Рӯзи Қонуни асосӣ муборак!
Ливои мо шукӯҳи осмон аст,
Мадори қомати тоҷик он аст.
Ба Сарқонун сарафроз аст миллат,
Паёмаш аз Курӯши бостон аст.
Зи Сарқонуни мо парчам баланд аст,
Зи Қонун аҳли кишвар арҷманд аст.
Ба ҳикмат ҳамчунон “Қонун”-и Синост,
Аз он ҳастии миллат бегазанд аст.
Нишони адли Нуширвонии мост,
Мадори шавкати Сомонии мост.
Ба Сарқонун сару сомони мулк аст,
Ба раҳмат ҳуҷҷати Раҳмонии мост.
Чу Сарқонун ба як маҷмуа пайваст,
Ба ҳар ҷойи ҷаҳон як тоҷике ҳаст.
Чу миллат аз азал аҳли китоб аст,
Фурӯғи ҳастияш чун офтоб аст.
Рустами Ваҳҳоб