодияҳои динӣ ба кори мақомоти давлатӣ дахолат накарда, ба фаъолияти сиёсӣ машғул нашаванд.
Принсипи конститутсионии давлати дунявӣ бояд бо дигар муқаррароти асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баррасӣ карда шавад, аз ҷумла:
- аз ҷониби Тоҷикистон эълон шудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бо шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ (моддаи 1);
- эълон намудани муқаррарот дар бораи арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯ; эътироф, риоя ва хифзи хукуку озодихои инсон ва шаҳрванд вазифаи давлат аст (моддаи 5);
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амал мекунанд (моддаи 14);
- эътирофи гуногунандешӣ, яъне ягон мафкура хамчун мафкураи давлатӣ ё ҳатмӣ муқаррар карда намешавад (моддаи 8);
- манъи таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки мақсад ё амали онҳо ба зӯран тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, халалдор кардани амнияти давлат, барангехтани адовати нажодӣ, миллӣ ва динӣ (моддаи 8);
– эътирофи баробарии ҳама дар назди қонун ва суд (қисми 1 моддаи 17);
- ба ҳар кас озодии виҷдон, озодии эътиқод кафолат медиҳад (моддаи 26).
Ҳамин тариқ, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ аломати объективии давлати дунявӣ мебошад, ки ба ташаккули бомуваффақияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ