Конститутсия санади сарнавиштсоз дар давлати муосири тоҷикон

Санаи 6 ноябр ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, ки соли равон бистунуҳумин солгарди он мебошад. Шояд саволе пайдо гардад, ки конститутсия чи санад ҳаст ва дар кори давлатдорӣ чӣ мақом дошта бошад. Истилоҳи конститутсия аслан лотинӣ буда, дар луғати забони тоҷикӣ ба маънои «сохтор ё банду баст» маънидод  гардидааст.
 
Баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ санаде лозим буд, ки сохт ва шакли идораи давлат, ҳудудҳои марзӣ, рамзҳои онро таҷассум намояд ва инчунин ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат диҳад.  
 
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияи даврони шуравӣ куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. 
 
Дар ин давра ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. 
 
Аз замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамояд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи  давру замон мувофиқ гардонда шавад. Тоҷикистони соҳибистиқлол амалан зимоми давлатдориро ба даст гирифта, давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро  ташкил намуд, дар ин замина эҳёи арзишҳои миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро роҳандозӣ намуд. 
 
Конститутсияи даврони соҳибистиқлоли давлати тоҷикон дар байни конститутсияи аксар кишварҳои ҷаҳон яке аз беҳтарин  шиноснома, бахтномаи миллат шинохта шудааст. Асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ормонҳои миллӣ ташкил менамояд.
 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Баъди нооромиҳои солҳои навадум бо шарофати сиёсати Пешвои миллат дар доираи меъёрҳои инсонпарвароёнаи Конститутсия фазои орому осоишта, ваҳдату якдилӣ, барқарории муносибатҳои байналмилалӣ дар кишвар ба миён омад. 
 
Тибқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода аз ҷумла таъкид мешавад, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, садоқати худро ба ба арзишҳои ҳуқуқи башар изҳор намудааст. 
 
Ба ҳамин минвол ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи арзишҳои олии умумибашарӣ маҳсуб меёбанд. 
         
А. Мирзозода – корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
Яндекс.Метрика