Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили таъмини озодиҳои динӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвар

Тамоми масъалаҳои марбут ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи асосан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба танзим дароварда мешаванд. 
 
Дар моддаи 1-уми боби 1-ми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Дар ифодаи мазкур сифати «дунявӣ», ки ба исми «давлат» тааллуқ дорад, яъне Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълом медорад, тамоми масъалаҳои марбут ба динро равшан менамояд. Нишонаҳои асосии давлати дунявӣ дар китоби «Шарҳи Конститутси Ҷумҳурии Тоҷикистон», саҳ. 31 ба таври зер зикр шудааст: «манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби давлат эътироф нашудани мундариҷаи ҳуқуқии санадҳо ва қоидаҳои дин ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ва баробарҳуқуқии мавҷудияти динҳо. Давлат ба масъалаи озодии виҷдони шаҳрвандон мудохила намекунад ва иттиҳодияҳои динӣ низ дар навбати худ ба корҳои давлат ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дахолат намекунанд».
 
Чуноне ки аз шарҳи мазкур бармеояд, давлати дунявӣ ба муқобили дину диндорӣ нигаронида нашудааст. Вай фақат дахолати иттиҳодияҳои диниро ба фаъолияти мақомоти давлатӣ манъ менамояд. Ҳамчунин давлати дунявӣ санаду меъёрҳои ҳуқуқии диниро ба сифати сарчашмаи фаъолияти шаҳрвандон эътироф наменамояд, зеро давлати дунявӣ фаъолияти шаҳрвандонро мутобиқи Конститутсия роҳандозӣ менамояд. Инчунин бояд қайд намуд, ки давлат низ ба озодии виҷдони шаҳрвандон дахолат наменамояд, ба шарте ки озодии виҷдони шаҳрванд ба озодии виҷдони дигар шаҳрванд халал ворид насозад. Яъне, тибқи моддаи мазкур озодии виҷдони шаҳрванд ё фаъолияти иттиҳодияи диние манъ карда мешавад, ки дар байни аҳолӣ нажодпарастию миллатгароӣ ва хусумату бадбинии динию мазҳабиро тарғиб намуда, барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун намудани сохтори контитутсионӣ ё ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ азм менамояд. Дар асоси ҳамин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир», ҷараёни ифротии «Салафия», фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва дигар ҷараёну иттиҳодияҳои хушунатпешаю таҳдидафкан ба сабаби пайгирӣ аз аъмолу афкори ифротӣ манъ карда шудааст. 
 
Зуҳури принсипи дунявият дар моддаи 8-уми боби 1-ми Конситутсия бисёр равшан баён ёфтааст:«Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст».
 
Ин ҷо ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ва ба корҳои он дахолат накардани ташкилотҳои динӣ маънои онро надорад, ки давлат низ аз ташкилотҳои динӣ ҷудо буда, ба корҳои он дахолат намекарда бошад. Давлат ташкилоти сиёсиест, ки ба танзим даровардани фаъолияти ҳама гуна ташкилоту иттиҳодияҳоро дар қаламрави худ ба зимма дорад. Ба хотири таъмини сулҳу оромии кишвар, беҳ намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини пешрафти муттасил ва ҳаматарафаи кишвар давлат ба фаъолияти тамоми ташкилоту иттиҳодияҳо дар қаламрави худ дахолат намуда, тибқи қонунгузории мавҷуда фаъолият намудани онҳоро талаб менамояд. 
 
Бояд зикр намуд, ки яке аз ҷанбаҳои муҳими озодии виҷдон - масъалаи муносибати инсон ба дин дар моддаи 26-уми боби 2 бисёр равшан баён ёфтааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Тибқи моддаи мазкур шахс метавонад ҳар динеро, ки хоҳад пайравӣ намояд. Шахс метавонад ҳатто бедин, яъне атеист бошад, касе ҳақ надорад, ки вайро гунаҳгор ҳисобад. Шахс метавонад ин ё он маросими диниро иҷро кунад ва ё накунад, касе ҳақ надорад, ки вайро таънаю сарзаниш намояд. Мувофиқи моддаи мазкур тарғиби гаравидан ба дин тавассути ишора ба ҷанбаҳои ахлоқии дин ҷоиз аст, аммо зимни тарғиби гаравидан набояд ба омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, гумроҳнамоӣ ва дигар усулҳои ғайриоқилона такя намуд. Инчунин зимни ба дин хондан набояд ба таҳқири дину оинҳои дигар роҳ дод. Чунки амали мазкур боиси барангехтани ихтилоф ва хусумату бадбинӣ дар байни аҳли ҷомеа мегардад. 
 
Чуноне ки дар оғоз зикр гардид, муносибати шахс ба дин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26.03.2009 муфассалтар баён ёфтааст. Дар муқаддимаи қонуни мазкур оварда шудааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун,  новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад». Бояд таваҷҷуҳ намуд, ки тибқи «Муқаддима» - и қонуни зикршуда тамоми дину мазҳабҳо баробар буда, ба ҳеҷ яке аз онҳо авлавият дода намешавад. Аммо нақши мазҳаби ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқ эътироф гардидааст, зеро аҳолии кишвар ҳанафимазҳаб буда, муайянкунандаи фарҳанги ӯ ҳисоб меёбад.  
 
Дар банди чоруми моддаи чоруми Қонуни мазкур комилан инфиродӣ будани муносибати шахс ба дин таъкид шудааст: «Ҳеҷ кас ӯҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин маълумот диҳад. Шахс ҳангоми муайян кардани муносибати худ ба дин, ба пайравӣ ё дасткашӣ аз пайравии дин, ба иштирок кардан ё накардан дар ибодати динӣ, дигар расму оин ва маросими динӣ, дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, дар таълими дин маҷбур карда намешавад». Моддаи мазкур ба сатҳи баланди таъмини озодии виҷдон дар кишвар далолат менамояд.
 
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки озодиҳое, ки қонунҳои ҶТ ба шаҳрвандон медиҳанд, набояд омили сар задани мушкилоти иҷтимоию сиёсӣ дар кишвар гарданд. Барои пешгирӣ намудани ҳолати мазкур дар банди 7-уми моддаи мазкур таъкид шудааст: «Озодии пайравӣ ба дин тавассути қонун дар бораи ҳимояи сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, ҳифзи амният, тартиботи ҷамъиятӣ,  саломатӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодии дигар шахсон метавонад маҳдуд карда шавад».
 
Ба хотири таъмини сулҳу оромӣ ва фазои дӯстӣ дар байни шаҳрвандони дину мазҳабашон мухталиф ва ё ашхоси бедин  банди 8-уми моддаи зикршуда эълом медорад: « Барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад». Бояд гуфт, ки банди 10-уми моддаи мазкур дар шакли: « Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст» банди 8-умро мантиқан пурра намуда, боз ҳам ба таъмини муҳити орому осуда дар кишвар нигаронида шудааст.
 
Хулоса, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми масъалаҳои ба дин алоқаманд озодӣ ва хушбахтии заминии аҳли ҷомеаро арзиши олитарин эътироф намуда, барои ноил шудан ба он принсипи дунявиятро қутбнамои марказӣ муқаррар намудааст, ки он ҳамзамон оқилона ва одилона ба танзим даровардани ҳаёт ва фаъолияти зиндагии мардумро ҳамчун ҳадафи асосӣ дар назар дорад.
 
 Абдухалилзода К.
Яндекс.Метрика